Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатар масҷид барои 150 000 нафарро кай хоҳад сохт?


Доҳа, Қатар
Доҳа, Қатар

Рӯзи 26-уми август Тоҷикистону Қатар дар заминаи сармоягузорӣ қарордоде ба имзо расониданд.

Ин санадро дар шаҳри Душанбе Холид ал-Атия, вазири ҳамкориҳои байналмилалии Қатар ва Давлаталӣ Саидов, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон ба имзо расониданд.
Ин созишнома масъалаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҷалби сармояҳои хориҷӣ аз Қатар ба Тоҷикистонро дар назар дорад. Ҳамчунин дар ин қарордод сохтмони масҷид ва шаҳрак зикр шудааст...


Муҳаммадҷон Қосимов, сардори шӯъбаи иттилоот ва ташкилии ин Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар доираи ин созишнома аз тарафи ширкати Қатарии Ад-Диёр масҷиди ҷомеъ барои 150 ҳазор нафар сохта хоҳад шуд. Ҳамчунин аз тарафи ҳамин ширкат сохтмони шаҳраки замонавии "Диёри Душанбе" дар назар аст, ки ин шаҳрак аз биноҳои истиқоматӣ, маҷмаи фароғатӣ, варзишӣ, меҳмонхонаи панҷситораӣ, маркази тиҷоратӣ иборат хоҳад буд."

Ба гуфтаи Амонҷон Эшонқулов, муовини раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ соли 2008 низ миёни Тоҷикистон ва Қатар қарордод имзо шуда буд ва порлумони Тоҷикистон онро тасвиб кардааст.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:06 0:00
Линки мустақим



Ин созиш ва ду қарордоди имзошуда дар масъалаи сохтмони масҷид ва шаҳраке бо номи "Диёри Душанбе" дар канори "Кӯли ҷавонон"-ро мавриди назар дорад, ки ҳазинаи он ба 180 миллион баробар хоҳад буд. Вале аз чӣ бошад, ки Қатар дар сохтмони масҷид ва шаҳрак фаъол набуд.

Бархе аз таҳлилгарон даст кашидани Қатар аз ин ду сохтмонро ба тарзи татбиқи лоиҳаҳо рабт медиҳанд. Ба қавли онҳо, мақомоти Тоҷикистон мехостанд, то Қатар ин сармояҳоро дар ихтиёри давлати ин кишвар қарор диҳад. Вале ба далели вуҷуди фасод дар Тоҷикистон ва ё шояд бӯҳрони саросари молӣ иҷрои тарҳ мутаваққиф шуд.

Ба андешаи коршиносон, сафари ахири Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Қатар ҳадсу гумонҳо аз рӯи ин ду қарордодро дур кард ва Қатар розӣ шуд, бо шарти пешниҳодкардаи худаш ин ду тарҳҳоро иҷро кунад.

Давлат Назриев, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, низ дар чаҳорчӯби қарордоди имзошуда бо Қатар аз сар гирифтани ин ду сохтмонро таъйид кард ва гуфт, "ин созишнома масъалаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҷалби сармояҳои хориҷӣ аз Қатар ба Тоҷикистонро дар назар дорад. Ҳамчунин дар ин қарордод сохтмони масҷид ва шаҳрак зикр шудааст."

Дар соли 2009 пас аз имзои қарордод дар бораи сохтмони масҷид қарор буд, ки ин масҷидро ширкати "Аднан Сафарин"-и Арабистони Саудӣ бисозад. Ҳамчунин қарор буд дар канори ин масҷид, ки 7,5 ҳектор заминро дар бар мегирад, Донишгоҳи исломӣ, осорхона ва толори маҷлис бо китобхона низ сохта шавад.
XS
SM
MD
LG