Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СПАД - созмони амниятӣ ё клуби президентҳои хаста?


Нишасти сарони кишварҳои узви СПАД дар Остона
Нишасти сарони кишварҳои узви СПАД дар Остона

Cарони кишварҳои узви Созмони Амнияти дастиҷамъӣ барои ширкат дар як нишасти ғайрирасмӣ дар Остона гирди ҳам омадаанд.

Агар ба ҳалқаи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони амнияти дастиҷамъӣ назар андозем, умдатан ҳамон чеҳраҳои начандон ҷавонеро мебинем, ки ҳадди ақал дар 18-20 соли ахир бозигарони яккаи саҳнаҳои сиёсӣ буданд ё дар ҳалқаҳои наздик ба ин мақомот чарх мезаданд.

Баъзеи онҳо то андозае пир ва хаста ба назар мерасанд, ки ангор аз кори давлатдорӣ безор шудаанд. Аммо ин тавр нест. Ҳар яки онҳо дар ҳолатҳои ба хатар рӯ ба рӯ шудани курсии раёсат нерӯи муқовимат пайдо мекунанд ва рақибони худро бераҳмона саркӯб месозанд.

СЕ ГУРӮҲИ РАИСОНИ ҶУМҲУР

Коршиносон раисони ҷумҳури феълиро ба се гурӯҳ ҷудо мекунанд. Гурӯҳи аввал, курсии раёсатро ҳанӯз дар замони шӯравӣ ба даст овардаанд ва онро ба касе додан намехоҳанд. Гурӯҳи дуюм нафароне ҳастанд, ки курсии раёсатро бо роҳи гуфтушунид бо президенти қаблӣ ё мувақатан ё ба таври доимӣ дарёфт кардаанд. Гуруҳи саввум раҳбароне ҳастанд, ки

дар пайи тазоҳуроти оммавӣ ва ё тасодуфан даргузаштани президенти қаблӣ ба мақом расидаанд.

Коршиносон ва таҳлилгарон, ки сиёсати ин раҳбарони дарозумрро пайваста пайгирӣ мекунанд, мегӯянд тақрибан ҳамаи онҳо раҳбарони номуваффақ ва дар кишварҳои худ номаҳбуб буда, барои пешрафти давлатҳои худ хизмати зиёд накарданд.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:32 0:00
Линки мустақим


Бархе аз коршиносон беранг ва бесалоҳият боқӣ мондани созмонҳоеро, ки баъди суқути Шӯравӣ сари кор омаданд, ба мисли Иттиҳоди кишварҳои Муштаракулманофеъ, Созмони Паймони Амнияти дастаҷамъӣ, Созмони АвроОсиё ва дигар ниҳодҳоро аз беҳавсалагӣ ва якрангии сиёсати ин раисон медонанд.

СОЗМОН Ё КЛУБИ ПРЕЗИДЕНТҲО?

Раиси Анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон Абдулғанӣ Маҳмадазимов мегӯяд: «Сарони ин кишварҳо даҳҳо ва ё садҳо созишномаву қарордодҳо ба имзо мерасонанд, вале дар татбиқи санадҳо ин созмон заъифӣ мекунад. Ва ё агар дар кадом кишваре табадулоти сиёсӣ ба амал ояд, президентони ин кишварҳо заъифӣ нишон медиҳанд ва намедонанд, ки кадом давлат ва кадом ҷонибро пуштибонӣ кунанд».

Ба қавли Абдулғанӣ Маҳмадазимов, ин созмонҳо бештар ба як клуб ё бошгоҳи президентҳо табдил шудаанд ва асолати
Раиси Анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон Абдулғанӣ Маҳмадазимов

худро ба унвони созмони воқеан низомӣ ё сиёсӣ гум кардаанд. Аммо аз сӯи дигар раисони ҷумҳур бо баргузории ҳар нишаст дар рӯзи таваллуди яке аз раисони ҷумҳури узви клуб ба он "нафаси тоза" ворид карда, ин нишастҳоро ба базмҳои барои худ шавқовар табдил кардаанд. Ҷойе, ки онҳо танбӯр менавозанд, мерақсанд, тарона мехонанд ва барои дарозии умри ҳукумати якдигар қадаҳ мебардоранд.

НАЗАРБОЕВ-КӮҲНАКОРТАРИН ПРЕЗИДЕНТ

Дар ин ҳалқа Нурсултон Назарбоев аз президентҳои кӯҳансоли кишварҳои узви Ҷомеаи муштаракулманофеъ дониста мешавад, ки соли гузашта сарфи назар аз эътирози мухолифинаш, ҳизби вай пешниҳоди барои абад дар раёсати кишвар боқӣ мондани оғои Назарбоевро дар миён гузошт.

Ҳарчанд Назарбоев бо манёври сиёсӣ ин пешниҳодро рад намуд, вале дар интихоботи президентии Қазоқистон дар соли равон вай бо дарёфти орои ҳангуфт боз барои 7 соли дигар дар курсӣ боқӣ монд.

Хуршеди Атовулло, сардабири ҳафтаномаи мустақили «Фараж» мегӯяд, ки барои руасои ҷумҳуриҳои узви Созмони Паймони Амнияти дастаҷамъӣ на ҳалли масъалаҳои ҷиддии минтақа, балки ҳифзи курсии раёсатҷумҳурӣ муҳим аст. Ба гуфтаи ӯ, "аз бими он ки мабодо қудрат аз дасташон берун нашавад, аз ҳар васила кор мегиранд. Бубинед, Назарбоев барои нигоҳ доштани ҳукумат духтарашро маҷбур намуд, ки аз шавҳараш даст кашад. Ё ин ки Лукашенко, президенти Белорусия бо як шакли бадтарин мухолифини худро саркӯб кард».

БАРОДАРБУЗУРГӢ ВА БАРОДАРХУРДӢ

Хуршеди Атовулло меафзояд, ки бидуни шарҳи пешакӣ ҳузур надоштани Ислом Каримов аз он дарак медиҳад, ки дар миёни президентҳои ин минтақа ҳисси бародарбузургӣ низ вуҷуд дорад.

Агар Нурсултон Назарбоев дар нишасту бархостҳо худро бародарбузурги кишварҳои дигари Осиёи Миёна бидонад, Ислом Каримов аз вай кам намеояд ва ҳамеша дар тасмимгириҳо ғурури худро пеш мегузорад. Дар зимн, ба гуфтаи манобеъи наздик ба раисони ҷумҳур, Каримов базмпараст нест ва бо ҳеҷ аз раисони ҷумҳур равобити дӯстона надорад ва ҳамеша худро дар фосилаи салому алейк нигаҳ медорад. Каримов дар солҳои ахир аз иштирок дар ҳама гуна нишастҳои раҳбарон канораҷӯӣ мекунад ва ҳамтоҳояш низ одат кардаанд, ки ӯро ҳамин тавр ҳамеша норозӣ мебинанд.

Коршиноси маркази таҳлили “Диалог” Ҳиматулло Сайфуллозода мегӯяд, ки дар баҳсҳои ҷиддӣ дар доираи созмонҳое мисли Паймони Амнияти
Коршиноси маркази таҳлили “Диалог” Ҳиматулло Сайфуллозода

дастаҷамъӣ ба ҳарфҳои бародарҳои "кӯчак" мисли Қирғизистону Тоҷикистон ба гӯшаи чашм нигоҳ мекунад: “Мо таҷриба ва сӯҳбатҳоеро ба таври расмӣ ва ғайрирасмӣ медонем, ки масалан президенти Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун бародари хурдӣ медонанд ва ба пешинҳоди ӯ ҳамчун пешниҳоди бародари хурдӣ нигоҳ мекарданд».

Бо ин ҳол, ба қавли таҳлилгарон. чунин бархӯрдҳо масъалаи аслии барномаи Созмонро дар ҷои дуввум қарор медиҳад, ки дар натиҷа татбиқи нукоти санадҳои имзошуда дар коғазҳо боқӣ мемонад.

ДИМАИ ҶАВОН...

Ҷавонтарин президент дар доираи созмони Паймони Амнияти дастиҷамъӣ раиси ҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ба шумор меояд. Аммо таҳлилгарони расонаҳои ғарбӣ мегӯянд, ки ҷаноби Медведев шахси аввали Русия ҳам бошад, аммо дар тасмигириҳои ниҳоӣ нақши калидӣ надоштааст.

Коршиносон мегӯянд, президентҳои кишварҳои узви созмонҳое мисли Паймони Амнияти дастиҷамъӣ, Ҷомеаи кишварҳои ҳамсуд, ки ба гуфтаи коршиносон худашон низ аз ин нишастҳои беаҳамият хаста
шудаанд, дигар ҳавсалаи дигаргунӣ надоранд.

Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси тоҷик мегӯяд, чунин рафтори президентҳо аслан хоси раҳбарони кишварҳои ҷаҳони сеюм мебошад.

Қосими Бекмуҳаммад ёдовар мешавад, ки чанд сол пеш нишасти сарони кишварҳои СНГ бо рӯзи таваллуди Эмомалӣ Раҳмон ва нахуствазири Русия Владимир Путин ба рӯзи 5-уми октябр рост омада буд. Ҳоло маълум нест, ки нишастҳои оянда дар рӯзи таваллуди кадом раиси ҷуҳмур баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG