Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқлолият киро бой ва киро камбағал кард?


Дар 20 соли истиқлолият дар Тоҷикистон қишри қавии миёна ба вуҷуд наомад, балки ақаллияти сарватманд ва аксарияти фақир.

20 соли истиқлолият вартаи ҷудоии иҷтимоӣ дар Тоҷикистонро ба ҳадде жарф кардааст, ки ҷомеа ба ду қишри комилан мутафовит -- ақаллияти сарватманд ва аксарияти фақир тақсим шудааст.

Бино ба омори расмӣ, аз соли 1994 то ба имрӯз сатҳи фақр дар кишвар аз 80 то 40 дарсад поён омадааст, аммо коршиносон мегӯянд, омор баёнгари воқеияти вазъ дар кишвар нест.

Давлатмурод Ҷумъаев, коршинос дар умури иқтисод мегӯяд, дар 20 соли охир воқеан давраҳое буд, ки рушди иқтисод ба назар мехӯрд, аммо бо афзоиши аҳолӣ, бӯҳрони ҷаҳонӣ ва дигар шароите, ки имрӯз Тоҷикистон қарор дорад, аз ҷумла гирифторӣ ба фасод, фишорҳои иқтисодии хориҷӣ ва тақсими беадолатонаи даромадҳои кишвар сафи афроди фақирро

рӯз ба рӯз меафзояд: «Сатҳи камбизоатие, ки имрӯз то 45 дарсад гуфта мешавад, саҳеҳ нест, зеро мо мебинем, ки рушди иқтисоди мо суръат нагирифта, балки бар асари шароити нав дар минтақаву ҷаҳон рӯз ба рӯз кундтар мешавад. Аз ин хотир, шикоф миёни қишрҳо ҳам бештар мешавад.»

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раисҷумҳури Тоҷикистон мавҷудияти тарқиши иҷтимоӣ дар ин кишварро таъйид мекунад, аммо мегӯяд, ин ба он маъно
Сайфулло Сафаров

нест, ки дар Тоҷикистон синфҳои дорову нодор ба вуҷуд меоянд ва намешавад гуфт, ки як раванди собити ба табақаҳо ҷудо шудани аҳолӣ идома дорад: «Мардуми Тоҷикистон гурусна нест ва луч ҳам нест. Он дороии минималие, ки зарур аст, дорад. Масалан, ба монанди аҳолии Покистону Афғонистон ҳақиру қашшоқу беобу бенон нест.»

Тоҷикистон як кишвари шӯравибунёд аст, ки мардумаш дар даҳаҳои 70-80-и асри гузашта марҳалаи баробариҳои нисбии иҷтимоиро аз сар гузарондааст. Аммо баробари суқути Шӯравӣ дар ин кишвар низ муборизаҳо барои моликияти бесоҳибмондаи давлат шурӯъ шуданд.

ТАҚСИМИ МОЛИКИЯТИ ЗАМОНИ ШӮРАВӢ

Бино ба иттилои Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, аз соли 1991 то соли 2010 дар кишвар ҳудуди 11 200 корхонаи давлатӣ хусусӣ карда шуд, ки аз онҳо 1320 муассиса корхонаи миёна ва бузург маҳсуб мешаванд.

Коршиносон мегӯянд, маҳз ин раванд барои ба қишрҳои дорову нодор тақсим шудани аҳолии Тоҷикистон замина фароҳам овард.

Исмоил Талбаков, муовини раиси Ҳизби коммунист ва намояндаи парлумони Тоҷикистон мегӯяд, ҳудуди 90 дарсади моликияте, ки бо дасти мардум сохта шуда буд, хусусӣ шуд. Вай афзуд, дар як муддати кӯтоҳ моликияти як халқ ба дасти чанд
Исмоил Талбаков

нафар гузашт: «Як корхонаи нассоҷии Душанбе 16 ҳазор коргар дошт. Агар ҳар яки онҳо 4 нафарӣ хӯранда доштанд, қариб 65 ҳазор нафарро таъмин мекарданд. Ҳам ба буҷа даромад мешуд. Ё дар деҳот ба ҷои колхозу совхозҳо кооперативу хоҷагиҳои деҳқонӣ ташкил шуданд, ки ҳоло ҳатто 15-20 дарсади маҳсулоти соли 1990-ро тавлид намекунанд. Ба ҳамин минвол, садҳо ҳазор нафар бе ҷои кор ва дар кӯча монданд. Даромадҳои буҷаи давлат ҳам аз байн рафт.»

ТАЪСИРИ ҶАНГИ ШАҲРВАНДӢ

Замони шурӯи хусусигардонӣ дар Тоҷикистон ба ҷанги дохилӣ рост омад. Бино ба иттилои расмӣ, ин ҷанг ба кишвар 10 миллиард доллар хисороти молӣ овард, теъдоди назарраси мардумро аз моликият маҳрум карда, фақиру дарбадар кард, аммо бархеро, қабл аз ҳама фармондеҳон ва раҳбарони ҷонибҳоро ба сарватмандони миллиондор табдил дод.

Аммо Ҷалолиддини Маҳмуд, аз сарварони вақти мухолифони тоҷик мегӯяд, равандҳои тақсими замин ва хусусигардонии корхонаҳо бидуни ширкати мухолифон сурат гирифт ва ҳоло нафареро аз собиқ раҳбарони онҳо наметавон сарватманд гуфт: «Мардум мегӯянд, ки устод Тӯраҷонзодаву устод Нурӣ ва ҳоло раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ҷаноби Кабирӣ сарватманд ҳастанд ё буданд. Устод Нурӣ ба 7 фарзандаш ҳамон як хонаро ба мерос гузоштааст. Хурду реза шояд чизе доранд. Устод Тӯраҷонзода бо бародаронаш як корхонаи пахтаро дар Кофарниҳон хусусӣ карда буданд. Кабирӣ ҳам як сарвати номуайян дорад. Дар матбуот мехонем, ки сарватманд аст. Аммо ин сарватро надидем. Шояд он чӣ инҳо дар якҷоягӣ доранд, як вазиру як раҳбари имрӯзаи ҳукумат дорад.»

МАФИЯИ МАВОДИ МУХАДДИР

Давлатмурод Ҷумъаев мегӯяд, фурӯпошии Шӯравӣ ва ҷанги дохилӣ ба мафияи байнулмилалии тиҷорати маводи мухаддир шароит фароҳам овард, ки дар Тоҷикистон

низ ҳамкорони худро фаъол кунад ва як қисми аъзами сарватмандони кишвар аз ин манбаъ сарвати ҳангуфт андӯхтанд: «Мафияи байнулмилалӣ зуд агентҳо ва миёнаравҳои худро пайдо кард. Инҳо ҳам ки ташнаи сарват буданд, розӣ шуданд. Ҳоло хато намекунем, гӯем, ки 90 дарсади сарвати нақдии Тоҷикистон имрӯз аз ҳисоби тиҷорати маводи мухаддир аст. Ва раванди ба табақаҳо тақсим шудани ҷомеаро тезонд.»

Як бахши моликияти мардумии кишвар аз тарафи хидматгузорони ин мафияи байнулмилалӣ харида шудааст ва ҳоло рӯшан нест, барои кӣ манфиат меорад.

Ба қавли коршиносон, дар Тоҷикистон як қишри хеле хурд ва он ҳам наздик ба раҳбарони сатҳи олии кишвар, ки тақрибан 2 дарсади аҳолиро ташкил мекунанд, ақаллияти сарватманд маҳсуб мешаванд.

ҚИШРИ МИЁНА. ҲАСТ Ё НЕСТ?

Исмоил Талбаков мегӯяд, ба ҷуз ақаллияти сарватманд қишри миёнаҳоли аҳолӣ низ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, ки ба монанди кишварҳои сармоядорӣ қудрати муайян кардани ҳолу ҳавои кишварро дар шароити имрӯз надорад: «Инҳо онҳое ҳастанд, ки замин доранд, воситаи истеҳсолот доранд, рӯзашонро мебаранд. Масалан, нафаре ҳаст, ки «Тангем» дорад, мусофир мекашонад. Ё як

корхона дорад, ки об мебарорад, коргар дорад. Ё қариб сарварони 30 ҳазор хоҷагии деҳқоние, ки беш аз 100 ҳазор аъзо доранд.»

Аксари коршиносон бар ин иттифоқи назар доранд, ки муҳоҷирати меҳнатӣ ягона омили пешгирикунанда аз ҳар гуна таркишҳои иҷтимоӣ ва ҳам рӯшан шудани хатти ҷудоии иҷтимоӣ дар кишвар маҳсуб мешавад.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон рӯи идомаи раванди ба қишрҳо тақсим шудани аҳолии Тоҷикистон, яъне ба қишрҳои сарватманду фақир, назари яксон надоранд.

Давлатмурод Ҷумъаев мегӯяд, Тоҷикистон ҳоло як марҳалаи «капитализми ваҳшӣ» - ро аз сар мегузаронад, аммо раванди ба қишрҳо тақсим шудани ҷомиа бебозгашт аст: «Оянда ин равандҳо шаффоф шуда, қишрҳои собит пайдо мешаванд: сарватманд, миёна, фақир. Аммо сарватмандони асил мемонанд, на онҳое, ки моликияти мардумро бо зӯру васоили дигар аз худ кардаанд. Ин тақозои шакли ҷомеадории мост. Ин аз қадим собит шудааст ва назарияи илмӣ дорад. Шояд то 10-20 соли дигар идома кунад, аммо тавре ки дар кишварҳои мутараққии капиталистӣ ҳаст, ҷомеаи мо ҳам ба қишрҳо тақсим мешавад. Агар боз ягон таҳаввулоти иҷтимоии дигар ба вуҷуд наояд ва ҷомеаро ба тарафи дигар набарад.»

Аммо Сайфулло Сафаров тақсим шудани 75 000 гектар замин барои аҳолӣ дар солҳои 90-умро мисол овард, ки аксарияти куллро соҳиби сарват кард. Вай мегӯяд, сиёсати ҳукумати Тоҷикистон аз миён бурдани фақр дар кишвар ва барҳам задани фарқи миёни қишрҳои аҳолӣ аст ва ояндаи Тоҷикистон на ҷомеаи сарватманду фақирон, балки аксарияти кулли миёнаҳолон хоҳад буд.

Орзуи бузурги як тифли кӯча(к)
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:51 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG