Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Хашм”-и Саудӣ. Эрон дар инзивои бештар қарор мегирад


Cафири Арабистони Саудӣ дар Иёлоти Муттаҳида, Одил Ҷубейр
Cафири Арабистони Саудӣ дар Иёлоти Муттаҳида, Одил Ҷубейр

Арабистони Саудӣ гуфтааст, бар зидди сӯиқасд ба ҷони сафираш дар Вашингтон, ки гуфта мешавад, дар паси он Эрон қарор дорад, иқдомоти ҷиддиро баррасӣ мекунад.

Дар эъломияе, ки SPA - хабаргузории давлатии Арабистони Саудӣ мунташир сохт, ин амал маҳкум шудааст ва дар он омадааст, ин сӯиқасд “хашму ғазаб”-ро ба бор овардааст ва Арабистони Саудӣ тасмимоти баъдии худро дар ин замина бо Амрико ҳамоҳанг мекунад.

Дар ҳамин ҳол Бритониқ низ гуфтааст, ки барои додани посух ба ин сӯиқасд бо Амрикову Арабистони Саудӣ ҳамкорӣ хоҳад кард. Мақомоти Амрико ду марди эронитаборро барои талоши сӯиқасд ба ҷони Одил Ҷубейр - сафири Арабистони Саудӣ дар Вашингтон гунаҳгор эълон карданд.

Дар мусоҳибае бо Мурод Вейсӣ, таҳлилгари умури Эрон дар Радиои Фардо пурсидем, ки оё барои исботи ин иттиҳом ҷонибҳои Амрикову Арабистони Саудӣ то ҳол далоили нав ба даст овардаанд?

Мансур Арбобсаёр
Мансур Арбобсаёр

Мурод Вейсӣ: "Додситони кулли Амрико оқои Эрик Ҳолдер гуфтааст, ин ду эронӣ, ки дар сӯиқасд алайҳи сафири Арабистони Саудӣ дар Амрико ва сафорати Исроил муттаҳам ҳастанд, эронитабор мебошанд. Ба гуфтаи додситони Амрико, ин сӯиқасдкунандагон илова бар худашон аз ҳимояти давлати Эрон бархӯрдор будаанд. Дақиқан дар шикоятномае, ки танзим шудааст, онҳо гуфтаанд, ки сӯиқасд дар марҳилаи тасмимгирӣ ва ҳимоят аз Эрон ҳидоят шудааст. Ин суханоне ҳаст, ки Додситони кулли Амрико гуфтааст ва эълон кардааст, ки ин кор таҷовуз ба қонуни Амрико ва ҳуқуқи байнулмилалист."

Радиои Озодӣ: Вале то ҳол Эрон ин иттиҳомотро рад кардааст. Далели ҷониби Эрон чӣ аст ва ба ин иттиҳомот чӣ вокуниш нишон додааст?

Мурод Вейсӣ: "Дар Эрон се мақоми расмӣ мавзеъгирии худро эълон кардаанд: Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон, сафири Эрон дар СММ ва ҷонишини фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорон. Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон гуфтааст, ки ин иддао сенарияи сохта аст ва равобити Эрону Арабистони Саудӣ бар рӯи эҳтироми мутақобил пайрезӣ шудааст ва ин кор наметавонад рӯи равобити Эрону Арабистони Саудӣ таъсир гузорад. Оқои Муҳаммади Хазоӣ - сафири Эрон дар СММ як нома ба Бан Ки Мун-Дабири кулли СММ дода ва гуфтааст, ин инҳирофи таваҷҷӯҳи амрикоиҳо аз мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоиашон аст. Ҷонишини фармондеҳи кулли сипоҳ Саломи Ҳусейнӣ ҳам гуфтааст, ки ин иддао беасос аст ва ба гуфтаи эшон ҳам, Амрико талош дорад афкори умумии дунёро аз наҳзати зидди сармоядории Амрико мунҳариф созад."

Аз тарафи чап: Ҳуго Чавез, раисиҷумҳури Венесуэла, Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон ва Абдуллоҳ бин Абдулазиз, шоҳи Арабистони Саудӣ. Риёз, моҳи ноябри соли 2007
Аз тарафи чап: Ҳуго Чавез, раисиҷумҳури Венесуэла, Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон ва Абдуллоҳ бин Абдулазиз, шоҳи Арабистони Саудӣ. Риёз, моҳи ноябри соли 2007

Радиои Озодӣ: Бубинед, ба ҳар ҳол таҳқиқи ин сӯиқасд идома дорад. Агар талоши сӯиқасд исбот шавад, ҷомеаи байнулмилалӣ, бахусус Амрико ва Арабистони Саудӣ бар зидди Эрон иқдоме хоҳанд кард?

Мурод Вейсӣ: "Хонум Клинтон - вазири корҳои хориҷии Амрико гуфтааст, ки бо муттаҳидинаш дар ҷомеаи байнулмиллалӣ барои мунзавӣ кардани Эрон дар ҳоли машварат аст. Ҷо Байден - муовини раисиҷумҳури Амрико низ гуфтааст, ки Эрон бояд масъулияти корашро бипазирад. Дар аввалин иқдоми худ ҳам Амрико эълон кард, ки ширкати ҳавоии “Моҳон-Эйр”-ро, ки ширкати мусофирбарии Эрон аст, таҳти таҳрим қарор додааст, чун ин ширкат ба нерӯи Қудс ҳам хадамоти худро пешкаш кардааст ва ҳам дар интиқоли нерӯҳои Қудс ба Лубнон ва Сурия даст доштааст. Вале дар маҷмӯъ, Амрико эълон кардааст, ки бо муттаҳидинаш дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди дар инзивои бештар қарор додани Эрон машварат хоҳад кард."

Радиои Озодӣ: Оё иртиботи ин ду нафар бо нерӯҳои Қудс ва Сипоҳи посдорони инқилоб собит шудааст?

Мурод Вейсӣ: "Дар Амрико эълон шудааст, ки ин ду нафар муртабит бо нерӯи Қудси Эрон ҳастанд ва нафари якум Мансури Арбобсайёр боздошт шудааст ва нафари дуввум, ки Ғуломшакурӣ ном дорад, фирорӣ мебошад. Ин чизе ҳаст, ки давлати Амрико эълон кардааст."
XS
SM
MD
LG