Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲНИТ раиси нав интихоб мекунад: М.Кабирӣ ё М.Нурӣ?


Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ, ҳангоми овоздиҳӣ дар яке аз қитъаҳои раъйдиҳӣ дар пойтахти Тоҷикистон (Акс аз бойгонӣ)
Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ, ҳангоми овоздиҳӣ дар яке аз қитъаҳои раъйдиҳӣ дар пойтахти Тоҷикистон (Акс аз бойгонӣ)

ҲНИТ дар Анҷумани навбатии худ раис ва ҳайъати Раёсати олиро муҷаддадан интихоб хоҳад кард.

Замони баргузории ин анҷуман рӯзи 24-уми сентябри соли ҷорӣ таъйин шудааст. Баробари эълони ин хабар, дар расонаҳо сӯҳбат аз номзадҳои эҳтимолӣ ба курсии раёсати ин ҳизб ва иваз шудани раиси
Дар расонаҳо аз Муҳаммадҷони Нурӣ -- писари муассиси ин ҳизб, ки ҳоло раёсати ин ҳизб дар шаҳри Душанберо ба ӯҳда дорад, ба унвони яке аз муддаиёни мақоми раҳбарӣ дар ҲНИТ
ном бурда мешавад...

он бештар мешавад.

Сӯҳбати расонаҳоро ҳарфҳои раиси худи ин ҳизб, ки мегуфт дар оянда дар ҳизб як нафар набояд аз ду навбат бештар роҳбарӣ кунад, доғтар кардааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Муҳиддин Кабирӣ-раиси ҲНИТ ва намояндаи ин ҳизб дар парлумони кишвар тоза як навбати панҷсолаи раёсати ҳизбро пушти сар карда ва имкон дорад дар ин мақом такроран интихоб шавад. Масъулони ситоди тадорукотии Анҷумани ҳизб низ таъйид карданд, ки ҷаноби Кабирӣ яке аз номзадҳои асосӣ ҳизб дар ин мақом аст.

Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ ва роҳбари ситоди тадорукотии Анҷуман дар як сӯҳбат бо "Озодӣ" таъйид кард, ки Кабирӣ номзади аслӣ ба ин мақом боқӣ хоҳад монд, агарчӣ имкони
Муҳаммадалии Ҳайит

аз тариқи алтернативӣ интихоб шудани раис низ вуҷуд дорад: "Аксарияти аъзои Раёсати олӣ ва Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз фаъолияти бародар Муҳиддин Кабирӣ, ки муддати панҷ сол аст раёсати ҳизбро бар ӯҳда дорад, қаноатманд ҳастанд ва фикр мекунам, ки яке аз номзадҳо ӯ хоҳад буд."

Аммо ҳоло дар маҳофил ва доираҳои коршиносӣ бар эҳтимоли бурузи рақобатҳо дар заминаи дастёбӣ ба курсии раёсати ин ҳизб дар раддаи болои он ишораҳо мешавад.

Бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки вокунишҳои заиф, иқдомоти номуассир ва номуносиби роҳбарияти феълӣ дар баробари натоиҷи интихоботи парлумонии соли гузашта, қабули бархе аз қавонин аз сӯи давлат, ки мустақим фазо ва ҳарими диниро маҳдуд кардааст, қисмате аз аъзои Раёсати олии ин ҳизбро сахт ошуфта кардааст. Ва ин гурӯҳ мӯътақиданд, ки дар сурати иваз нашудани чунин сиёсат ҲНИТ рӯзбарӯз ҷойгоҳ ва мақоми худро дар ҷомеа аз даст медиҳад.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:33 0:00
Линки мустақим


Ин нигарониҳо дар ҳоле ки бахше аз собиқадорони ба истилоҳ «консерватор»-и ҳизб аз фаъолиятҳои раҳбарияти феълӣ ва махсусан Кабирии «ғарбгаро» норозианд ва пас аз сари кор омадани Кабирӣ дар тасмимгириҳо нақши худро аз даст додаанд, имкон дорад дар рафти кори Анҷуман ошкор шаванд.

Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ, низ рад намекунад, ки дар арафаи баргузории Анҷуман ҳар гуна «бозӣ»-ҳо сурат бигирад ва
Муҳаммадҷони Нурӣ, писари Сайид Абдуллоҳи Нурӣ -- муассис ва раҳбари пешини ҲНИТ
шояд ҳам бархе аз ин «афроди норозӣ» мавриди ин бозиҳо қарор бигиранд. Аммо бо ин вуҷуд дар расонаҳо аз Муҳаммадҷони Нурӣ -- писари муассиси ин ҳизб, ки ҳоло раёсати ин ҳизб дар шаҳри Душанберо ба ӯҳда дорад ба унвони яке аз муддаиёни мақоми раҳбарӣ ном бурда мешавад.

Сайидиброҳими Назар, узви Раёсати олии ҲНИТ ва аз собиқадорони он дар як сӯҳбате, ки пештар бо «Озодӣ» дошт гуфта буд, ки раиси онҳо ивазнашаванда нест ва бар илова мегуфт, ки агар раёсат тасмим бигирад, ки ӯро раис бармегузинад ин вазифаро ба унвони масъулият қабул хоҳад кард: "Дар ҲНИТ мо намегӯем, ки раис ивазнашаванда аст. Истисно нест интихоб нашуданаш. Табиӣ аст, ки ҳар як кас ивазшаванда аст. Агар рӯзе дар наҳзат дигар ҳама сари банда биоянд ва гӯянд не, шумо, пас ман инро масъулият медонам на даъво."

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба бовари бештари коршиносон, Муҳиддин Кабирӣ -- раиси феълии ҳизб дар ҳоли ҳозир шахси муносиб ва сазовор ба курсии раҳбарии ҳизб аст ва дар раъси ин ҳизб боқӣ мондани ӯ ҳам бар манфиати ҳизб ва ҳам бар суди ҷомеаи Тоҷикистон аст.

Иброҳим Усмонов, собиқ мушовири давлатии раисиҷумҳури Тоҷикистон
Иброҳим Усмон, собиқ мушовири давлатии раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, Кабирӣ бо равишҳо ва самтгирҳои ботавозун ва миёнаи худ тавонистааст, ки таодулро ҳам дар дохили ҳизб ва ҳам дар муносибат бо ҳукумат риоят кунад: "Беҳтар ин аст, ки Муҳиддин Кабирӣ фаъолияти худашро дар ҳизб давом диҳад. Ҳанӯз муддати зиёде нашудааст, ки ӯ роҳбарии ин ҳизбро ба дӯш дорад. Гумон мекунам будани ӯ беҳтар аст. Боз аз тарафи дигар тағйир ёфтани роҳбари ҲНИТ агар ин боиси дигаргун шудани нерӯҳои пешбарандаи ин ҳизб шавад, шояд дар шароити имрӯзаи ҷомеаи мо ин ба ягон дигаргуние биёрад, ки ин дигаргунӣ ба манфиати умумии ҷомеаи Тоҷикистон нест."

Эҳтимол меравад ин навбат интихоботи раиси ҲНИТ пуршиддат ҷараён бигирад. Чун имрӯз дигар як пешвои соҳибмартабае дар ҳизб боқӣ намондааст, ки ҳарфи ӯ ҳарфи охири ҳизб бошад, ба мисли ҷанобон Нурӣ ва Ҳимматзода. Аммо як нафар аз аъзои раёсати олии ҲНИТ гуфт, ки Кабирӣ дубора дар мақомаш баргузида хоҳад шуд ва ҳатто бидуни пешниҳоди кадом номзади алтернативӣ ва ин ҳам ба хотир ҷилавгирӣ аз эҷоди ҳаргуна тафриқа дар дохили ҳизб.
XS
SM
MD
LG