Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми зиндони ҳафт пайрави М.Худойбердиев ва Ё.Салимов


Маҳмуд Худойбердиев
Маҳмуд Худойбердиев

Додгоҳи вилояти Хатлон ҳукми зиндони 7 нафари муттаҳам ба пайравии Маҳмуд Худойбердиевро содир кард.

Ҳар яке аз онҳо барои 14 сол аз озодӣ маҳрум шуданд. Вакилони мудофеъ бо нишони эътироз аз ин ҳукм гуфтанд, ки ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят хоҳанд бурд.
Ин ҳафт нафари муттаҳам, ки моҳи январи соли ҷорӣ боздошт шудаанд, дар гузашта аз тарафдорони Ёқуб Салимов, қумандони собиқ дар Фронти халқӣ ва вазири пешини корҳои дохилии кишвар, низ будаанд...


Тоҳир Ҳамзаев, додраси мурофиаи мазкур, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷараёни муҳокимаи додгоҳӣ иттиҳомоти эълоншуда тасдиқи худро ёфта, нафарони муттаҳам гунаҳкории худро қисман эътироф намудаанд.

Умаралӣ Қурбонзода, Саидқул Эшонқулов, Қудратулло Қодиров, Шамсиддин Ғуломов, Раҷабалӣ Ғафуров, Икром Турахонов ва Ҳокимҷон Донаев бар асоси 5 банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла «ташкили воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ», «бандитизм», «ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ», «бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудан ё нигоҳ доштани ҳокимият» ва «баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ» муттаҳам дониста шудаанд.

Ҳукми зиндони 7 нафари муттаҳам ба пайравии полковник Худойбердиев расо пас 10 рӯзи қабули Қонуни афв эълон шуд, ки пайвандону адвокатҳои гумонбаронро ба афв ва раҳоӣ аз муҷозоти онҳо умедвор карда буд.

Бинои додгоҳи вилояти Хатлон
Тоҳир Ҳамзаев, додраси мурофиа, гуфт, зимни эъломи ҳукм, талаботи қонуни афв ҳам нисбат ба муттаҳамин ба инобат гирифта шуд ва мӯҳлати маҳрумияташон аз озодӣ 2 сол карда шуд: "Дар мурофиа айбҳои эълоншуда исботи худро ёфтанд. Айбдоркунандаи давлатӣ дар поёни муҳокимати судӣ барои ҳар яке аз судшавандаҳо 18 соли маҳрумият аз озодиро хоста буд. Суд онҳоро ба 16 соли зиндон маҳкум кард. Аммо тибқи талаботи моддаи 13-и Қонуни афв мӯҳлати ҷазои онҳо боз 2 сол ихтисор карда шуд. Ба ҳар ҳол, ҷонибҳо, ҳам адвокатҳо ва низ айбдоркунандаи давлатӣ дар мӯҳлати 10 рӯзи баъд аз эълони ҳукм ҳуқуқ доранд, ки аз болои ҳукми суди вилояти Хатлон ба суди зинаи болоӣ шикоят баранд."

Додраси мурофиа афзуд, ҳар яке аз гумонбарон вакилони мудофеи худро дошта, тамоми ҳуқуқи онҳо дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ риоят шудааст. Аммо вакилони мудофеи ин 7 нафари муттаҳам мегӯянд, ба гумони ғолиб, ҳукми додгоҳи вилояти Хатлонро дар додгоҳи таҷдиди назар ба баҳс хоҳанд кашид. Ба гуфтаи яке аз вакилони мудофеъ, додгоҳ пушаймонии нафарони муттаҳамро дар баъзе ҷиноятҳои содиршуда ва далелҳои бегуноҳии онҳоро, ки муҳофизони ҳуқуқашон ироа кардаанд, ба инобат нагирифтааст.

Саидҷаббор Алиев гуфт, нафари таҳти ҳимояти ӯ бегуноҳ мебошад, чун ӯ дар баробари даҳҳо нафари дигар ғайриихтиёр ва ноогоҳона ба гурӯҳи Худойбердиев пайвастааст, аммо пас аз дарки иштибоҳи худ, тарки гурӯҳи полковники исёнгар намуда, ба зодгоҳаш баргаштааст. Ҷаноби Алиев афзуд, бо дарёфти намунаи хаттии ҳукми додгоҳ, бо адвокатҳои афроди дигари муттаҳам машварат карда, ба додгоҳи зинаи болоӣ шикояти кассатсионӣ хоҳанд бурд.

Дар ҳамин ҳол, Исматулло Расулов, айбдоркунандаи давлатӣ аз додситонии вилояти Хатлон ҳам гуфт, ҳанӯз бо ҳукми додгоҳ пурра шинос нест ва наметавонад бигӯяд, ки то куҷо ин ҳукм ӯро қонеъ мекунад: "Мо ҳам мисли адвокатҳо 10 рӯз мӯҳлат дорем барои шикоят кардан аз болои ҳукми суди Хатлон. Тасмими мо ҳам
Намояндаи додситонӣ мегӯяд, ин ҳафт тан дар гузашта аз пайравони Ёқуб Салимов низ будаанд...
ғолибан, ба тасмимгирии адвокатҳо дар бораи ба баҳс кашидани ҳукми суд вобастагӣ хоҳад дошт. Мо аз суд хоста будем, ки ҳар яке аз гумонбаронро 18-солӣ аз озодӣ маҳрум кунад. Хатарнокии амалҳои онҳо барои амнияти миллии кишвари мо дар додгоҳ ҳам исботи худро ёфт, мақсади онҳо ҳамин бандитизму дар оянда ғасб кардани ҳокимият буд. Барои ҳамин онҳо бояд аз озодӣ маҳрум карда мешуданд."

Намояндаи додситонӣ гуфт, ин ҳафт нафари муттаҳам, ки моҳи январи соли ҷорӣ боздошт шудаанд, дар гузашта аз тарафдорони Ёқуб Салимов, қумандони собиқ дар Фронти халқӣ ва вазири пешини корҳои дохилии кишвар, низ будаанд. Ба иддаои мақомоти тафтишотӣ, онҳо таҳти сарварии Маҳмуд Худойбердиев дар соли 1998 ба Узбакистон фирор карда, дар ҳамлаҳои мусаллаҳонаи ноябри соли 1998 ба вилояти Суғд ширкати фаъол доштаанд.

Пайвандони афроди маҳкумшуда мегӯянд, тибқи қонуни нави афв, ширкатдорони шӯришҳои соли 1997-98 бояд мавриди афв қарор бигиранд. Аммо, ба иддаои онҳо, ҳукми додгоҳи Хатлон нисбат ба ин 7 нафар ниҳоят шадид будааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки тайи 10 рӯзи ахир 32 нафар иштирокчиёни исёнҳои мусаллаҳонаи соли 1997 дар вилояти Хатлон, шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода, ноҳияҳои Шаҳринав, Ҳисор, Рӯдакӣ, Варзоб ва ҳуҷуми мусаллаҳонаи соли 1998 ба вилояти Суғд ва 7 нафар аъзои ҳизбҳо, иттиҳодияҳои динӣ ва ташкилотҳои ифротгаро аз зиндонҳо раҳо карда шудаанд.
XS
SM
MD
LG