Онҳо дар мавриди хатароти эҳтимолие сӯҳбат карданд, ки баъд аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон дар рӯбарӯи Осиёи Миёна хоҳад буд.
Раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, ки дар оғози нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳо сӯҳбат мекард, гуфт: "Онҳо дар мавриди роҳҳои коҳиши таъсироти хуруҷи қувваҳои амрикоӣ аз Афғонистон дар минтақа табодули назар мекунанд."
Раҳбарони кишварҳои узви Созмони амнияти дастаҷамъӣ, ки Арманистон, Белорусия, Тоҷикистон, Русия, Қирғизистон ва Қазоқистон узви он мебошанд, дар Остона-пойтахти Қазозистон ҷамъ шудаанд. Аммо раиси ҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов дар ин нишаст ширкат надорад.
Хабаргузории Ассошиейтед Пресс мегӯяд, Маскав то ҳадди зиёде ин созмони амниятиро тарғиб мекунад то як навъ мувозинатро бо НАТО эҷод карда бошад.
Раиси ин созмон Николай Бордюжа ҳафтаи гузашта дар Маскав бо раиси ҷумҳури Русия Дмитрий Медведев мулоқот кард ва гуфт, ки террористони гумонбаршуда дар Афғонистон омӯзиш мебинанд ва ин афрод ба таҳдиде ба Осиёи Миёна мубаддал шудаанд.
Ӯ дар ҷараёни мулоқоташ бо раиси ҷумҳури Русия ҳамчунон гуфта буд, ки онҳо аз иттифоқоте, ки дар Афғонистон рух медиҳад, нигарон ҳастанд, зеро вазъ дар Афғонистон ба Осиёи Миёна таъсир дорад.