Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯгоҳ аз кор монд. Айб дар агрегат ё ҷараёни об?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар охири моҳи августи соли ҷорӣ раисиҷумҳури Тоҷикистон нерӯгоҳи якмегаваттӣ дар деҳаи Санги Кари ноҳияи Раштро мавриди истифода қарор дод, ки яке аз сохтмонҳои ҷашнӣ ба истиқболи 20-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон буд.

Вале ин нерӯгоҳ як киловат соат нерӯи барқ тавлид накарда, аз кор мондааст. Ҳоло миёни ширкати "Диамант и К" ва Пажӯҳишгоҳи тарроҳии гидроэнергопроекти Тоҷикистон, ки тарҳи фаннии ин нерӯгоҳро омода кардааст, баҳсу баррасӣ дар мавриди нуқси ин нерӯгоҳ идома дорад.

Ширкати "Диамант и К", ки ин нерӯгоҳро бо ду агрегати тавони 500-волтӣ таъмин кардааст, мегӯяд, нуқси аслии кор накардани ин нерӯгоҳ дар ҷараёни об аст. Аммо намояндагони Пажӯҳишгоҳи гидроэнергопроекти Тоҷикистон мегӯянд, нуқси аслӣ дар агрегатҳост, ки таъмир дидаанд ва тавони тавлиди 1 мегават нерӯи барқро надоранд.

Шарифи Комил, сокини деҳаи Санги Кар, ки дар ҷараёни баҳси ин ду тараф ширкат доштааст, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "Намояндаи Институти гидроэнергопроект, ки аз Душанбе омада буд, гуфт, ки камбудӣ дар агрегатҳост. Аммо чиниҳо ва ширкати "Диамонт и К" гуфтанд, ки сабаи кор накардани нерӯгоҳ дар камбуди об ва қубури обшор аст. Вале ба назари муҳандисони мустақил, ки дар ин баҳс ширкат доштанд, нуқс дар агрегатҳост, ки аслан кӯҳна ҳастанд.”

Бо ин ҳол, мақомоти расмии Тоҷикистон хабари аз кор бозмондани нерӯгоҳи Санги Карро тасдиқ намекунанд. Салоҳиддин Мирзоев, муовини раиси Маркази татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ дар ҷумҳурӣ мегӯяд, ки нерӯгоҳи Санги Кар дар ҳоли ҳозир фаъол аст. Ӯ афзуд: “26-уми август бо иштироки президент ин нерӯгоҳ мавриди истифода қарор гирифт, ки иқтидораш 1000 киловат ё 1 мегават аст.”

Аммо Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик" дар мавриди кор кардан ва ё аз кор бозмондани нерӯгоҳи Санги Кар дар ноҳияи Рашт посухи мушаххасе нагуфт. Ба қавли ӯ, нерӯгоҳҳои хурд дар системаи энержии ҷумҳурӣ дохил намешаванд, зеро хусусияти маҳаллӣ доранд. Ӯ гуфт: “Нерӯгоҳи Санги Кари Рашт ҳоло кор мекунад. Ин нерӯгоҳ мисли Норак нест. Он мисли як осиёб аст. Обро бандӣ, аз кор мемонад, обро сар додӣ, кор мекунад. Дар ҳоли ҳозир ҳама нерӯгоҳҳои кӯчак дар ҷумҳурӣ кор мекунанд.”

Нерӯгоҳи якмегаватии Санги Кар як лоиҳаи инвеститсионӣ буд ва дар гузашта ширкати эронии “Роҳи корвон” дар тендер ғолиб омада буду ба сохтмони он шурӯъ кард. Баъдан раиси ширкати Роҳи корвон ба Маркази иҷрои лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон муроҷиат кард, ки дар лоиҳа камбудҳо ҷой доранд ва хостори таҷдиди назар дар ин лоиҳа шуд.

Вале Маркази иҷрои лоиҳаҳои гидроинергетикии Тоҷикистон натиҷаи тендерро бекор кард ва иҷрои ин тарҳро ба ширкати дигар вогузошт. Ин лоиҳа аз сӯи маркази тарроҳии гидроэнергпроекти Тоҷикистон тарҳрезӣ шуда буд, ки ба қавли ширкати Роҳи корвон дар мавриди ҳаҷми ҷараёни об, сохтмони канали обрав норасоӣ вуҷуд дошт.

Ин дар ҳолест, ки аксари нерӯгоҳҳои хурду кӯчаки ба истифода додашуда дар Тоҷикистон тақрибан сарнавишти нерӯгоҳи Санги Карро доранд. Яъне ба хотири ҷашне зуд сохта ба истифода дода мешаванду баъдан аз кор мемонанд ва ё ки нимасохт боқӣ мемонанд.
XS
SM
MD
LG