Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

М.Шакурӣ: "Забони тоҷикӣ ҳанӯз ба истиқлоли комил нарасидааст"


Муҳаммадҷон Шакурӣ
Муҳаммадҷон Шакурӣ

Ахиран академик Муҳаммадҷон Шакурӣ бо медали "20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон" сарфароз шуд.

Дар гуфтугӯе, ки Муҳаммадҷон Шакурӣ бо Радиои Озодӣ дошт, нахуст, бардошти худро чунин баён кард: "Хабар надоштам, ки чунин медале таъсис шудааст. Вақте мо дар "Қасри Миллат" ҷамъ омадем, раисиҷумҳур ба якояки мардуми ҳузурдошта медали ҷашни 20-солагии
Дар миёни мардум, бахусус ҷавонон чунин тасаввуроте ҳаст, ки забони тоҷикӣ дигар чандон лозим нест ва забонҳои русӣ, англисӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ лозиманд. Аммо забони тоҷикӣ бошад, барои дар хона ва кӯчаву бозор гап задан лозим асту бас...

истиқлолро супориданд. Ман сарфарозам, ки ба муносибати ҷашни 20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон ба чунин як мукофоте мушарраф шудам. Ҷашни истиқлол аз ҷашнҳои асосии миллии мост, хусусан 20-солагии он, як ҳодисаи муҳим дар ҳаёти халқи имрӯзаи тоҷик мебошад."

Озодӣ: Устод, албатта, ин қадршиносӣ ба заҳамоти Шумо дар рушди забону адабиёти тоҷик тӯли 20 соли ахир рабт дорад, бале?

Муҳаммадҷон Шакурӣ: "Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки 20-солагии истиқлоли Тоҷикистон - ҷашни тамоми мардуми Тоҷикистон аст, нишон ва ё медали он ҳам ба бисёр афрод дода хоҳад шуд. Ин ҷашн ҷашни тамоми мардум аст ва нишони ин ҷашн ба ҳар касе, ки дар ин 20 сол як заррае хидмат кардааст ё кореро анҷом додааст, бояд дода шавад."

Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ ва Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон
Озодӣ: Баҳси забон, бахусус қабули нахустин қонуни забони тоҷикӣ дар порлумони охири даҳаи 1980 дар даврони Шуравӣ заминаро барои касби истиқлоли Тоҷикистон ба вуҷуд овард. Ба ин тартиб истиқлол ба даст омад, аммо оё истиқлоли забонӣ ҳам ба даст омадааст, ё хайр?

Муҳаммадҷони Шакурӣ: "Дар масъалаи забони давлатӣ, забони миллӣ ҳанӯз истиқлоли пурра ва комил ба вуҷуд наомадааст. Амалкарди забони давалатии мо, забони тоҷикии мо бисёр камбуд доранд. Бисёр равандҳое ҳастанд дар ҷомеа, ки ба иҷрои вазифаҳои иҷтимоӣ ҷиҳати густариши забони давлатӣ халал мерасонанд. Намегузоранд, ки забони давлатӣ озод амал кунад, пурра инкишоф ёбад. Ҳоло бо ҳадафи ислоҳи чунин вазъияте Кумитаи забон ва истилоҳот таъсис шуд, ки як муассисаи давлатист ва ҳукми як вазоратро дорад. Ин ниҳод барои ин ки қонуни забон пурра амал кунад ва комилҳуқуқ бошад, фаъолият хоҳад кард."

ҶАВОНОН НИСБАТ БА ЗАБОНИ ХУД НОПИСАНДӢ МЕКУНАНД

Озодӣ: Аммо сабаб чӣ буд, ки дар ду даҳсолаи ахир забон натавонист рушди чашмгире кунад, шояд ангезаҳои сиёсӣ низ монеи ин амр шудааст?

Муҳаммадҷон Шакурӣ: "Дар ин 20 соли истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар роҳи инкишофи забони миллии мо монеаҳо ва чизҳое, ки халал мерасонданд, бисёр буданд. Ҳатто мардуми мо як ҳолати равонии аҷибе доранд, ки забони худро чандон писанд намекунанд ва агар ҷиддӣ гап задан хоҳанд ба русӣ ҳарф мезананд. Ҳоло мо забони давлатӣ дорем, ки умри дароз дорад. Аммо дар миёни мардум, бахусус ҷавонон чунин тасаввуроте ҳаст, ки забони тоҷикӣ дигар чандон лозим нест ва забонҳои русӣ, англисӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ лозиманд. Аммо забони тоҷикӣ бошад, барои дар
Мирзонабии Холиқзод ҳангоми сӯҳбат бо Муҳаммадҷон Шакурӣ (Акс аз бойгонӣ)

хона ва кӯчаву бозор гап задан лозим асту бас. Дар байни ҷавонони мо ҳамин гуна як тасввуре пайдо шудааст, ки ин рӯҳияи бад аст. Инро мо дар ҳар як қадам мебинем ва ин барои он ки забони давлатӣ комилҳуқуқ бошаду пурра ва озод рушд кунаду пеш равад, ғанӣ шавад, бисёр халал мерасонад. Ин рӯҳия баракс забони миллии моро заиф мекунад. Корбурди онро дар ҷомеа кам мекунад. Вақте корбурди он дар ҷомеа кам шавад, забон заиф, нотавон мешавад. Ҳозир ҳамин хел шудааст, ки дар баъзе донишгоҳҳо ҳатто ихтисосҳо ба забони русӣ дарс дода мешаванд. Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия тамоман ба забони русӣ фаъолият мекунад. Акнун филиали донишгоҳи Маскав низ дар Душанбе таъсис шуд, ки тамоман ба забони русӣ фаъолият мебарад. Боз филиали донишгоҳи Украина низ таъсис дода хоҳад шуд, ки он ҳам бо забони русӣ фаъолият хоҳад кард. Мактабҳои хуби миёнае ҳастанд, ки эътибор ба забон русӣ додаанд. Дар ин гуна мавридҳо бачаҳои доно ва боистеъдод ба ин гуна мактабҳо мераванд. Аммо мактаби тоҷикӣ ба писарони камистеъдод мемонад. Мо худамон дидаву дониста бачаҳои тоҷикро ба чунин ҳолат овардаем, ки ба забони дигар бартарӣ медиҳанд. Ба забони модарии худ бо нописандӣ нигоҳ мекунад. Пас, чӣ гуна забони давлатӣ тараққӣ мекунад?"

ДОНИШҶӮ ТОҶИК, ОМӮЗГОР ТОҶИК. ДАРС БА РУСӢ...

Озодӣ: Пас, заъф дар куҷост?

Муҳаммадҷон Шакурӣ: "Он чӣ гуфта шуд, нуқсони сиёсати соҳаи забонро нишон медиҳад. Инро нишон медиҳад, ки сиёсати давлати мо дар соҳаи забон нуқсон дорад. Ин сиёсатро такмил додан, тағйир додан зарур аст. Агар забони тоҷикиро дар ҷои дуюм гузорем, забони миллии худро, забони давлатии худро чизи дуюмдараҷа ҳисоб кунем, бисёр кори нохуб аст. Чаро дар Донишгоҳи славянӣ таълим бо забони русӣ бошад? Донишҷӯ тоҷик, омӯзгорон тоҷик, аммо дарс ба забони русӣ. Дар Узбакистон талабаҳо тоҷик, омӯзгорон тоҷик дарс бо забони узбакӣ, аммо дар Тоҷикистон баръакс. Оё магар ин имкон дорад? Дар ин сурат забони мо чӣ тавр қомат рост мекунад? Аз забони худ рӯй гардонда, аз забони миллӣ даст кашида, ба забони русӣ дарс додани профессорони мо кори хуб нест."

ҒАФУРОВ ВА МАСЪАЛАИ ЗАБОНИ ФОРСӢ

Озодӣ: Барои рушду густариши забон чӣ бояд кард? Бисёриҳо бар муштаракоти забонии Тоҷикистон бо кишварҳои фосризабон таъкид мекунанд, Шумо чӣ мегӯед?

Муҳаммадҷон Шакурӣ: "Яке аз вазифаҳои таърихӣ, ки дар замони истиқлолият пеш омад, ин наздикии забони тоҷикӣ бо забони дарии Афғонистон ва забони форсии Эрон аст. Дар давоми асрҳо забони форсии тоҷикии мо аз забон форсии дарӣ дур мешуд, аз забони форсии Эрон дур мешуд. Хусусан, дар даврони Шӯравӣ. Сиёсати ҳукумати Шӯравӣ ҳаминро талаб мекард, мо аз Эрону Афғонистон дур мешудем. Дар соли 1975, яъне хеле пештар аз ба истиқлол расидани Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров ба Эрон як сафар карда буд. Ҳамин ки ба Теҳрон омад, зуд ӯро рӯзноманигорон миёнагир карданду Сируси Алинажод аз ӯ як мусоҳиба гирифт. Дар ин мусоҳиба гуфта шудааст, ки забони тоҷикӣ барои он ки зинда бимонад, бояд ба забони форсӣ наздик шавад. Инро Бобоҷон Ғафуров ҳанӯз дар соли 1975 гуфта буд, ки дар он вақт ин хел гапҳо гуфтан ҳеҷ мумкин набуд, хавф дошт, инро ҳар кас гуфта наметавонист. Аммо Бобоҷон Ғафуров ба Эрон рафта ва ин ҳарфҳоро гуфт. Бобоҷон Ғафуров пешниҳод кард, ки як созмони муштарак миёни Тоҷикистону Эрону Афғонистон барои ҳамгун сохтани истилоҳоти илмӣ-фаннӣ таъсис дода шавад ва дар он мутахассисон ҷамъ оянду дар ин соҳа корҳои ҷиддӣ кунанд. Пас аз Ғафуров чандин кас ин суханро, аз ҷумла академик Осимӣ ва Акбар Турсон ҳам гуфта буданд. Бо ин ҳам ин гуна созмон ҳанӯз ба вуҷуд наомадааст. Аммо матраҳ шудани чунин пешниҳод аз сӯи Ғафуров ва дигарон ҳаминро нишон медиҳад, ки забони форсии тоҷикӣ бо забони форсии дарӣ ва форсии Эрон наздик шавад ва аз комёбиҳои якдигар истифода баранд. Ҳоло кишварҳои ҳамзабон аз мо истифода мебаранд. Масалан, Эрон баъзе чизҳоро аз мо гирифтааст. Мо низ шурӯъ кардаем, то аз онҳо низ истифода кунем. Масалан, истилоҳоти донишгоҳу донишкада ва дигарҳоро мо аз онҳо гирифтаем. Ҳамин тавр густариши забону фарҳанг ва таърихи мо бидуни ҳамкориҳои ногусастанӣ бо ин ду кишвар имконпазир нест."

"БОЯД ХАТТИ ФОРСИРО ҚАБУЛ КУНЕМ"

Озодӣ: Аммо дар ин маврид масъалаи хатти форсӣ ҳам матраҳ аст, ки на ҳама барои гузаштан ба он хат мувофиқанд...

Муҳаммадҷон Шакурӣ: "Албатта, хатти форсиро бояд қабул кунем. Забони мо эҳтиёҷ дорад ба ин ки ба хатти форсӣ баргардем. Ин хел агар забонамонро дар ҷои дуюм гузорем, хатти онро рад кунем, баъзе истилоҳоти онро рад кунем, аз ин ҷо айб биёбем, аз он ҷо айб ҷӯем, он гоҳ аз забони мо ҳеҷ чиз намемонад. Забони мо ба хатти форсӣ 1400 сол инкишоф ёфт, забони форсӣ, алифбои форсӣ қолаби забони форсии тоҷикист. Мо бояд аз ин қолаб забонамонро берун напартоем. Аммо ин масъала муҳокимаи махсус мехоҳад."
XS
SM
MD
LG