Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйири забони таълим барои узбакҳои Қирғизистон


Кӯдакони узбак дар мактаби ба номи Лев Толстойи шаҳри Уш. 1-уми сентябри соли 2011.
Кӯдакони узбак дар мактаби ба номи Лев Толстойи шаҳри Уш. 1-уми сентябри соли 2011.

Имсол атфоли узбакҳои ҷануби Қирғизистон ба мактабҳое рафтанд, ки забони таълим дар онҳо қирғизист.

Волидайни ин кӯдакон мегӯянд, агар фарзандонашон мактабро ба забони қирғизӣ хатм кунанд, имкони бештари таҳсилу кор пайдо хоҳанд кард.

Аммо мухолифони ташаббус бо ишора ба ихтилофи қавмӣ миёни қирғизҳову узбакҳои ҷануби Қирғизистон дар солҳои гузашта иброз доштаанд, ки таҳсил дар мактабҳои қирғизӣ ба ҳувияти кӯдакони узбактабор таъсири манфӣ хоҳад дошт.

ТАҒЙИРИ ЗАБОНИ ТАЪЛИМ

Ҳафтаи гузашта 35 кӯдаки узбактабори ноҳияи Қарасуи ҷануби Қирғизистон аввалин бор ба мактаби Чолпон, ки тамоми фанҳоро ба забони қирғизӣ таълим медиҳад, қадам ниҳоданд.

Дар чаҳорчӯби ин ташаббус падарону модарони узбактабори вилояти Ӯш имкон доранд, ки фарзандонашонро мувофиқи хоҳиши худ ба синфҳои қирғизӣ ва ё узбакӣ шомил намоянд.

Хонуми узбак, Мавлуда Ҳакимова, мегӯяд, духтарашро ба синфи қирғизӣ сабти ном кардааст, зеро баъди хатми мактаб ба забони давлатӣ духтараш имкони бештари пайдо намудани кор ва ё таҳсил дар донишгоҳҳои Қирғизистонро дар ихтиёр хоҳад дошт. Ҳакимова меафзояд, ки касе ӯро ба ин тасмим водор накардааст.

ШАРҲИ САБАБҲОИ ТАҒЙИР

Раҳбарони ҷамоаҳои ҷануби Қирғизистон умед доранд, ки аз роҳи татбиқи ин қабил ташаббусҳо ҳамоиши мардуми минтақаро суръат бахшанд. Тобистони соли 2010-ум дар натиҷаи бархӯрдҳои қавмӣ миёни қирғизҳо ва узбактаборони ҷануби Қирғизистон садҳо кушта ба ҷой гузошт ва ҳазорон нафари дигар ба фирор аз макони доимии зисташон маҷбур шуданд.

Амонулло Эминов, узви Шӯрои шаҳри Ӯш, ки худ узбактабор аст, мегӯяд, дарсҳои забони қирғизӣ дар синфҳои узбакӣ ва эҳтимолан дар мактабҳои олии узбакӣ низ ҷорӣ шаванд.

Моҳира Абдураҳимова мудири мактаби Чолпони ниҳояи Қарасу мегӯяд, имсол аз байни 27 мактаби узбакии вилояти Уш камаш 20 мактаб таълими забони қирғизиро ҳамчун як гузина ба волидайн кӯдакони узбак пешниҳод кардаанд. Абдураҳимова меафзояд: “Баъзан ба хулоса меоям, ки яке аз сабабҳои низои солҳои гузашта масъалаи забон буд. Ба ақидаи ман, ҳамаи кӯдакон бояд ба забони давлатӣ ҳарф зананд. Дар он сурат девори миёни қавмҳо аз байн рафта, ҳамзистиву муоширати онҳо беҳтар хоҳад шуд. Мо саъй дорем, ки дарсҳои забони қирғизиро ҷорӣ кунем, вале, ба фикрам, ду ва ё се дарс дар як рӯз кофӣ нест. Бар илова муаллими забони қирғизии мактаби мо ба муаллимони узбактабор ҳам дарси забони қирғизӣ медиҳад, то онҳо низ ба ин забон ҳарф зада тавонанд.”

ВОКУНИШҲО БА ТАШАББУС

Дар ҳамин ҳол мухолифони ин ташаббус мегӯянд, ташвиқи аз ҳад зиёди забони қирғизӣ дар амал боиси нороҳатии узбактаборон хоҳад буд. Шореҳи мустақил Абдумӯъмин Мамадраҳимов таъкид мекунад, ки шояд шуморе аз узбакҳо таълими асосӣ ба забони қирғизиро ҳамчун табъиз қабул кунанд.

Аммо ташаббускорон ба оғози марҳалаи дуюми барномаашон омодагӣ мегиранд. Рӯзноманигор Эркин Бойназаров мегӯяд, 50 шиноси узбактабори вай пешниҳод кардаанд, ки дар мактабҳои узбакӣ фақат дарсҳои забон ва адабиёт ба забони узбакӣ таълим дода шаванду омӯзиши фанҳои боқимонда ба забони қирғизӣ сурат гирад. Ба ин тартиб, баъди хатми мактаб узбактаборон имкони бештари таҳсилу кор хоҳанд дошт.
XS
SM
MD
LG