Владимир Садовничий, шаҳрванди Русия ва Алексей Руденко, шаҳрванди Эстония, рӯзи ҷумъаи 14-уми октябр дар мурофиаи додгоҳӣ боздошти худро дар моҳи марти имсол дар фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа ғайриқонунӣ хондаанд.
Ин ду полковники мустафъӣ тибқи се моддаи кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла қочоқ, убури ғайриқонунии марз ва нақзи меъёрҳои байналмилалии парвоз муттаҳам мешаванд.
Айбдоркунандаи давлатӣ Файзулло Холов мегӯяд, 12-уми марти соли ҷорӣ Садовничий ва Руденко, ки ҳавопаймоҳои навъи АН-72, мансуб ба ширкати «Ролкан Инвестмент ЛТД»-ро халабонӣ мекарданд, бидуни огоҳии мақомоти ҳавонавардии Тоҷикистон, дар фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа фуруд омаданд. Додситон мегӯяд, ин ҳавопаймоҳо аз Афғонистон ба ҳаракат даромада, марзи Тоҷикистонро ғайриқонунӣ убур кардаанд. Ин афрод, ба иддаои додситон, қасд доштаанд, ки як адад муҳаррики ҳавопайморо аз роҳи қочоқ ба самти Русия интиқол бидиҳанд. Ин муҳаррики ҳавопаймо, тибқи арзёбии коршиносон, 1 миллиону 88 ҳазор сомонӣ қимат доштааст.
Дар ҳамин ҳол, Ғулом Бобоев, вакили мудофеи Садовничий ва Руденко, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, афроди зерҳимояи ӯ сарҳадшиканӣ накардаанд ва муҳаррике, ки гӯё қочоқ шудааст, қисми эҳтиётии ҳавопаймои таҳти идораи халабонҳо будааст: «Онҳо бояд аз Кобул ба Русия мерафтанд, аммо дар миёнароҳ ба фурудгоҳи Қӯрғонтеппа бояд фуруд меомаданд. Ҳама ҳуҷҷатҳои лозимиро ҳамроҳи худ доштанд. Албатта, ҳарфи охиринро дар ин парванда суд мегӯяд, аммо мувофиқи кодекси ҳавоии Тоҷикистон ва кодекси ҳавоии Русия, вақте, ки ҳавопаймо аз як нуқтаи дигар ба ватан бармегардад, ҳамаи қисмҳои эҳтиётӣ, либосу дигар ашёе, ки ба ширкати молики ҳавопаймо мансуб аст, бояд ҳамроҳаш бигирад. Ғайр аз ин, ин маркаи самолётҳо бояд бе мотор ё муҳаррики эҳтиётӣ дар масофа ё роҳҳои дур ҳаракат карда наметавонад, ҳатман бо худ бояд дошта бошад. Ҳамин муҳаррикро қочоқ гуфта, инҳоро айбдор карда истодаанд. Мақомоти тафтишот мегӯянд, ки муҳаррик бояд декларатсия карда мешуд. Аммо декларатсияро дар он ҳолат мекунед, ки ҳамин мотор ё қисмҳои эҳтиётиро агар дар мамлакати мо фароварда, ба фурӯш гузоранд. Лекин агар ин ашёҳо транзит мешуда бошад, декларатсия ҳатмӣ нест…»
Дар ҳамин ҳол, Владимир Садовничий, яке аз афроди муттаҳам, мегӯяд, ҳавопаймои зери идораашро танҳо ба хотири сар назадани садама дар фурудгоҳи Қӯрғонтеппа поин овардааст, чун захираи маводи сӯхташ анҷом шудааст. Вай афзуд, тавассути ҳавопаймояш ҳеҷ маводи мамнӯъ ва хатаровареро ҳамлу нақл накардааст: «Ҳоло мақомоти тафтишотӣ муҳаррикеро, ки дар ҳавопаймо интиқол медодем, на ҳамчун қисми эҳтиётӣ, балки ҳамчун моли тиҷоратӣ арзёбӣ мекунад. Бояд бигӯям, ки тибқи қонунҳои байналмилалӣ ва Тоҷикистон, агар дар дохили ҳавопаймо аслиҳа, дигар маводи таркандаи мамнӯъ ё маводи мухаддир набошад, на капитан ва на халабонҳои ҳавопаймо набояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Барои ҳамлу нақли дигар ашё ширкати молики ҳавопаймо ҷавобгар аст.»
Дар мурофиаи додгоҳӣ шоҳидон, ки намояндагони дидбонгоҳи гумрукии фурудгоҳи Қӯрғонтеппа буданд, гуфтанд, ки зимни тафтиши ин ҳавопаймоҳо ягон маводи мамнӯъ ё ашёи ғайриқонуниро кашф накарданд.
Вале ба иддаои мақомоти тафтишотӣ, муҳаррики кашфшуда мансуб ба ҳавопаймои таҳти идораи халабонҳо набуд, балки аз Кобул ба самти Русия интиқол дода мешуд.
Владимир Садовничий ва Алексей Руденко капитанҳои ду ҳавопаймои мансуб ба ширкати «Ролкан Инвестмент ЛТД» будаанд. Ширкати мазкур дар минтақаи оффшории Вирҷинияи Бритониёи Кабир сабтином шуда, молики аслии он маълум нест.
Аммо Валерий Пфефер, намояндаи «Ролкан Инвестмент ЛТД», дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, Садовничий ва Руденко бо ширкати мазкур шартномаи корӣ дошта, се соли охир дар Афғонистон ба ҳамлу нақли маводи ғизоии мансуб ба НАТО сарукор доштаанд: «Садовничий ва Руденко дар Афғонистон маводи озуқа интиқол медоданд. Ҳавопаймоҳои мо барои кадом як ҳадафҳои низомӣ ё транзити маводи мамнӯъ истифода намешуд. Тамоми тафтишҳои мақомоти гумрук ва амнияти Тоҷикистон ҳам инро тасдиқ карданд. Ҷараёни тафтишот ва ин муҳокимаи додгоҳӣ маро ба ҳайрат овардааст, чун одамони бегуноҳро боздошт кардаанду қариб 8 моҳ мешавад, онҳо дар маҳкама ҳастанд ва ҳуқуқашон поймол мегардад. Дар ҳоле, ки ҳоло мебинем, Садовничий ва Руденко ҳеҷ банди қонунҳои Тоҷикистонро нақз накардаанд».
Ҷаноби Пфефер афзуд, чанд дафъа талош кардааст, сафорати Русияро ба парвандаи Садовничий, ки полковники мустафъии артиши Русия ва дорои мукофотҳои давлатии кишвараш аст, ҷалб намояд. Аммо, ба гуфтаи ӯ, сафорати Русия дар Тоҷикистон қазияи мазкурро нодида мегирад.
Дар ҳамин ҳол, Алексей Степанов, сухангӯи сафорати Русия дар Душанбе, гуфт, консулгарии Русия аз оғоз парвандаи Садовничий ва Руденкоро таҳти назар дорад: «Тамоми тадобири ҳадди имконро барои дастгирии шаҳрванди кишварамон анҷом дода истодаем. Намояндаи консулгарии Русия дар мурофиаи додгоҳӣ ширкат меварзад. Доир ба ин қазия бо вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон тамоси доимӣ гирифта мешавад».
Парвандаи халабонҳои рус Садовничий ва Руденко, ки ҳарду 53 сол доранд, аз сӯйи додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа ба баррасӣ гирифта шудааст. Додраси парванда Темур Боев то рӯзи сешанбеи 18-уми октябр дар муҳокимаи додгоҳӣ танаффус эълом кард. Айни ҳол нафарони муттаҳам дар маҳкамаи тафтишотии шаҳри Қурғонтеппа нигоҳ дошта мешаванд.