Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нидои эътирозгарон дар Миср: “Вожгун бод, ҳукумати низомӣ!”


Майдони "Таҳрир"-и Қоҳира дигарбора ба маҳали тазоҳуроти эътирозии мардуми Миср табдил ёфтааст.

Майдони Таҳрири Қоҳира, ки моҳи феврали соли ҷорӣ ба маҳалли тазоҳуроти тӯлонии зидди ҳукумати вақт мубаддал шуда буд ва саранҷом бо истеъфои Ҳуснӣ Муборак, раҳбари режими давр, ба поён расид, дубора ба маҳалли тазоҳуроти эътирозӣ табдил ёфтааст.

Дар давоми чанд рӯзи ахир дар даргириҳои миёни кормандони пулис ва эътирозгарон 22 нафар кушта шуданд. Тазоҳуркунандагон ин бор тақозо доранд, ки зимоми ҳокимият аз ҳукумати низомӣ ба ҳукумати ғайринизомӣ дода шавад.

Имрӯз (21 ноябр) нерӯҳои амниятии Миср садҳо нафар эътирозгаронро
аз майдони Таҳрири Қоҳира берун ронданд. Ин дар ҳолест, ки ширкаткунандагони тазоҳуроти хушунатомез мақомоти низомии ҳокимро ба чолиш кашидаанд.

Даргириҳо дар майдони Таҳрири Қоҳира
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:32 0:00

Дар рӯзҳои ахири ҳафта тазоҳуркунандагон бо неруҳои амниятӣ вориди задухӯрд шуданд ва дар ин даргириҳо 20 нафар кушта ва наздики 1 ҳазору 750 нафар ҷароҳат бардоштанд. Мавҷи нави тазоҳуроти эътирозӣ дар Миср бозтоби ғазаби мардум аз кундии анҷоми ислоҳот баъд аз сарнагунии режими Ҳуснӣ Муборак дар моҳи феврал аст.

Тазоҳуркунандагон нигаронанд, ки ҳукумати муваққат талош дорад дар сари қудрат бимонад. Тазоҳуроти хушунатомез ҳамчунин дар остонаи интихоботи порлумонӣ баргузор мешавад. Ин интихобот барои 28 ноябр барномарезӣ шудааст. Иттиҳодияи Аврупо саркӯбии хунини тазоҳуротро маҳкум кард ва Кэтрин Эштон, раиси сиёсати хориҷии ин иттиҳодия аз мақомоти Миср хост, ки ба хушунат хотима бахшанд.

Бино ба гузоришҳо, дар ахири ҳафта садҳо нафар сарбозони артиш ва кормандони пулис барои пароканда сохтани тазоҳурот аз гази ашковар, калтакҳои резинӣ ва тирҳои резинӣ истифода карданд. Дандонпизишк Сабрӣ Холид, сокини 24-солаи шаҳри Ҷиза, дар ҷараёни пароканда сохтани тазоҳурот аз тахтапушташ ду бор тири резинӣ хӯрд.

Вай ба Радиои Озодӣ гуфт, мардум бояд ба ҳокимияти низомиҳо хотима диҳанд: “Онҳо аз Шӯрои Олии Неруҳои Мусаллаҳ безор шудаанд. Онҳо мегӯянд, ин шӯро аз Муборак ҳам бадтар аст. Режими Муборак низ бо тазоҳуроти сулҳомез ҳамин гуна бархӯрд карда буд. Онҳо ҳамаи он чиро, ки бо ҳукумати низомӣ иртибот дорад, бад мебинанд. Мо ҳамеша мегӯем: “Эсқот, Эсқот ҳукм-ул-аскар”, яъне “Сарнагун бод ҳукумати низомӣ”.

Аҳмад Айёди 23-сола, ки соҳибкор аст, низ рӯзи якшанбе ба майдони Таҳрир омадааст. Вай мегӯяд, аз саркӯбии эътирозгарон шигифтзада шудааст: “Фоҷеаомез он аст, ки ба сӯи мардум тир холӣ мекунанд ва онҳоро мекушанд ва дар телевизион нишон медиҳанд, ки онҳо беҳаракат хобанд. Фикр намекунам, ки мардум, ҳукуматдорон ё Шӯрои низомӣ эътироф мекунанд, ки чӣ мегузарад. Онҳо хоҳанд гуфт: Мо касеро накуштаем. Вале ин дар телевизион аст, ба таври зинда пахш мешавад ва онро дар ҷаҳон мебинанд. Мо ба таври кофӣ ҳимоят намешавем.”


Ҳукумати низомӣ инкор мекунад, ки барои нигоҳ доштани ҳокимият талоше накардааст ва зимоми қудратро ба ҳукумати ғайринизомӣ хоҳад дод. Дар эъломияе, ки аз тариқи телевизиони давлатӣ қироат шуд, ҳукумати низомӣ мегӯяд, ки тазоҳуроти эътирозӣ сабаби ботил кардани интихоботи порлумонӣ дар Миср нахоҳад шуд. Дар эъломия омадааст, интихобот барои маҷлиси поёнӣ ва болоии порлумони Миср аз 28 ноябр то миёнаи моҳи март баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG