Ин дар ҳолест, ки чирикиҳо дирӯз бо тасарруфи қароргоҳи ӯ дар Бобулазизияи Троблус ҳалқаи назорати худ бар пойтахти Либияро тавсеа доданд. Қаззофӣ аммо қасам хӯрда, ки то “шаҳодат” ё пирӯзӣ хоҳад ҷангид.
Сухангӯи Қаззофӣ ба Ал-Уруба гуфтааст, ӯ омодааст алайҳи чирикиҳо моҳҳову ҳатто солҳо муқовимат карда, Либияро ба “вулқону оташу хокистар” бинишонад. Чирикиҳо мегӯянд, дар ҷанги Троблус беш аз 400 тан кушта шудаанд.
Чирикиҳои Либия дирӯз билохира вориди қароргоҳи Муаммар Қаззофӣ шуданд. Шабакаҳои телевизионӣ чирикиҳоро намоиш медод, ки дар пайи шикастани деворҳои истеҳкоми муҳками ин қароргоҳ дар маҳаллаи Бобулазизияи Троблус пирӯзии худро тантана мекарданд ва санадҳои расмии ёфтшуда аз ин қароргоҳ бо мӯҳри давлатӣ ва имзои Қаззофиро дар даст доштанд.
Аммо маҳалли будубоши худи Муаммар Қаззофӣ номаълум боқӣ мемонад. Вазорати дифоъи Амрико ҳамчунон бар ин бовар аст, ки Қаззофӣ то ҳол дар дохил аст ва тарки Либия накардааст. Матбуоти Русия аз қавли Кирсан Илюмжинов, раиси ФИДЕ - Федеросиюни ҷаҳонии шоҳмот – хабар дод, ки Қаззофӣ бо ӯ тавассути телефон дар тамос шуда гуфтааст, ки ҳамчунон дар Троблус аст ва таслим нахоҳад шуд.
Чирикиҳои Либия аз шоми якшанбе бо кӯмаки тарафдорони худ дар дохили пойтахт ба тасарруфи Троблус шурӯъ карданд. Хабарнигорон аммо мегӯянд, корвонҳои размандагони мухолифин ҳамчунон ба пойтахти Либия мерезанд, то ба набард алайҳи нерӯҳои Қаззофӣ бипайванданд.
Шӯрои миллии гузор – ниҳоди олии чирикиҳои Либия ҳарчанд ду рӯз боз аз касби назорат бар 95 дарсади Троблус сӯҳбат мекунад, вале дирӯз даргириҳои пароканда бо тарафдорони Қаззофӣ ҳанӯз идома дошт.
Яке аз раҳбарони Шӯрои миллии гузор, Аҳмад УмарБанӣ, ки бо Ал-Ҷазира аз Бенғозӣ сӯҳбат мекард, гуфт, ин ниҳоди олии чирикиҳо то 2 рӯзи дигар ба Троблус хоҳад кӯчид: “Феълан тамоми Бобулазизия зери назорати мост. Тамоми Троблус зери назорати мост. Каме муқовимат ба нирӯҳои инқилобии мо дар як минтақаи Троблус бо номи Абӯсулим вуҷуд дошт, вале дар ҳоли ҳозир ягон навъ муқовимат нест. Тамоми Троблус дар ҳоли ҳозир зери назорати мо омадааст."
Аммо таъйиди ин иддао ба маҳзи норӯшании вазъ номумкин ба назар мерасад. Тӯли дирӯз болои қароргоҳи Қаззофӣ дар Троблус ҳавопаймоҳои НАТО низ парвоз мекарданд, вале ин эътилофи низомӣ ташреҳ накардааст, ки оё дирӯз ҳам тонкҳову тӯпхонаҳои воҳидҳои низомии содиқ ба Қаззофиро бомббор мекард?
Сарҳанг Роланд Лавуа, як сухангӯи НАТО гуфтааст, ин паймон дар Либия фақат замоне даст ба ҳамлаҳои ҳавоӣ мезанад, ки “агар таҳдиди оҷиле алайҳи мардуми мулкӣ пеш биояд.” Лавуа гуфт, НАТО чирикиҳоро дар набарди Троблус аз ҳаво ҳимояти наздик намекунад. Ӯ афзуд, куҷо будани Қаззофиро НАТО ҳам намедонад, вале дар ҳар сурат, фурсати режими Қаззофӣ дигар сар омадааст: “Ин ҷо як чизро бояд рӯшан кард: Бо вуҷуди сарусадоҳое, ки метавонанд дар Троблус ба по кунанд, режими Қаззофӣ як нуқтаи чархишро гузашт ва рӯ ба суқут овардааст. Ва барои мо масъала фақат дар замонаш аст, ки оё кай?”
Бо ин ҳол, Иттиҳодияи Аврупо гуфтааст, ки ба дунболи Амрико низ ба боз кардани маблағҳои мунҷамидшудаи Либия омодагӣ мегирад. Туркия дирӯз гуфт, тақрибан 300 миллион доллари мунҷамидшударо ба Шӯрои гузор хоҳад дод. Ва Олмон гуфтааст, то чанд рӯзи дигар ба ин ниҳоди олии чирикиҳои Либия ба сурати вом 100 миллион евро кумак хоҳад кард.