Аз ҷумла доираҳои наздик ба ҳукумати кишвар бар инанд, ки табдили қудрат дар Либия кори дасти мамолики ғарбӣ ва ҳалқаи дигаре дар занҷираи бӯҳрони чанд моҳи ахири Ховари Миёна аст.
Сӯҳроб Шарифов, сарвари Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон, таҳаввулоти Либияро "содироти инқилоб" унвон кард, ки бо кӯмаки молиявӣ, низомӣ ва сиёсии мамолики ғарбӣ амалӣ шуд.
Ӯ афзуд: "Ин "ғалаба"-и кадом як оппозитсияест, ки номаълум кӣ, чӣ ва аз куҷо ҳастанд. Онҳоро ғарбиён ҷамъ карданду оппозитсия ном гузоштанд. Ба ин ҳаводис мардуми Либия худ баҳо медиҳад. Аммо ҷанги шаҳрвандӣ идома мекунад. Ҷанг анҷом намеёбад. Режими дунявие, ки буд, мегузарад ва он демократияе, ки ғарбиҳо мехоҳанд дар ин давлатҳо бошад, ҳеҷ гоҳ намешавад."
Ҷаноби Шарифов дар дарозмуддат тағйир ёфтани ҷуғрофиёи Ховари Миёнаро низ баъид намедонад. Ба қавли ӯ, ин ҷуғрофиё ба табъу манофеи кишварҳои ғарбӣ мувофиқ хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, аз сиёсатмадорон ва рӯҳониёни матраҳи Тоҷикистон, мегӯяд, бо он вуҷуд ки инқилобҳои Ховари Миёна аз берун таҳрику танзим мешаванд, мардуми ин кишварҳо хостори суқути режимҳои дарозумр ҳастанд.
"Дар Миср ин инқилоб бидуни хунрезӣ рух дод. Дар Тунис талафот буд. Аммо дар Либия ҳазорҳо кас кушта шуданд. Аммо азбаски мардум озодихоҳ буданд, ба ҳадафашон расиданд. Кӯмаки ғарбиҳову бархе кишварҳои исломӣ - Имороту Қатар буд, аммо нерӯи асосӣ худи мардум буданд",-гуфт ӯ.
Нуктаи дигаре, ки коршиносон ҳангоми сӯҳбат дар бораи ҳаводиси Ховари Миёна зикр мекунанд, ширкати қобили таваҷҷӯҳи нерӯҳои исломӣ, аз ҷумла "Ал-қоида" ва дигар созмонҳои тундгарои мамнӯъ дар минтақа дар ин таҳаввулот аст. Сӯҳроб Шарифов мегӯяд, ба дасти "Ал-қоида" афтодани иддае аз вилоёт дар Яман дигарбора ишорат бар сиёсатҳои ғалати Ғарб мекунад, ки аз онҳо пинҳонӣ ҳимоят дорад, аммо ба ҳамин қарибиҳо натиҷаи ин хатогиҳояшонро хоҳанд дид.
Вале Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода мегӯяд, нерӯҳои исломии имрӯз хеле таҷриба андӯхтаанд ва агар бо кишварҳои ғарбӣ ҳамкорӣ ҳам кунанд, таҳти таъсири онҳо ҳеҷ гоҳ нахоҳанд рафт. Аксари коршиносон бар инанд, ки ҳаводиси олами араб ба режимҳои Осиёи Марказӣ, минҷумла Тоҷикистон бетаъсир хоҳанд буд ва далели аввалин ҳам ин аст, ки дар ин минтақа нақши Амрикову Аврупо бориз нест ва онҳо ин ҷо бо мухолифати шадиди Русияву Чин ва Эрон мувоҷеҳанд.
Аммо иддае ҳам бар инанд, ки заминаҳои инқилобҳо дар дохили кишварҳо омода мешаванд ва ин воқеият дар Осиёи Марказӣ ба чашм мехӯрад. Зафар Абдуллоев, коршинос дар умури сиёсӣ мегӯяд, раҳбарони Осиёи Марказӣ набояд худро бо ҳамчунин устураҳо ба монанди ноҳамгунии вазъи ду минтақа ором кунанд: "Ман фикр мекунам, ки ин мумкин аст. Аммо ин далел буда наметавонад, ки ин таҳаввулот тариқи фейсбуку твиттеру майл руву ғайра рух медиҳанд. Дар он вазъе, ки норизоиятии саросарӣ вуҷуд дорад ва ҷамъ шуда метаркад, набояд ҷурмро дар фанновариҳои ҷадид ҷуст. Онҳо бидуни фанновариҳои ҷадид ҳам ба вуҷуд меоянд."
Коршиносон мегӯянд, ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ ҳарчанд аз осебнопазирии худ сӯҳбат мекунанд, дар асл хуб дарк кардаанд, ки таҳаввулоти олами араб як раванди бидуни бозгашт аст ва дер ё зуд дари онҳоро низ мекӯбад.