Далели норӯшанӣ ва нигаронӣ дар бозори бурс дар робита ба поин овардани эътимоди Амрикоро иқтисоддони тоҷик, проффесор Ҳоҷимуҳаммад Умаров чунин шарҳ дод: “Ин норӯшанӣ ва нигаронӣ дар бозорҳо нишонаи он аст, ки то кадом дараҷа таъсири Амрико дар бозори бурс ва иқтисоди ҷаҳонӣ баланд аст. Агар Амрико дефолт мешуд, тамоми иқтисоди ҷаҳон ба бӯҳрони ҷадиди моливу иқтисодӣ рӯбарӯ мешуд. Аз дефолт ҷилавгирӣ шуд, вале он бетаъсир намонд. Ба назари ман, имкон дорад, ки қурби доллар низ коҳиш ёбад. Азбаски ағлаби додуситадҳо ва муомилоти савдо бо доллар сурат мегирад, ба рушди иқтисод ва савдо бетаъсир нахоҳад буд. Ҳоло имкони бӯҳрони дигаре дар ҷаҳони иқтисод вуҷуд дорад.”
Озодӣ: Поин овардани эътимоди пардохтпазирии Амрико ба иқтисодӣ ҷаҳон, бахусус иқтисоди Тоҷикистон чӣ таъсире хоҳад гузошт?
Ҳоҷимуҳаммад Умаров: “Поин омадани эътимоди пардохтпазирии Амрико ва ба дунболи он агар коҳиши қурби доллар сурат бигирад, иҷрои барномае, ки Амрико барои кӯмак ба кишварҳо дорад, маҳдуд хоҳад шуд. Агар ин кӯмак маҳдуд шавад, Тоҷикистон зарари зиёд хоҳад дид. Зеро Тоҷикистон солона ба ҳисоби миёна 100 миллион доллар аз ин барномаи Амрико кӯмаки молӣ мебинад. Гузашта аз ин, Тоҷикистон ба бозорҳои ҷаҳонӣ нахи пахта ва алюминиюм содир мекунад. Агар қурби доллар поин шавад, қиммати ашёи хоми мо низ дар бозорҳои ҷаҳонӣ поин хоҳад омад. Зеро бозори маводи хом ҳассостар аз бозор арз аст.”