Нуриддин Расулов, додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон, дар ин бора ба Радиои Озодӣ хабар дод ва аз ҷумла гуфт: "Сафармад Рустамов дар асоси моддаҳои 32 қисми 4; 104 қисми 2, яъне сӯиқасд ба куштор ва моддаи 195 -- ғайриқонунӣ нигоҳ доштани аслиҳа айбдор дониста мешавад."
Ин дар ҳолест, ки қазияи боздошти Сафармад Рустамов, маъруф бо лақаби “Кабут” ба беназмиҳо дар бозии миёни дастаҳои «Равшан» ва «Истиқлол» дар моҳи майи соли ҷорӣ марбут дониста мешуд. Аммо ба таъкиди Нуриддин Расулов, парвандаи «Кабут» ба бетартибиҳои мухлисони футбол дар Кӯлоб аслан иртиботе надорад.
Дар ҳамин ҳол, мурофиаи парвандаи Сафармад Рустамов дар Додгоҳи олии Тоҷикистон ҷараён дорад ва дар курсии айбдорӣ дар паҳлуи ӯ боз ду нафари дигар ҳам нишастаанд. Дар мурофиаи навбатӣ бархе аз шоҳидон нисбати ҳодисаи кашфи силоҳ аз манзили яке аз сокинони ноҳияи Шӯрообод дар соли 2000-ум пурсида шуданд, ки Сафармад Рустамов дар он муттаҳам мешавад.
Шарофиддин Норматов, аз шоҳидони ин ҳодиса ба пурсиши додрас, ки «Оё Шумо Сафармад Рустамовро мешиносад?» ҷавоби рад дод. Сафармад Рустамов низ гуфт, Шарофиддин Норматовро намедонад. Бо он ки Шарофиддин Норматов дар бораи амалкарди Сафармад Рустамов ягон далеле ироа накард, вале аз ҳодисаи соли 2000-ум ёдоварӣ намуд.
Вай, ки он замон дар қисми низомии 2931 ба ҳайси сардори омодагии ҳарбӣ ифои вазифа мекардааст, шоҳиди кашфи чандин халта силоҳ аз ҳавлии яке аз сокинони ноҳияи Шӯрообод ва ба воҳиди низомӣ овардани яроқҳо будааст. Шарофиддин Норматов дар ҳузури айбдоршавандаҳо ва додрас гуфт, "ҳамон вақт мо 12 сарбози қисми низомиро дар як «Урал» савор карда, ба тарафи Шӯрообод бурдем. Мо ба ду гурӯҳ ҷудо шудем. Гурӯҳи мо тарафи маҳаллаи Назарбой рафтем. Аз як ҳавлии сокини ҳамин маҳалла халтаҳои яроқро баровардем ва ба қисми ҳарбӣ овардем. Дигар дар бораи ба кӣ таллуқ доштан ва куҷо кардани яроқҳо иттилоъ надорам."
Додрас аз Шарофиддин Норматов боз пурсид, ки рафтани онҳо ба Шӯробод бо пахши бонги хатар буд ё хайр? Норматов гуфт, онҳо аз ҷониби қисми низомӣ бо шунидани «бонги хатар» берун шудаанд. Яке аз вакилони дифоъ аз шоҳид пурсид, ки «Шумо номи соҳибхонаеро, ки аз он ҷо яроқҳоро гирифтед, медонед ва ин яроқҳо аз куҷо омадаанд?» Шоҳид боз ҳам посухи рад дод ва гуфт, намедонад.
Аммо додрас гуфт, «Шумо дар баёноти худ арз кардед, ки соҳиби он манзиле, ки яроқҳо аз онҷо кашф шуданд, гуфтааст, як рӯз пеш яроқҳоро Рустамов Неъмат оварда буд». Шоҳид Норматов боз ҳам бо суханони «намедонам» ва «фаромӯш кардаам», посух дод.
Ба ин тартиб, баёноти шоҳид Шарофиддин Рустамов ва пурсишҳои додрас, айбдоркунандагони давлатӣ ва вакилони дифоъ маълум кард, ки Сафармад Рустамов на дар бетартибиҳои бозии футбол миёни тимҳои «Равшан» ва «Истиқлол», балки барои нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ ва сӯиқасд ба куштор мутаҳҳам дониста мешавад.
Ин дар ҳолест, ки Додситони кулли Тоҷикистон 12-уми июли соли ҷорӣ, зимни як нишасти хабарӣ эълон дошт, ки Сафармад Рустамов, раиси шӯъбаи “Ориёнбонк” дар ноҳияи Мӯъминобод ба авбошӣ муттаҳам мешавад. Шерхон Салимзода он замон гуфта буд, ки қаблан Сафармад Рустамов бино бар моддаи 104-и Қонуни кайфарии Тоҷикистон ба одамкушӣ айбдор мешуд, вале баъдан ин айбнома лағв гардида, ҳоло ӯ ба авбошӣ муттаҳам дониста мешавад.
Зимнан, Сафармад Рустамов ба таърихи 1-уми июл дар Кӯлоб нопадид гашт ва дертар маълум шуд, ки ӯро чанд тан аз намояндагони мақомоти интизомӣ боздошт карда, ба Душанбе овардаанд. Он вақт Вазорати корҳои дохилӣ сабабҳои боздошти ӯро дар даст доштан дар бетартибиҳо, авбошӣ ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ унвон карда буд.
Аммо додраси Додгоҳи Олӣ Нуриддин Расулов ин иттиҳомотро рад кард. Аммо оқои Расулов аз посух ба ин суол, ки дар сурати исбот шудани иттиҳомоти ворида алайҳи Сафармад Рустамов ба ӯ чанд соли зиндон таҳдид хоҳад кард, худдорӣ намуд.