Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пойгоҳи Русия 49 соли дигар дар Тоҷикистон мемонад


Тоҷикистон ризоият дод, ки пойгоҳи 201-Русия дар қаламраваш барои 49 соли дигар боқӣ бимонад.

Президентҳои Тоҷикистону Русия мувофиқат кардаанд, то ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон тамдид шавад. Дмитрий Медведев дар поёни мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ду тараф ба созиш расиданд, то пойгоҳи 201-Русия 49 соли дигар дар
Дар шароити феълӣ дар минтақа баъзе масоили баҳсталаб ва геополитикӣ мавҷуд аст ва ба ин хотир будани чатри Русия барои таъмини амният барои Тоҷикистон зарур аст...

Тоҷикистон бимонад ва созишномаи махсус дар ин бора то се моҳи дигар имзо шавад.

Маълум нест, ҳузури пойгоҳ ҳамчунон ройгон хоҳад буд ва ё Русия барои он ба Тоҷикистон пул хоҳад пардохт. Бино ба гузоришҳо, давлати Тоҷикистон хоста буд, то Русия барои ин пойгоҳ бештар аз 200 миллион доллар бипардозад. Ду тараф сари тарҳи нави созишнома музокироти печидае доштанд.

Моҳи гузашта Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон зимни як нишасти матбуотӣ баён дошт, ки мавзеъҳои Тоҷикистон ва Русия дар мавриди истифода аз фурудгоҳи Айнӣ ва идомаи ҳузури пойгоҳи низомии 201 Русия ба ҳадде ба ҳам наздик нашудаанд, ки ҷонибҳо дар заминаи он санади расмиеро таҳия кунанд.

Баҳси равобити Тоҷикистон ва Русия
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:19 0:00
Линки мустақим


Президенти Русия Дмитрий Медведев вақте ки дар бораи тамдиди мӯҳлати ҳузури пойгоҳи Русия сӯҳбат мекард, хеле хушҳол ба назар мерасид ва мавзӯъро ба гунае шарҳ медод, ки гӯиё ҳалли он ба сахтӣ даст додааст.

Вай афзуд, бо камоли қаноатмандӣ ҳамроҳ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар авоили соли оянда санади нави ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистонро имзо хоҳад кард: "Бахши аъзами сӯҳбатҳои мо бо президенти Тоҷикистон ба масъалаи амнияти минтақа марбут буд. Ҳамин ҳоло мо санадҳои бисёр муҳимро ба имзо расонидем, ки ба ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши марз тааллуқ доранд ва омили аслии субот ба шумор рафта на танҳо заминаро барои мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир фароҳам меоранд, балки заминаҳои таъминкунандаи сулҳ дар минтақаи бисёр осебпазир хоҳанд буд. Аз ин рӯ мо масъалаи тамдиди ҳузури пойгоҳи Русия дар Тоҷикистонро баррасӣ намудем ва ба ин мувофиқат расидем, ки барои 49 соли дигар ин пойгоҳ дар Тоҷикистон бимонад. Ҳоло санадҳо дар ин бахш омода мешаванд ва қарор аст дар семоҳаи аввали соли 2012 дар ин замина санад ба имзо расад."

Аммо президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, вақте ки дар бораи санадҳои имзошудаи байни ду кишвар сӯҳбат мекард аз тавофуқи тамдиди ҳузури пойгоҳи Русия ном набурд ва ба таври умумӣ гуфт, ки созишҳо бо Русия барои суботу аммнияти Осиёи Марказӣ муҳиманд: "Мо ҳамчунин ҳамкории низомии дуҷонибаро барои солҳои баъд баррасӣ кардем ва бинобар зарурати таъмини амният дар минтақа ҷонибҳо омодагии худро изҳор доштанд, ки минбаъд ҳамкории низомӣ ва низомию фании худро идома медиҳанд."

Ҳамин тавр дар ҷараёни мулоқоти сарони ду кишвар се санад ба имзо расид, ки ёддошти тафоҳум, ҳамкориҳои иқтитсодию тиҷоратӣ ва низомию амниятиро дар бар мегиранд.

Як мақоми аршади амниятии Тоҷикистон роҷеъ ба созишномаи ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳифзи марз бо Афғонистон гуфт, созишномаи ҷадид бар асоси шароитҳои муосир ба имзо расид, ки ҳам Тоҷикистон ва ҳам Русия бо онҳо мувофиқанд.

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази мутолеоти стратегии вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, тавофуқи раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Русия дар мавриди ҳузури давомдори пойгоҳи низомии ин кишвар дар қаламрави Тоҷикистонро василаи таҳкими муносибатҳои миёни ду кишвар хонд. Ҷаноби Сафаров дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ин, албатта, технологияи сиёсӣ аст. Тоҷикистон, албатта, бояд аз ҳалли
Сайфулло Сафаров
масъалаҳое, ки дар чаҳорчӯби ИДМ аст, дур наравад. Мо камтар дур рафтем ва маҳдуд кардем то соли 2014. Ҳол он ки Қирғизистон бо ҳамин қадами худ хеле муносибатҳои худро хуб кард, масалан шаҳрвандон Қирғизистон дар муддати ду-се моҳ метвонанд шаҳрвандӣ бигиранд, агар хоҳиш дошта бошанд, нисбати онҳо, яъне қирғизҳо худи давлат ва худи неруҳои миллатчӣ муносибати бад намекунад ва ғайраву ҳоказо, яъне бо ин мо як масъалаи муносибатҳоро ҳал кардем. Агар ин кор шавад ин ба ҳамин ишора мекунад."

Афзун бар ин, Сайфулло Сафаров тавофуқ бар сари ҳузури пойгоҳи низомӣ дар Русияро барои таъмини амнияти минтақа, ба хусус Афғонистон муҳим хонд ва гуфт, "албатта, таҳдиди ҳам қочоқи маводи мухаддир, терроризми байналмилалӣ дар зинаҳои ду, се, чаҳор ҳастанд. Ин хатарҳо албатта моро маҷбур мекунанд, ки ба ҷуз аз нерӯҳои дохилӣ, аз нерӯҳои шарикони худ низ истифода кунем."

Абдулғанӣ Маҳмадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон бар ин бовар аст, ки дар шароити феълӣ дар як-ду даҳсолаи оянда Тоҷикистон ба «чатри
Абдуғанх Муҳаммадазимов

низомӣ» дар симои Русия ниёз дорад. Ба ин далел вай гуфт, "ҳоло дар шароити феълӣ дар минтақа баъзе масоили баҳсталаб ва геополитикӣ мавҷуд аст ва ба ин хотир будани чатри Русия барои таъмини амният барои Тоҷикистон зарур аст."

Аммо ҷаноби Маҳмадазимов бар ин назар аст, ки «агар ин тавофуқ битавонад, барои Тоҷикистон дар ҷиҳати иҷрои лоиҳаҳои сармоягузорӣ, дар соҳаҳои сиёсӣ, низомӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кӯмак кунад, дорои манфиат хоҳад буд. Манзур агар Русия бо ҳузури низомиаш битавонад, тааҳҳудотеро, ки гирифтааст дар ҷиҳати сохтмони се нерӯгоҳи барқи обӣ, истихроҷи нафту газ ва тақвияти заминаҳои низомӣ ва фанниву низомӣ ва ҳамчунин ҳавоӣ низ ба иҷро расонад, ин боиси беҳбуди равобит ва муносиботи ҳар ду кишвар хоҳад шуд».

Иттифоқан, сафари расмии Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия аз Тоҷикистон бо имзои эъломияи муштараки сарони кишварҳо ва ду санади ҳамкорӣ дар заминаи ҳамкориҳои марзӣ ва Барномаи рушди иқтисодӣ барои солҳои 2012 то 2015 ба поён расид.

Президенти Русия Дмитрий Медведев таъкид кард, ки дар заминаи ин санади иқтисодӣ то охири ҳамин сол як созишномаи байниҳукуматӣ ба имзо хоҳад расид, ки масъалаи боҷҳои гумрукии Русия дар амри интиқоли маводи сӯхт ба Тоҷикистонро дар бар хоҳад гирифт.

Бо ин ҳам раисони ҷумҳур аз шарҳи бештари ҷузъиёти ин санадҳои ҳамкорӣ худдорӣ карданд. Эъломияҳои умумие, ки садо дод ва ваъдахилофии Русия дар иҷрои тарҳҳои Тоҷикистон зимни созишномаи соли 2004 коршиносонро водор мекунад, ки ба суханони раисиҷумҳури Русия изҳори шубҳа кунанд. Он вақт раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин ба созишҳое имзо карда буд, ки бино бар онҳо Русия дар иқтисодиёти Тоҷикистон 2 миллиард доллар сармоягузорӣ мекард ва яке аз тарҳҳои муҳимро нерӯгоҳи барқи обии Роғун ташкил медод.
XS
SM
MD
LG