Дороии раҳбари собиқи Миср Ҳуснӣ Муборакро то 70 миллиард ва аз Муаммар Қаззофиро беш аз 100 миллиард доллар рақам мезананд. 4 сол пеш вақте Владимир Путин зимоми раёсати Русияро ба Дмитрий Медведев месупурд, сарвати ӯ 40 миллиард доллар гуфта мешуд.
Дар матбуот аз дороиҳои ҳангуфте низ ҳарф
мезананд, ки аз ҳокимони Осиёи Марказӣ ба авлоди онҳо мерос хоҳад монд. Аммо аз ҳеҷ кадоми онҳо намешавад пурсид, ки сирри муваффақияти шумо чист?
Қудрат – василаи сарватғундорӣ
Қудрат дар Шарқ ҳамеша василаи даст ёфтан ба сарватҳои бузург буд. Ҳадди ақал то инқилобҳои ахири Ховари Миёна, ки “Баҳори aраб” низ номаш мебаранд. Ҳанӯз рӯшан нест, ки оё бо барканории режимҳои худкомаи ҷаҳони араб табиати қудрат дар ин қаламрав то куҷо тағйир хоҳад кард, вале як ҳақиқате, ки мавҷи суқути режимҳои худкомаи арабӣ маълум кард, ҳаҷми тасаввурнопазири дороиҳоест, ки раҳбарони дарозумри араб ва наздикони онҳо ин ҳама сол дар пушти пардаи “ғамхорӣ дар ҳаққи мардум” ба ҷайби худ мезаданд.
Ризо Тақизода, таҳлилгари масоили Ховари Миёна дар Лондон мегӯяд, шеваи ҷамъоварии сарват дар кишварҳои мусалмонӣ фарқ мекунад, вале инки ҳокимони ин қаламрав ва пайвандони онҳо бо истифода аз фасод ва адами назорат сарватҳои ҳангуфте ба даст овардаанд, ҷои шак надорад: “Дар Эрон шояд сарват дар дасти як шахс набошад, вале бунёде, ки дар ихтиёри оятуллоҳ Алии
Хоманаист, яке аз бойтарин ниҳодҳои ин мамлакат аст. Баъзе ҳокимон, чун Қаззофӣ, худро бо мардум ҷамъулмол мебинанд, бархеаш ин сарватҳоро ба хориҷ мунтақил мекунанд ва баъзеҳо дар дохил нигоҳ медоранд. Вале инки ҳокимони режимҳои худкома, назири Миср ё Тунис, афроди сарватманде ҳастанд, тардиде надорад. Мобуту, ки ба Конго раёсат мекард, аз сарватмандтарин мардони дунё буд. Ё хонаводаи Саудӣ. 250 миллиард доллар дороии ин кишварро тақрибан бидуни ягон назорат ҳамин 6000 узви ин хонавода тақсим мекунанд. Айни вазъро мо дар Баҳрайн ё дар Иморот мебинем ва ҳам дар кишварҳои фақире, мисли Миср.”
Раисони колхозҳои шарқӣ
Рашид Ғанӣ, арабшиноси тоҷик мегӯяд, дасти қалб ба хазинаи давлат бурдани ҳокимони шарқӣ ҷои баҳс надорад, вале ин бармегардад ба табиати қудрат дар Шарқ, ки аз Ғарб билкулл фарқ мекунад: “Ҳокимони шарқӣ кишварро, тоҷикӣ карда гӯем, ҳамчун раиси колхоз нигоҳ мекунанд ва худро барои тамоми умур мутасаддӣ меҳисобанд. Ва дар кишварҳои араб ҳокими хуб ҳамонест, ки пулро ҷамъ мекунад, вале барои ободонии кишвараш дареғ намедорад. Фарз кардем, ҳокимони кишварҳои Халиҷи Форс ҳам байни ҷайби худу ҷайби давлат фарқ намегузоранд, вале кишварҳояшонро ҳам обод карданд. Яъне вақте пул ҷамъ меоранд, набояд фақат барои худ сарф кунанд. Ва ҳокиме ки мехоҳад дар чашми мардумаш ширин бошад, бояд ҳар сари чанд вақт байъаташро бо мардум нав кунад.”
Раҳбари собиқи Тунис Зайналобуддин Бин Алӣ – нахустин тӯъмаи инқилобҳои “Баҳори араб” – ҳамчунин нахустин ҳокими собиқе шуд, ки дар моҳи
июл дар ғайбаш бо ҷурми фасод ба 16 соли зиндон маҳкум шуд. Домоди ӯ низ ба 16 сол ва духтараш Насрин ба 8 соли зиндону 50 миллион динор ҷарима маҳкум шуданд. Ҷамъи дороиҳои Бин Алиро, ки моҳи январ барканор шуд ва ба Арабистони Саудӣ фирор кард, то 10 миллиард доллар рақам мезананд ва мегӯянд, ӯву ҳамсараш Лайло Троблусӣ ҳангоми фирор якуним тонна тилоро низ аз хазина бо худ бурдаанд. Бин Алӣ баъди судури ҳукми додгоҳ бори аввал изҳорот дод ва ин иттиҳомотро ҷаълӣ хонда, гуфт, ӯро бо фиреб савори ҳавопаймо карда буданд, ки тарки Тунис кунад.
“Фиръавн дар қафас”
Додгоҳи Миср аз оғози август ба муҳокимаи ҳокими собиқи ин кишвар Ҳуснӣ Муборак ва фарзандони ӯ -Ало– ва Ҷамол- бо иттиҳоми судури амри куштори садҳо эътирозгар ва сирқати миллиардҳо доллар оғоз кард. Ҳамсари ӯ Сӯзон низ дар моҳи май боздошт шуда буд, вале дар ивази ба давлат баргардондани як вилла ва 3 миллион доллар аз ҳисобҳои бонкиаш раҳо ёфт. Аммо саҳнаи дар як рахти равон ба додгоҳ эҳзор шудани Ҳуснӣ Мубораки як замон муқтадир ва соҳиби ҳарфи аввал дар сиёсати Ховари Миёна ва акнун маризи бистариро матбуот “Фиръавн дар қафас” меномад. Ӯ дар додгоҳ, албатта, гуфт, ки кулли иттиҳомотро комилан инкор мекунад.
Аммо афроди огоҳ аз ҷавви ҳоким дар Мисри аҳди Муборак мегӯянд, дар он аҳд ягон ширкат бе изни писарони ӯ дар майдони тиҷорати ин кишвар ҷои по пайдо карда наметавонист ва то 70 миллиард дороие, ки ба хонаводаи Муборак нисбат медиҳанд, метавонад дақиқи дақиқ набошад, албатта, вале дар ҳар сурат, чандон дур аз ҳақиқат ҳам нест. Ба навиштаи матбуот, тиҷорати хонаводаи Ҳуснӣ Муборакро, барои мисол, тоҷирони мӯътамади ӯ, ба мисли Ҳусейн Салим пеш мебурданд. Салим дар тиҷорати сохтмон, бавижа дар Шармулшайх, ва дар фурӯши газ ба Исроил нақши умдае бозӣ мекард ва, бино ба хабарҳо, баъди истеъфои Муборак ба Швейтсария фирор кардааст.
Ин кишвар ҳанӯз дар моҳи феврал ҳисобҳои бонкии ҳокими собиқи Тунис Зайналобуддин Бин Алӣ ва 12 мақоми Миср, бо шумули ҳисобҳои Ҳуснӣ Муборак ва фарзандони ӯро мунҷамид кард. Ба ҳисоби мақомоти Швейтсария, атбоъи Миср дар бонкҳои ин кишвар 2 миллиарду 740 миллион доллар доштаанд, вале маълум нест, ки чӣ миқдоре аз ин пулҳо бевосита моли Мубораку наздикони ӯст.
Чодари шики Қаззофӣ
Ризо Тақизода мегӯяд, фарқи байни ҳарф ва амали ин ҳокимони худкома фақат баъди суқути онҳо рӯ мезанад: “Саддом Ҳусейн, баъди гирифтани Бағдод маълум шуд, ки 80 кох доштааст. Ё Қаззофӣ. Вақте ба ҳисори ӯ дохил шуданд, ки аз берун хеле бозорӣ ба назар мерасид, дар дарунаш тамоми он чизе буд, ки мардум фақат дар рӯъё медиданд. Ҳавопаймои Airbus-300-и ӯ аз як ҳотели шик шиктар буд. Дар ҳоле ки ӯ ҳамеша мутазоҳир буд, ки гӯё дар чодар мехобад. Аммо ин тазоҳурот бо он чизе ки дар амал дар ихтиёраш буд, дар воқеъ фарқ мекард.”
Муаммар Қаззофӣ дар Либия зоҳиран мақоми расмие надошт, вале байни пули худашу давлаташ фарқи чандоне намегузошт. Бино ба асноди дипломатии нашршуда дар торнамои Wikileaks, 95 дарсади фоида аз фурӯши нафти Либия ба ҷайби Қаззофиву 8 фарзанд ва атрофиёнаш мерехт ва
бахши умдааш дар бонкҳои Аврупову Амрико мечархид. Фарзандони айёши Қаззофӣ низ дар чошидани ин пулҳо ҳамто надоштанд ва ҳар кадом тақрибан дар ҳар шаҳри муҳими Аврупо кӯшки мӯҳташаме барои худ харидаанд.
Саъд Қаззофиро ҳам ёд дорем, ки барои футболбоз шудан чӣ қадар пул сарф кард, вале ба ҷое нарасид. Дар соли 2008 вақте Ҳаннибал, писари дигари Қаззофиро дар Швейтсария бо ҷурми бадрафторӣ ба масъулият кашониданд, режими Либия ба нишони интиқом ба ихроҷи сармояҳояш аз бонкҳои он кишвар иқдом кард, ки чизе дар давру бари 4 миллиард доллар гуфта мешуд.
Танҳо дар чаҳорчӯби таҳримоти ахири алайҳи Қаззофӣ беш аз 30 миллиард доллар дороии марбут ба режими ӯ ва асосан дар бонкҳои Аврупову Амрико масдуд шуд ва акнун бо қарори Шӯрои Амният, 1,5 миллиард доллар аз ин маблағро барои ироаи ёриҳо ба мардуми Либия боз мекунанд. Аммо танҳо дар ду сандуқи режими Либия то 70 миллиард доллар мунсаҷим шуда, ҷамъи сарвати хонаводаи Қаззофиро на камтар аз 100 миллиард доллар баровард мекунанд.
“Истеъдод”-и фавқулодаи холабачаи Башор
Дар Сурия низ тақрибан кулли тиҷоратҳои муҳим дар дасти наздикони Башор Асад қарор дошта, матбуот холабачаи ӯ Ромӣ Махлуфро бо 6 миллиард доллар дороӣ бойтарин нафар дар ин кишвари ба сурати умум фақири Ховари Миёна ном мебарад.
Нашрияи бритониёии Independent навишт, режими Асад аз тарси ташдиди таҳримоти байналмилалӣ ба ихроҷи дороиҳояш иқдом мекунад ва тайи танҳо 4 моҳи аввали соли равон аз ин кишвар маблағи муодили қариб 3 миллиард долларро ба хориҷ ва асосан ба бонкҳои Лубнон таҳвил додаанд. Ба ҳисоби ин нашрия, хазинаи асъори Сурия дар моҳи феврал зери 20 миллиард доллар буд, вале ҳар ҳафта аз ин миқдор қариб 80 миллионаш ғайб мезанад.
Рашид Ғанӣ мегӯяд, усули ҳукумат дар кишварҳои Исломӣ мисли байъатест, ки байни ҳоким ва раъият баста мешавад, вале феълан табиати ин байъат
комилан дигар шудааст: “Пештар раъият ҳар сари чанд вақт садоқаташро бояд ба шоҳ ё ҳоким исбот мекард. Аммо ҳоло баръакс шоҳ ё ҳоким бояд машрӯъияти худро дар чашми мардум таъйид кунад. Яъне тақрибан барои ҳар насли наве ки меояд. Чунки ҳар кори хайре ки ӯ барои насли қаблӣ кардааст, барои насли нав ягон аҳамият надорад. Ӯ мулзам аст барои насли нав ҳам корҳое анҷом диҳад, ки мақбул шавад. Чунин як диалектика ҳаст. Дар Ғарб роҳеро ёфтаанд, ки ҳар сари чанд вақт ҳокимро дигар кунанд. Вале дар Шарқ ҳанӯз ба ин марҳала нарасидаанд. Ҳоким дар Ғарб баъди тарки қудрат узви комили ҷомиа боқӣ мемонад. Аммо дар Шарқ аз қудрат, ки рафт, ҳатто гумон аст ки зинда бимонад."
Ду “Волга” ва ду гаражи Путин
Ба гуфтаи маҳофил, ҳокимони кишварҳои Шӯравии собиқ низ баъди касби истиқлол тақрибан ҳамон масири ҳамтоёни худ аз ҷаҳони арабро пеш гирифтаанд. Аз ҷумла дар ҷамъ кардани сарват.
Дар Озарбойҷон як ширкати ҳавопаймоӣ, чанд бонки бузург ва “Азерфон”- яке аз ширкатҳои бузурги телефонҳои мобилро Лайло ва Орзу –духтарони раиси ин ҷумҳурӣ Илҳом Алиев назорат мекунанд .
Дар соли 2007 Станислав Белковский, мудири Пажӯҳишгоҳи стротежии миллии Русия ба расонаҳои Ғарб гуфт, ки Владимир Путин 37 дарсади саҳмияҳои “Сургутнефтегаз”- аз бузургтарин ширкатҳои нафтии Русия, 4,5 фоизи саҳми “Газпром” – бузургтарин ширкати гази дунё ва тавассути дӯсташ Геннадий Тимченко 50 дарсади саҳмияҳои Gunvor, ширкати швейтсарии фаъол дар бозори низ нафту газро дар даст дорад ва бо 40 миллиард доллар дороӣ амалан бойтарин марди Аврупост. Путин ин иддаоро “бофта” хонд ва Gunvor ҳам дар ин ширкат кадом саҳме доштани Путинро рад кард.
Аммо ду сол пеш Борис Березовский, сармоядори фирории рус низ иддао кард, ки Путин то бӯҳрони молӣ дастикам 40 миллиард доллар дошт ва барои наҷоти бонкҳои Исландия 4 миллиард доллар ваъдаи кумак кардани Маскав дар асл ба хотири наҷот додани сармояҳои ҳангуфти сарвазири Русия ва атрофиёни ӯ будааст.
Ин дар ҳолест ки тибқи эъломияи расмии даромадҳои Владимир Путин, сарвазири Русия дар
соли гузашта 5 миллиону 42 ҳазору 257 рубл, ё тақрибан 180 000 доллар даромад доштааст.Бар асоси ин санади расмӣ, Путин ҳамчунин ду мошини қадимаи ГАЗ-21, як мошини “Нива”, як автоприсепи навъи “Скиф”, ду гараж, ду манзили масоҳати умумиашон 230 метри мураббаъ ва якуним гектар қитъаи замин дорад. Аммо дар ин эъломия ҷамъи дороие ки ӯ дар бонк ваё ба сурати саҳмияҳои ин ё он ширкат дорад, зикр нашудааст.
“Ҳар кӣ ёфт, аз худаш”
Wikileaks соли гузашта аснодеро нашр кард, ки дороии Аляксандр Лукашенка – раисиҷумҳури Беларусро 9 миллиард доллар мегӯяд. Аммо Лукашенка бо тамасхури хоси ӯ дар посух ба ин иддао гуфт: “ 9 миллиард? Агар ёбем, тақсим мекунем. Биёед, аз паяш шавем. Ба ҳар сурат, 9 миллиард пули кам нест. Касе ёбад, 1 фоизашро ба ман диҳад, кофист. 99 дарсади боқӣ – аз худаш.”
Маҷаллаи швейтсарии “Bilan” ду сол пеш Гулнора – духтари ҳокими Узбакистон Ислом Каримовро бо зери 700 миллион франк, ё қариб 900 миллион доллар, дар байни занони сарватманди ин кишвар
дар мақоми 9-ум ҷой дода буд. Мухолифони узбак мегӯянд, ин танҳо маблағҳоест, ки Гулнора Каримова расман ва бо номи худаш дар бонкҳои Швейтсария гузоштааст, вале ҷамъи сарватҳои хонаводаи Каримов шояд бамаротиб бештар бошад.
Эмомалӣ Раҳмон чанд пул мегирад?
Дар Тоҷикистон ҳаҷми маоши раиси ин ҷумҳурӣ ва тиҷоратҳое, ки фарзандону хешовандони ӯ доранд, сирре сарбамӯҳр ва як мавзӯъи табу барои матбуот боқӣ мемонад. Расонаҳо чанд сол пеш маоши моҳонаи Эмомалӣ Раҳмонро 25 000 доллар рақам мезаданд. Аммо касе гуфта наметавонад, ки дар ин чанд сол дар пайи чанд дафъа боло бурдани маоши кормандони давлатӣ моҳонаи президенти Тоҷикистон акнун чӣ қадар шудааст.
Дар бораи таҳти назорати ҳалқаҳои наздик ба хонаводаи раисиҷумҳур қарор доштани тиҷорати алюминий – умдатарин маҳсулоти содиротии Тоҷикистон – ва дигар тиҷоратҳои бузурги ин кишвар зиёд сӯҳбат мешавад, вале кадом таҳқиқоти ҷиддие дар ин замина ҳанӯз анҷом нашуда ва ягон ниҳоди расмӣ низ то ҳол дар ин мавзӯъ лаб ба шарҳу тафсир накушодааст.
Пайравии котибони собиқи Сека ба ҳокимони арабӣ
Замоне ки бар Туркманистон ҳанӯз Сафармурод Ниёзов ҳукм меронд, дар бонкҳои Швейтсария 4 миллиард доллареро пайдо карданд, ки гуфта мешуд, ба Ниёзов тааллуқ доранд. Аммо Ишқобод инро рад кард ва гуфт, дар асл ин пулҳо марбути Сандуқи давлатист, ки ба хотири рӯзҳои бӯҳронӣ таъсис додаанд.
Худойбердӣ Оразов, раиси собиқи Бонки миллии Туркманистон, ки баъди барканорӣ тарки кишвар кард, мегӯяд, ин ҷанҷол аслан ба хотири пинҳон кардани масирҳои воқеии сирқати пул аз хазинаи давлати Туркманистон буд. Оразов мегӯяд, дар амал миллиардҳо аз ин кишвар бо роҳҳои дигаре ба берун
мерафт: “Ниёзов хуб медонист, ки ҳеҷ гоҳ ин пулҳои дуздиро истифода бурда наметавонад. Вале механизми пулканӣ беист кор мекард, чунки чизи барояш аз пул хеле муҳимтар – қудратро ҳифз мекард. Ҳадафи асосӣ ба ҷайби худ задани ин маблағҳо набуд. Ҳадаф ин буд, ки ин пул ба мардум нарасад. Ин як схемаи мафиозӣ буд ва пул хориҷ аз низоми бонкӣ таҳвил мешуд. Масалан, ба хориҷ ба чанд миллион доллар пахта мефурӯхтанд ё барои чанд миллиард метри мукааби газ қарордод мебастанд. Санад мешуд, ки он ҷониб дар иваз барои Туркманистон чизе хоҳад сохт. Вале дар амал на чизе месохтанд ва маблағе ҳам намеомад.”
“Қазоқгейт”
Аммо бузургтарин ҷанҷоли расонаишудаи фасод дар Шӯравии собиқ “Қазоқгейт” аст, ки рехтани садҳо миллион доллар ба суратҳисобҳои махфии раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз ҳисоби ришва аз ширкатҳои хориҷиро бармало кард. Баъди чанд соли даъво Остона таҷаммӯи то 1 миллиард доллар дар чунин ҳисобҳоро таъйид кард, вале гуфт, ин маблағҳои Сандуқи вижаеянд, ки барои як рӯзи мабодо таъсис ёфтааст. Остона баъдан бунёде ҳам сохт бо номи “Бота”, ки гӯё махсуси таъмини таҳсилоти фарзандони хонаводаҳои фақир аст ва тавонист 84 миллион доллар аз ин миллионҳои дар бонкҳои ғарбӣ масдудшударо баргардонад.
Зимнан, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ чунин захирае таъсис дода, ки гуфта мешуд, ҳадафаш кӯмак ба хонаводаҳои нодор аст. Вазири пешини умури хориҷӣ Талбак Назаров раҳбарии ин бунёдро дар дӯш дорад. Аммо то ҳол гуфта нашудааст, ки дар ин махзан чӣ миқдор пул ҷамъ омада ва аз он ба киҳо мададе расида.
Бино ба иддаои домоди собиқи Назарбоев – Роҳат Алиев, ки 4 сол пеш аз Қазоқистон фирор кард, ширкати “Қазатомпром” низ моли падарарӯси собиқи ӯст ва Назарбоев аз роҳи фасод низ миллиардҳо доллар ҷамъ овардааст.
Амирҷон Косанов, дабири кулли ҳизби мухолифи “Озод” мегӯяд, ҳақиқати дороиҳое, ки бо роҳҳои ғайримашрӯъ ба даст омадаанд, дар ниҳоят ҳатман фош хоҳад шуд ва ин дороиҳоро ба бори гароне барои соҳибонашон табдил хоҳад дод, ки на ҷои пинҳон карданашро хоҳанд ёфт ва на ҷои
истифодаашро: “Ҳама бояд бифаҳманд, ки дунё дар роҳи ҷаҳонишавист ва низоми бонкӣ низ кам-кам парда аз рӯи асрораш мебардорад. Ахиран бархе кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо хостори боз кардани ҳисобҳое шуданд, ки дар минтақаҳои оффшор боз кардаанд. Швейтсария ва Амрико низ аз ҳамин масир қадам мезананд. Феълан зиёд мегӯянд, ки Осиёи ҷанубушарқӣ ба паноҳгоҳи пулҳои фосид табдил меёбад. Вале ин минтақа низ наметавонад алайҳи боқии ҷаҳон амал кунад. Замоне хоҳад расид, ки ҳокимон маҷбур хоҳанд шуд, то ҳаққи худ ба пулу дороиҳояшонро бо роҳҳои қонунӣ собит кунанд.”
Пулҳои Туркманбоширо касе накофт
Худойбердӣ Оразов, раҳбари собиқи Бонки миллии Туркманистон аммо мегӯяд, барои таъқиби дороиҳои ҳокимони фосид қабл аз ҳама ирода лозим аст, ки дар ҳоли ҳозир ба таври кофӣ мушоҳида намешавад: “Пул ҳеҷ гоҳ гум намешавад, ҳатман изе аз худ мемонад. Агар хоҳиши кофӣ бошад, пайдо карданаш мумкин аст. Аммо изи дороиҳои Муборак ё Қаззофӣ ё ҳар ҳокими дигар ба сӯи онҳое мебарад, ки то ҳол аз фишангҳои таъсир бархӯрдоранд. Вақте ман аз Туркманистон ба
Шветсия рафтам, аз ниҳодҳои назорати молӣ пешам омада буданд, ки пулҳои Туркманбошӣ куҷост? Ман гуфтам, биёед, як куммиссиюни босалоҳият ташкил диҳем ва мо ҳамаи ин пулҳои аз Туркманистон дуздишударо пайдо мекунем. Вале касе ба ин ирода накард. Агар хоҳиш бошад, ҳатто қонунҳои феълӣ имкон медиҳанд, ки мо чунин дороиҳоро пайдо кунем ва тарзе кунем, ки дигар касе даст ба дуздӣ назанад. Вале касе ба ин манфиатдор нест.”
Таҳлилгари масоили Ховари Миёна Ризо Тақизода низ дар мавриди таъқиби пулҳои аз сӯи диктаторҳои собиқ дуздишуда чандон хушбин нест. Ӯ мегӯяд, чунин дороиҳоро маъмулан ба номи афроди дигар ва бештар дар минтақаҳои аз лиҳози эҳтимоли таъқиби молӣ амни дунё пинҳон мекунанд, ки пас гирифтанашро як кори миёншикан месозад: “Бонкҳои Швейтсария, барои мисол, бонкҳои бисёр мутмаинанд ва ҳамкории онҳо дар кашфи ин дороиҳо нақши муҳиме бозӣ мекунад. Системаҳои иттилоотии Ғарб низ ҳамкорӣ мекунанд, вале чун онҳо дар кашфу интиқоли ин дороиҳо нафъу саҳме надоранд, ин пайгирӣ барои кишварҳое ки ҳоло диктаторҳоро барканор карданд, душвор мешавад. Бояд ин дороиҳоро нишон бикунанд, дастури забти онҳоро бидиҳанд ва ба додгоҳҳои хориҷӣ даъво баранд, ки як марҳалаи хеле печида ва тӯлонист. Пуле ки аз президенти собиқи Филлиппин Фердинанд Маркос тавонистанд пас бигиранд, бисёр андак буд. Аз сарватҳои хонаводаи Саддом ҳам чунин тӯҳфае то ба ҳол ба даст наомадааст. Корномаи пас гирифтани дороиҳои диктаторҳо то ҳол корномаи рӯшану дурахшоне набудааст.”
Вақте режими Маркос дар соли 1986 суқут кард, фақат пойафзоли ҳамсари ӯ Имелда, ки аз қасри раёсатҷумҳурии Филлиппин пайдо карданд, 2700 ҷуфт баршумурда шуд. Ҷамъи пули ба ҷайб задаи ин диктатор, ки 21 сол ҳукумат ронд, дастикам 10 миллиард доллар баровард мешуд. Як куммиссиюни вижае, ки баъди барканории Маркос барои ҷустуҷӯи ин пулҳо ташкил доданд, нишонии беш аз 6 миллиард доллар аз ин пулҳоро ёфт, вале ба Филлиппин чизе дар ҳудуди ҳамагӣ 700 миллион доллар аз ин пулро баргардондаанд. Имелда Маркос баъди чанд сол бидуни ягон шарм баргашт ва феълан ӯву писараш вакили парлумон ва духтараш волии яке аз вилоятҳои Филлипин интихоб шудаанд.
Фарқи пули ҳалолу ҳаром ё “Қонуни Дювалйе”
Ба ҳисоби як созмони амрикоӣ, танҳо дар бонкҳои Швейтсария тақрибан 150 миллиард доллари муттааллиқ ба ҳокимони фосиди дунё маҳфуз аст ва то кунун талошҳои давлатҳо барои пас гирифтани ин маболиғ натиҷаи чандоне надодааст.
Аммо Швейтсария ахиран қонунеро тасвиб кард, ки бо номи диктатори собиқи Ҳаитӣ ҳамчун "қонуни Дювале" ёд шуда, ба бонкҳои ин кишвар ҳаққ медиҳад, пулҳои дуздидаи ҳокимон ва мақомоти фосидро баргардонанд. Агар қаблан бояд худи давлатҳо дуздӣ будани пулҳои дар бонкҳои Швейтсария гузоштаи ҳокимони собиқи худро собит мекарданд, ҳоло бояд соҳиби пул худ далели кофӣ биорад, ки ин дар воқеъ пули ҳалоли ӯст.

Вале инки ҳокимони режимҳои худкома, назири Миср ё Тунис, афроди сарватманде ҳастанд, тардиде надорад. Мобуту, ки ба Конго раёсат мекард, аз сарватмандтарин мардони дунё буд...