Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди бозгашти марзбонҳои рус ба Тоҷикистон


Виктор Иванов, раҳбари Хадамоти мубориза алайҳи маводи мухаддири Русия
Виктор Иванов, раҳбари Хадамоти мубориза алайҳи маводи мухаддири Русия

Виктор Иванов гуфт, марзбонони Русия бояд ба назорати марзи Тоҷикистону Афғонистон баргарданд.

Раҳбари хадамоти зидди маводи мухаддири Русия рӯзи душанбе, 29-уми август, дар як нишасти матбуотӣ дар Маскав барои исботи ин пешниҳодаш чунин далел овард: "Замони таҳти назари марзбонони рус қарор доштани сарҳади Тоҷикистону Афғонистон соле то панҷ тонна маводи мухаддир ошкор ва мусодира мешуд, аммо ҳоло соле то 200 килограмм нашъа ошкор ва мусодира мешавад."

Ҷаноби Иванов гуфт, бозгашти марзбонони рус ба Тоҷикистон як масъалаи сиёсӣ аст, ки бояд дар сатҳи ҳукуматҳои ду кишвар ва бар пояи созишномае ҳал шавад. Вай инчунин гуфт, Русия ният дорад барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ҳаҷми кӯмакҳои молиашро афзоиш диҳад.

Ин дар ҳолест, ки ду ҳафта қабл Дмитрий Медевдев, раисиҷумҳури Русия ҷиҳати имзои созишномаи ҳамкориҳои марзӣ миёни Русияву Тоҷикистон амр дод. Вай созишномаи нави Тоҷикистону Русия дар бораи ҳамкориҳо дар бахши марзбонии ду кишварро санади ҳадафмандона унвон кардааст.

Интизор меравад, ин санад дар сатҳи олии ду кишвар, аз ҷониби Дмитрий Медведев ва Эмомалӣ Раҳмон дар оғози моҳи сентябр, ҳангоми сафари расмии раисиҷумҳури Русия аз Тоҷикистон ба имзо бирасад. Бар асоси тарҳи нави созишномаи ҳамкорӣ чун марҳилаҳои пешин марзбонони Русия дар омода намудан ва омӯзиш додани мутахассисон ва дар ҳамлу нақли ҳавоии таҷҳизоти сарҳадӣ, дар таъмиру тармими дидбонгоҳҳо ширкат хоҳанд кард, ки ин ҳамкориҳо ройгон сурат мегиранд.

Созишномаи пешини миёни Тоҷикистону Русия дар моҳи октябри соли 2004 дар шаҳри Душанбе имзо шуда ва муддати иҷрои он 5 сол таъйин шуда буд. Бар асоси ин санад, хуруҷи нерӯҳои марзбони Русия аз марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар соли 2004 оғоз ва дар соли 2005 поён ёфт.

Ба ин тартиб, марзбонони Русия аз марз комилан хориҷ шуда ва танҳо теъдоде аз мушовирони низомии Русия барои ҳамкорӣ бо марзбонони тоҷик дар манотиқи марзӣ боқӣ монданд.
XS
SM
MD
LG