Ва бештар аз ҳазор нафарро захмӣ ва ҳазорон нафари дигарро бехонумон кард. Бо умеди пайдо кардани афроди зиндамонда, наҷотбахшони Туркия ҷустуҷӯ дар зери вайронаҳоро идома медиҳанд.
Аз тарси такрори заминларза дар вилояти Ван, ки умдатан курднишин аст, ҳазорон нафар шаби гузаштаро зери ҳавои кушод ва дар сармо сипарӣ карданд ва ба гуфтаи ҳавошиносон рӯзҳои оянда ин ҷо сардтар мешавад ва барф меборад.
Дар вилояти Ван ва ноҳияи Эрсис, маъмурони наҷоти Туркия тамоми шаб ба берун кашидани аҷсоди қурбониёни заминларза машғул буданд. Достонҳои дилрешкунандае доир ба наҷоти бозмондагони заминларза ба гӯш мерасад. Аз ҷумла яке аз онҳо мегӯяд: "Ману бародарам дар Эрсис зери овор монда будем, маро зинда берун оварданд, аммо бародарам ҳанӯз онҷост."
Мақомоти Туркия гуфтанд, то кунун марги 264 нафар таъйид шудааст ва бештар аз ҳама Эрсис осеб дидааст ва дар он ҷо 80 хонаи бисёрошёна вайрон шудааст ва ба эҳтимоли ғолиб сокинони 40 бино зери харобаҳо дармондаанд.
Яке дигар аз бозмондагони фалокат мегӯяд: "Воқеан, вазъ бисёр бад аст. Бисёре аз дӯстону наздикони мо дар зери овор мондаанд. Мо доир ба онҳо чизе намедонем."
Раҷаб Таййиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия шаби якшанбе ба минтақаи Ван шитофт ва гуфт, ғолибан теъдоди қурбониён хоҳад афзуд. Ӯ аз сарнавишти шаҳрҳо ва минтақаҳои хурду дурдаст ибрози нигаронӣ кард, ки бо қатъи хадамоти телефонӣ, иттилои зиёде доир ба онҳо мавҷуд нест.
Туркия барои ҷустуҷӯи бозмондагон дар Ван ва Эрсис, ҳазорон нафар ва аз ҷумла наҷотбахшон аз 38 шаҳрро ба маҳали ҳодиса сафарбар кардааст. Чанд кишвар ба Туркия пешниҳоди кӯмак кардаанд ва Раҷаб Таййиб Эрдуғон гуфт, дар сурати зарурат аз онҳо дархости кӯмак хоҳад кард: "Туркия дар сурати зарурат аз кишварҳои дигар кӯмак хоҳад хост. Ҳоло гурӯҳҳои наҷот аз Озарбойҷону Эрон ва Бурлғористон дар маҳали офат кор мекунанд."
Минтақаи Ван, воқеъ дар ҷанубу шарқи Туркия, яке аз гӯшаҳои фақиртарини ин кишвар аст, ки даҳсолаҳо боз дар он нерӯҳои Туркия бо ҷудоихоҳони курд ҷангидаанд. Расидан ба Ван ҳам мушкил шудааст, чун фурудгоҳи шаҳр осеб дидааст ва роҳҳои ба сӯи он низ баста шудаанд. Ҳукумати Туркия ҳоло даступо мезанад, то ҳарчӣ зуд ба кӯмаки мардуми аз заминларза ба ваҳшатафтода бирасад.
Идрис Наим Шоҳин, вазири умури дохилии Туркия гуфт, барои мардуми бехонумоншуда, дар майдони футболи шаҳр барои онҳо аз хаймаҳо ҷои зист дуруст кардаанд ва мардум ба тадриҷ ба он ҷо интиқол дода мешаванд. Заминларзаи қавӣ дар имтидоди марзи Туркия бо Эрон ба вуқӯъ пайвастааст ва ба навиштаи матбуоти Эрон дар баъзе аз шаҳрҳои ин кишвар мардумро воҳима фаро гирифтааст.