Ин санад барои Аврупо, ки ҷӯёи имконоти алтернативии воридоти маводи сӯхт мебошад, хеле муҳим аст.
Ин созиш рӯзи 25-уми октябр дар шаҳри Измири Туркия имзо шуд. Акнун Аврупо имкон дорад на танҳо аз Озарбойҷон, балки аз Туркманистон ҳам гази табиӣ харидорӣ намояд. Бар пояи мувофиқат, гази табиии Озарбойҷон аз кони Шаҳдениз-2 бидуни убури хоки Русияву Эрон тавассути Туркия ба Аврупо интиқол хоҳад ёфт. Дар марҳилаи навбатӣ се тарҳ: Лоиҳаи муштараки Туркия-Юнон-Италия, лӯлаи фаро-адриатик ва Набуккои Иттиҳодияи Аврупо барои муҷаввизи бунёди лӯлаи мазкур талош хоҳанд варзид. Рӯзи 25-уми октябр дар Истанбул ҳайатҳои кории ҳар се тарҳ, барномаҳояшонро муаррифӣ намуданд.
Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Кристиан Долежал- сухангӯи Набукко гуфт: “Ҳадафи Набукко интиқоли гази табиӣ аз кони Шаҳдениз-2 ва дигар конҳои озарӣ аст. Аз ин рӯ мо бояд кӯшишҳоямонро бо маъмурияти конҳои ҷониби озарӣ ҳамоҳанг кунем. Мо дар ин самт низ талош дорем.”
Аммо кони Шаҳдениз-2 дар танҳоӣ барои қонеъ намудани ниёзмандиҳои аврупоиҳо кофӣ нест. Долежал мегӯяд, аврупоиҳо умед доранд, ки Туркманистон ҳам ба содироти газ тавассути лӯлаи Набукко мувофиқат хоҳад кард.
Туркманистон бо захираи бузурги гази табиияш, ки эҳтимолан дар ҷаҳон ҷои сеюмро ишғол мекунад, то кунун бо кадом кишваре дар бораи содироти газ ба Аврупо созиш имзо накардааст. Шояд Туркманистон аз он хавф дорад, ки чунин созиш метавонад Русия-муштарии асосии гази ин кишварро ба ғазаб орад.
Вале Роберт Катлер, пажӯҳишгари маркази Аврупо, Русия ва Авруосиё дар шаҳри Оттаваи Канада мегӯяд, мавқеи Туркманистон ба тадриҷ тағйир меёбад. Ба қавли Катлер, моҳи равон ҳангоми мулоқот бо президенти Австрия Ҳейнтс Фишшер, раисҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ишора кард, ки кишвараш метавонад дар оянда ба Аврупо гази табиӣ содир кунад. Катлер пайваст шудани Туркманистон ба шабакаи лӯлаҳои Озарбойҷонро низ амри воқеӣ мешуморад.
Бар илова Катлер тақдими салоҳияти музокирот ба ниҳоди иҷроияи Иттиҳодияи Аврупо, яъне Комиссияи аврупоиро муҳим меҳисобад: “Он чизе, ки дар самти мусбат тағйир ёфтааст, ин аст, ки комиссияи аврупоӣ салоҳияти пешбурди музокиротро дарёфт намуда, дар арзёбии созиши миёни Озарбойҷону Туркманистон ба хотири бунёди лӯлаи гази ҳавзаи баҳри Каспий ва Аврупо саҳм гирад.”
Русия зиён ба табиати минтақа ва номуайян будани мақоми обанбори Каспийро баҳона карда, ба сохтмони лӯлаи Озарбойҷон-Аврупо мухолифат нишон медиҳад.
Аммо дар ҳар сурат коршиносони хушбин мегӯянд, масъалаи асосӣ, яъне мувофиқат ҳосил шуд, акнун камаш монд, яъне худи сохтмони лӯлаи газ.