Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бузургтарин (2,5 млрд доллар) моҷарои молӣ дар Эрон


Раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод дар роҳи сафар ба Ню Йорк, барои ширкат дар Маҷмаи умумии СММ. Теҳрон, 19 сентябри соли 2011.
Раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод дар роҳи сафар ба Ню Йорк, барои ширкат дар Маҷмаи умумии СММ. Теҳрон, 19 сентябри соли 2011.

Эрон дар ростои як тақаллуби бузурги бонкӣ қарор гирифтааст, ки сиёсат аз лобалои он падидор мешавад.

Ахиран беш аз дуюним миллиард доллар дар бонкҳои Эрон бо санадҳои тақаллубӣ мавриди сӯистифода қарор гирифтааст, ки гуфта мешавад мақомоти давлатӣ низ дар ин амал даст доштаанд.

Қазия айнан шабеҳи ифшои харҷи берун аз таъйини наздик ба 1 миллиард доллар дар Бонки миллии Тоҷикистон дар давраи раҳбарии Муродалӣ Алимардонов аст, ки ҳангоми бозрасии фаъолияти ин бонк аз тарафи ширкати "Эрнст энд Янг" рӯ зад ва сабаби сару садоҳои зиёд гашт. Яъне сармоя рабуда нашуда, балки бо аҳдофи дигар истифода гаштааст.

Сарфи норавои қариб 2,6 миллиард доллар дар Эрон ин кишвари
Аммо ҳадафи аслӣ ба назари ман ин аст, ки чун теғи Шӯрои Нигаҳбон дар интихоботи оянда дар заминаи радди салоҳиятҳо чандон коро нахоҳад буд, бинобар ин додгоҳ истифода хоҳад шуд. Решаи парванда аз рақобатҳои сиёсӣ маншаъ мегирад...

сармоядорро такон дод, аммо ин такон бо пайомади сиёсии он қобили муқоиса нест. Махсусан, ки ангушти ишора ба сӯи шарикони аршади раисиҷумҳури кишвар Маҳмуд Аҳмадинажод баланд шудааст.

ТАЛАБИ БОЗҶӮИИ ХОЛИСОНА

Худи раисҷумҳур, ки ҳатман ҳассосияти сиёсии қазияро дарк мекунад, давлаташро "поктарин давлати таърихи Эрон" хонд ва раиси додгоҳро ба бозҷӯии холисонаи сарфи норавои маблағ ва ошкору муҷозот кардани дастандаркорони ин амал даъват кард.

Аммо дуруст як рӯз пас аз ин суханони Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси додгоҳи Эрон фардеро масъули ин парванда таъин кард, ки ҳамчун яке аз мухолифони аршади Аҳмадинажод машҳур аст. Яъне Ғуломҳусайни Мӯҳсинии Эжеӣ, аз мақомҳои ихроҷӣ ё аз вазифа рондашудаи давлати Маҳмуди Аҳмадинажод. Ба ҳамин далел Маҷиди Муҳаммадӣ, таҳлилгари сиёсӣ дар Амрико, мегӯяд, таъйини Эжеӣ ба ин симмат паёми вежа дорад:

“Ду нукта хеле аҳамият дорад: нуктаи аввал --интихоби оқои Эжеӣ, ки аз ихроҷиҳои давлати Аҳмадинажод аст, ба унвони додситони кулли кишвар ва нуктаи дуввум мавридҳоест, ки дар матни ҳукм омадаас т. Се маврид дар матни ҳукм омадааст, ки ҷалби таваҷҷӯҳ ҳастанд. Якум интиқоли парванда аз устони Хузистон ба Теҳрон, дуввум шиносоӣ ва бозпурсии гумонбаршудаҳо новобаста ба мақоми онҳо ва сеюм инҳисори ин парванда танҳо аз ҷониби додгоҳ, яъне ин ки Маҷлис ва сохторҳои назоратии давлатро истисно карданд. Ҳар се маврид нишон медиҳад, ки тамаркуз бар расидагӣ ба давлат аст ва мақомоти давлат аз ин бозҷуӣиҳо масуният нахоҳанд дошт.”

Тайи рӯзҳои гузашта ҳеҷ як аз мақомҳои бонкдории Эрон ҳозир ба пазириши масъулияти ин ҷанҷоли бузурги молӣ нашуд. Муҳаммади Ҷаҳрумӣ, раиси бонки “Содирот”, ки санадҳои ин бонк дар ҷараёни сӯистифодаи маблағи номбурда ҷаҳл ё сохта шудаанд, аз ҷумлаи ин мақомот аст.

Вай гуфт: “Истифодаи тақаллуб дар робита ба бонки “Содирот” ин унвони дурусте нест, дуруст аст агар бигӯем, ки тақаллуб аз шабакаи бонкӣ бо сохтани асноди бонкӣ “Содирот” сурат гирифт.”

Аз сӯи дигар ошкор шудани сӯистифодаи беш аз дуюним миллиард доллар аз сохтори бонкии Эрон боис шудааст, ки то бархе аз мухолифон ва мунтақидони ростгарои давлат низ фазоро барои ҳамлаи бештар ба давлат фароҳам бубинанд.

Мӯҳсини Рафиқдӯст яке аз ин афрод аст, ки бародараш бо ҷурми қаллобии 1,3 миллиард доллар солҳо пеш ба ҳабси абад маҳкум шуда буд. Мӯҳсини Рафиқдӯст бо дарҷи матлабе дар сомонаи “Алиф” гуфтааст, “набояд ҳеҷ маслиҳатсанҷӣ ва ё масунияти сиёсӣ монеи расидагӣ ба иттиҳомоти шахсиятҳои даргир дар ин парванда шавад."

Бо ин вуҷуд Маҷдии Муҳаммадӣ таҳлилгари сиёсӣ дар Амрико бар ин бовар аст, ки ривояти бархӯрди додгоҳ бо давлати Аҳмадинажод фаротар аз қазияи беш аз 2,5 миллиард доллар аст.

Вай ин нуктаро ин гуна баён дошт: “Додгоҳ мехоҳад, бо истифода аз ин парванда эътибори худро, ки дар солҳои ахир бисёр маҳдуд шудааст, дубора мустаҳкам кунад. Аммо ҳадафи аслӣ ба назари ман ин аст, ки чун теғи Шӯрои Нигаҳбон дар интихоботи оянда дар заминаи радди салоҳиятҳо чандон коро нахоҳад буд, бинобар ин додгоҳ ба сурати як шамшер аз сӯи раҳбарият истифода хоҳад шуд, барои назорат бар тими давлат. Яъне мегӯянд, ки мо ҳамчунин дар оянда низ, то охири муҳлати раёсати проезидент ин гуна парвандаҳоро, ки теғаш мутаваҷҷеҳ ба давлат хоҳад буд пайгирӣ хоҳем кард. Ва ҳамчунин касоне, аз давлат, ки мехоҳанд, фаъолиятҳои сиёсӣ дар Маҷлис ва ё берун аз Маҷлис дошта бошанд, ба Адлия ё Қувваи Қазоӣ рӯбарӯ хоҳанд шуд. Решаи парванда аз рақобатҳои сиёсӣ маншаъ мегирад.”

Ва ниҳоят ин ки Мӯҳсинии Эжеӣ дар ҳоле масъули пайгирии қазияи сӯистифодаи беш аз 2,5 миллард доллар шудааст, ки пеш аз ин дар парвандаи мушобеҳ, бо сӯистифодаи 123 миллардтуманӣ барои муттаҳами он параванда Фозили Худод ҳукми эъдом содир карда буд.
XS
SM
MD
LG