Масъулони бахши маорифи Арманистон мегӯянд, шоҳмотбозӣ дар зеҳни кӯдакон хислатҳои фикрронии стратегӣ дар мактаб, хона ва ҳаёти минбаъдаро рушд медиҳад.
Ҳамин тариқ, сар аз оғози соли нави хониш 40 ҳазор навраси арманӣ дар беш аз 1 ҳазору 500 мактаби ин кишвар китобҳои дарсӣ ва ҷиҳози бозии шоҳмотро дастрас намуданд ва 1 ҳазору 200 муаллими интихобӣ ду дафъа дар як ҳафта дарси шоҳмот медиҳанд.
Вачик Хачатурян солҳои тӯлонӣ аз математика ё худ риёзиёт сабақ медод. Акнун ӯ тасмим гирифтааст, дар мактаби миёнаи рақами 125-и шаҳри Ереван таълими шоҳмотро ҳам бар дӯш гирад: “Қабл аз ҳама шоҳмот бозӣ асту дарс ба хурсандӣ мегузарад. Дар айни замон он зеҳнро тараққӣ медиҳад. Дар баробари бозӣ кӯдакон фикрронии мустақилонаро аз худ мекунанд. Ин фикрронии мустақилона, ба вижа ба хурдсолон, ҷолиб аст.”
Арманистон яке кишварҳои рушднамудаи соҳаи шоҳмот ба шумор меравад. Дар ин кишвар беш аз 30 устоди шоҳмот ё худ гроссмейстер ба воя расидаанд. Дар солҳои 2006 ва 2008-ум Арманистон қаҳрамони олимпиадаи шоҳмот шудааст.
Президенти Арманистон Серж Саркисян раиси фахрии Академия ва Иттиҳоди шоҳмоти ин кишвар буда, тӯли се соли гузашта дар таҳияи барномаи таълими шоҳмот дар мактабҳои миёна фаъолона ширкат варзидааст. Масъули Академияи шоҳмоти Арманистон Самбат Лапутян муаллифи барномаи ҷорӣ намудани шоҳмот дар мактабҳои миёна аст.
Ӯ мегӯяд: “Шоҳмот шуморо водор ба қабули қарор мекунад. Шумо стратегияи худро тарҳрезиву иҷро мекунед. Шумо бояд қарорҳои худро андешида, аз байни онҳо яке, яъне дурустро қабул кунед. Дар ҳар як қадам шумо бояд қарор қабул кунед. Тамоми бозӣ ба тасмимгирӣ марбут аст ва он бояд дуруст бошад. Бозии шоҳмот ба шумо гирифтани тасмим дар шароити вазнинро таълим медиҳад.”
Аксари арманиҳо бозии шоҳмотро ҳамчун василаи пайванд миёни мардум медонанд, ки ба фарқи синну сол ва рушди ҷистмонӣ рабте надорад. Равоншиноси арманӣ Рузана Ғарибян мегӯяд, саҳме, ки шоҳмот дар рушди зеҳнии кӯдакон дорад, ҳеҷ гуна бозии компютерӣ дошта наметавонад. Ӯ меафзояд: “Дар бозии шоҳмот ҳар ҳаракат масъулият дорад. Дар бозиҳои компютерӣ кӯдакон ҳеҷ эҳсоси масъулият надоранд.”
Дар ҳақиқат пажӯҳишҳои донишмандони кишварҳои дигар ҳам собит кардаанд, ки шоҳмотбозӣ китобхонии кӯдаконро беҳбуд бахшида, дар таҳкими ҳисси тамаркуз, хотира ва ҳисоби кӯдакон кӯмак мерасонад.
Тамоми бозӣ ба тасмимгирӣ марбут аст ва он бояд дуруст бошад. Бозии шоҳмот ба Шумо гирифтани тасмим дар шароити мушкилро таълим медиҳад...