Имрӯзҳо дар расонаҳо ишораҳое меравад, ки замони барҳам задани вилояти Хатлон расидааст. Дурии роҳ миёни навоҳӣ ва маркази маъмурии вилоят, мавҷудияти идораву муассисоти вилоятӣ дар шаҳри Кӯлоб ва таърихан ду минтақаи ҷудогона будани ин ду водӣ, сабаби ба миён омадани ин андешаҳо шудааст.
САРУ САДОҲОИ ТАҚСИМИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Ахиран раиси вилояти Хатлон сарусадоҳо дар мавриди ба ду минтақаи маъмурӣ тақсим шудани Қӯрғонтеппаю Кӯлобро бепоя хонд. Ғайбулло Афзалов дар аснои нишасти хабарии худ дар шаҳри Қӯрғонтеппа аз навиштаҳои расонаҳои хабарӣ, ки мавзӯъи ба як вилояти ҷудогона табдил ёфтани минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлонро ба баҳс кашидаанд, интиқод кард. Вай гуфт, барои барҳам задани вилояти Хатлон ва дар заминаи он таъсис додани ду вилояти алоҳидаи Қӯрғонтеппаю Кӯлоб ҳоло зарурате дар миён нест.
Ба гуфтаи ҷаноби Афзалов, сарфи назар аз ин, ки феълан шаҳри Қӯрғонтеппа маркази маъмурии вилояти Хатлон аст, ҷиҳати соддасозии шакли идораи давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб
ҳам идораҳои минтақаӣ таъсис дода шудаанд ва амалан нақши ниҳодҳои вилоятиро иҷро мекунанд: «Ин ҳама кор ба он хотир аст, ки мардуми 10 шаҳру ноҳияи минтақаи Кӯлоб тавонанд бо кору муроҷиати худ ба ҳамин ташкилотҳои минтақавии мо биоянд ва мушкилашонро дар Кӯлоб ҳал карда тавонанд. Танҳо ба ҳамин хотир. Албатта, ин шакли идоракунӣ аз ҷиҳати мусбат худашро нишон дод. Ин шакли идоракуние, ки ҳозир ҳаст, мо, албатта, онро боз ҳам такмил медиҳем.»
"МАРДУМИ КӮЛОБ МЕНТАЛИТЕТИ ХУДРО ДОРАД"
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ин авохир аҳли зиё ва рӯшанфикрони Кӯлоб тавассути матбуоти даврии Тоҷикистон дар мавриди таъсиси дубораи вилояти Кӯлоб пешниҳодоти худро ироа мекунанд.
Аҳмади Иброҳим, муалифи чандин матлаби пешниҳодии нашрияҳо, бо таъкид ба зарурати ташкили воҳиди ҷудогонаи маъмурӣ дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд: «Вилоят будани Кӯлоб маънии ободии ин минтақаро дорад. Ҳамин қадар мардуме, ки бо баҳонаи даст задан ба мухлисии футбол,
фанат шудан ва дигару дигар, дар ҳар ҷо бетартибӣ мекунанд, инҳо ҳатман соҳиби ҷойи кор хоҳанд шуд. Ин ҷо гапи маҳалбозӣ нест, балки мардуми Кӯлоб менталитети худро доранд, Кӯлоб таърихан вилояти ҷудогона буд. Аз ҷониби дигар, Кӯлоб, ки вилоят шуд, маблағгузории худро дар дасти худ мегирад. Он корхонаҳои саноатии бекорхобидае, ки мо дорем, ҳатман бояд фаъол шаванд. Кӯлоб маркази маъмурӣ, ки шуд, 9 ноҳияи атроф ба ҳамин шаҳр сарукор мегиранд, ҳамарӯза меоянд, ҳамарӯза харидуфурӯш мешавад, гардиши пулу мол беҳтар мешавад. Вазъи иҷтимоии мардум ҳам беҳтар мешавад.»
Ҷаноби Иброҳим ҳамчунин ба ин нуқта ҳам ишора кард, ки ҳамарӯза садҳо сокини минтақаи Кӯлоб аз навоҳии дурдаст барои анҷоми умури ҳуҷҷатнигорӣ садҳо километр роҳро паймуда, ба Қӯрғонтеппа меоянду мераванд, ки харҷи қобили мулоҳизаи пулиро дар бар дорад.
"ТАҚСИМИ ВОҲИДҲОИ МАЪМУРӢ ХАТАРЗО АСТ"
Вале гурӯҳе дигар аз коршиносон ҳадс мезананд, ки тақсими воҳидҳои маъмурӣ дар шароити феълии сиёсию иҷтимоии кишвар, хатарзо буда метавонад. Наргис Муродалиева, таҳлилгари масоили сиёсӣ, мегӯяд: «Ёд дорем, ки соли 1989, вақте бори аввал Қӯрғонтеппаю Кӯлоб як вилоят шуда буданд, солҳои авали 90-ум бо часпу талоши баъзе гурӯҳҳо ин ду минтақаро ҷудо карданд ва ҳодисаҳои мудҳише рӯй доданд. Аксарият чунин мепиндоранд, ки сабаби асосии оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон
ҳам парокандагии ҳамин вилоят шудааст. Имрӯз дили халқро гӯш кардан лозим, ки чӣ мехоҳад. На ин, ки баъзе мансабталошон чӣ мехоҳанд ва ҷомеаро бозӣ медоранд, тибқи хоҳиши онҳо кор кунем. Халқ фақат ягонагӣ мехоҳад. Гумон мекунам, ки агар имрӯз ҷудошавии ин ду минтақаи Хатлонро масъалагузорӣ кунем, вазъи сиёсии кишвар халалдор хоҳад шуд.»
"ТАҚСИМОТ БА МАНФИАТИ ҲАР ДУ МИНТАҚА АСТ"
Ин ҳам дар ҳолест, ки Юсуф Маҳмадов, раиси созмони ҷамъиятии «Рушд» мегӯяд, аз ҳам ҷудо шудани минтақаҳои Қӯрғонтеппаю Кӯлоб ба манфиати сокинони ҳарду минтақа хоҳад буд. Вай дар таҳкими андешаи худ гуфт: «Аслан дар тамоми дунё кӯшиш мекунанд, ки идоракунии давлатӣ оддитар бошад, соддатар бошад. Роҳбарият аз халқ бисёр дур ҷойгир набошад. Якум мушкили доғ дар мо ин дурии роҳ аз баъзе навоҳии Хатлон ба Қӯрғонтеппа – маркази маъмурии вилоят аст. Масалан, расидан ба Кӯлоб ё Душанбе аз баъзе ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб осонтару наздиктар аст, то ба Қӯрғонтеппа. Мушкили дигар,
муроҷиат кардан ба ҳукуматҳо, ба маркази маъмурии вилоят аст. Чизи дигар, ҳамавақт идора кардани як воҳиди калони маъмурӣ душвор аст ва зимнан, расидан ба натиҷаҳои иқтисодию иҷтимоии хуб, мушкил мешавад. Вақтҳои ахир мушоҳида карда мешавад, ки дар идоракунии вилояти Хатлон, ташкилотҳои вилоятӣ, ҳатто ноҳияҳои минтақаи Қӯрғонтеппа ҳам, бениҳоят шумораи зиёди сокинони собиқи минтақаи Кӯлоб иштирок мекунанд. Дар вазифаҳои роҳбарикунанда. Ин мушкилоти манзилро ба бор меорад, чунки ба ҳамаи онҳо дар Қӯрғонтеппа ё ноҳияҳои минтақа замину манзил бояд дод. Ин мушкилоти тақсими захираҳои маҳаллиро ба вуҷуд овардааст. Ва ин албатта, норозигии мардумро ба бор меорад.»
Ба иддаои ҷаноби Маҳмадов, ба хотири таъмини шаффофият дар кори ҳукуматҳо ва беҳсозии сатҳу сифати идоракунии давлатӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, мебояд аз нерӯи кадрҳои маҳаллӣ истифода кард, то ки шахси раҳбар ё мансабдор барои сокинони маҳал ошно бошад ва афроди мақомдор ҳам ба ҷуз садоқатсолорӣ ба раҳбари кишвар ё вилоят, ҳамчунин масъулияти бештареро дар назди сокинони маҳаллӣ эҳсос бикунанд.
КӢ АЗ ИН ТАҚСИМОТ МАНФИАТДОР АСТ?
Дар ҳамин ҳол, таҳлилгарон ба ин нуқта ҳам ишора мекунанд, ки ғолибан як гурӯҳ ё афроди алоҳида манфиат доранд, ки тавассути расонаҳои хабарии Тоҷикистон мавзӯъи ба ду вилоят тақсим шудани Кӯлобу Қӯрғонтеппаро мавриди баҳс қарор дода, афкори оммаро ба вуҷуд оранд. Сайраҳмон Назриев, коршиноси маҳаллӣ, мегӯяд: «Бо ташкил шудани вилояти нави Кӯлоб садҳо воҳидҳои кории нав, раиси вилоят, муовинони раиси вилоят, дастгоҳи нави раиси
вилоят, ташкилотҳои вилоятӣ ва дигар муассисаҳо таъсис дода мешаванд, ки харчи миллионҳо сомонӣ пули давлатро тақозо мекунад. Шояд афроди алоҳида ё гурӯҳе ҳам ҳоло ҳаминро мехоҳанд ва кадом як ҳадафҳои сиёсиро пайгирӣ мекунанд. Фикр мекунам, шояд нафароне ҳам ҳастанд, ки танҳо аз рӯйи эҳсоси маҳалгароӣ ин мавзӯъро масъалагузорӣ мекунанд ё бар ин андеша ҳастанд, ки баъд аз ба як вилоят табдил додани Кӯлобу Қӯрғонтеппа, маблағгузории давлат ба минтақаи Кӯлоб ё шаҳри Кӯлоб коҳиш ёфтааст…»
МАҚОМОТ ХОМӮШАНД...
Хомӯшии мақомоти давлат дар робита ба изҳори назар дар мавриди ба ду вилояти ҷудогона тақсим шудани минтақаҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб ба иддаои баъзе коршиносон, ба он маънист, ки ҳоло ин мавзӯъи доғ шуда, ҳар гуна ибрози андеша ё чораандешӣ метавонад ангезаи сиёсӣ бигирад ва ҳатто сабаби сар задани ихтилофҳои қавмӣ гардад.
10 шаҳру ноҳияи минтақаи Кӯлоб ва 15 шаҳру навоҳии минтақаи Қӯрғонтеппа бори нахуст дар соли 1989 ба ҳам омада буд. Аммо дар авоили солҳои 90-ум ин вилоят барҳам хӯрд. Моҳи январи соли 1993 дуввумбора дар бораи таъсиси вилояти Хатлон дар заминаи вилоятҳои қаблии Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб қарор қабул шуд. Шаҳри Кӯлоб аз мақоми маркази маъмурии минтақа маҳрум шуд ва маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Қӯрғонтеппа интихоб гардид.