Ғулом Бобоев, вакили ду халабони ширкати "Ролкан", мегӯяд, агарчӣ Сергей Полуянов, раҳбари ин ширкат, ҳамроҳи халабонҳо дар ҳавопаймо набуд, вале дар ҳамдастӣ ба ҷиноятҳои Садовничий ва Руденко муттаҳам мешавад.
Файзулло Холов, намояндаи Додситонии вилояти Хатлон гуфт, тафтиши парвандаи ҷиноии Сергей Полуянов, мудири ширкати "Ролкан Инвестмент ЛТД" аз сӯи муфаттишони Кумитаи амнияти миллӣ идома дорад ва худи ҷаноби Полуянов ҳам мавриди пайгарди байнулмилалии қонунӣ қарор гирифтааст.
Оқои Холов дар сӯҳбат бо "Озодӣ" гуфт, "ҳамчунин аз мақомоти Русия дархост кардем, ки дар сурати пайдо шудани ин нафар, ӯро мавриди боздошт қарор бидиҳад." Ба тахмини мақомоти тафтишотӣ, Сергей Полуянов ҳоло дар Маскав ба сар мебарад ва ширкати "Ролкан Инвестмент ЛТД"-ро аз он ҷо идора мекунад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ширкати мазкур дар ҳеҷ як ниҳоди расмии Русия сабтином нашуда, балки дар минтақаи оффшори ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониёи Кабир ба қайд гирифта шудааст.
Валерий Пфефер, намояндаи ширкат мегӯяд, "ширкати мо, ки соҳиби ҳавопаймоҳои борбари АН-72 аст, танҳо ҳавопаймоҳоро ба иҷора медиҳад ва худаш бевосита ба ҳамлу нақл сари кор намегирад. Ин ду ҳавопаймои боздоштшударо ширкати "Air Space" ба иҷора гирифта буд. Ҳоло ин ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи Қӯрғонтеппа нигоҳ дошта шуда, бинобар бекор мондани онҳо, ширкати мо зиёни қобили мулоҳизаи молӣ мебардорад."
Ҷаноби Пфефер мегӯяд, қазияи боздошт ва маҳкумияти халабонҳо дар ҳоле сиёсӣ шудааст, ки ду ҳавопаймои мусодирашудаи ширкати "Ролкан" дар Тоҷикистон камчину эксклюзив мебошанд. Ба иддаои ӯ, дар Тоҷикистон ин ҳавопаймоҳо ҳатто дар майдони пахта фуруд омад ва боло шуда метавонанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Файзулло Холов, айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофиаи додгоҳии Владимир Садовничий ва Алексей Руденко мегӯяд, парвандаи ин ду халабон, ки яке шаҳрванди Русия ва дигарӣ шаҳрванди Эстония мебошанд, ҳеҷ ангезаи сиёсӣ надорад. Он гуна ки расонаҳо ва мақомоти расмии Русия даъво мекунанд.
"Мухбирони расонаҳои Русия дар толори мурофиа хузур доштанд, ҳамаро дидаву сабт мекарданд, медиданд, ки гунохи Садовничий ва Руденко тасдиқи худро пайдо кард, аммо барқасдона маълумоти иғвоангезе нашр карда, мақомоти Русияро бо мо шӯрониданӣ мешаванд. Ҳуқуқи онхо дар ҳеч ҷое поймол нашудааст. Намефахмам, ки сабаби ин ҳама даъвою сару садоҳо чист. Аз суйи дигар, ҳазорон шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Русия ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидаанд, ҳар моҳ тобутҳои муҳоҷирони мо ба ватан интиқол дода мешаванд. Пас, чаро мо шаҳрвандеро, ки ҷиноят содир карда, қонунҳои кишварамонро поймол кардааст, танҳо барои он, ки шаҳрванди Русия аст, ба муҷозот накашем?!",-мегӯяд оқои Холов.
Бо ин вуҷуд, Ғулом Бобоев, вакили мудофеи Садовничий ва Руденко гуфт, аз болои ҳукми додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа, ки муваккилонашро маҳкум ба зиндон кардааст, ба додгоҳи вилояти Хатлон шикояти кассатсионӣ бурдааст. Ҷаноби Бобоев афзуд, сарнавишти парвандаи ҷиноии Сергей Полуянов, раиси ширкати "Ролкан Инвестмент ЛТД" ба ҳукми додгоҳи таҷдиди назар вобаста аст.