Аъзам Мирзоев, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, мавориди аз сӯи масъулини Русия даронида партофтани тасдиқнома ё справкаҳо дар бораи саломатӣ, ки аз сӯи марказҳои вижаи ин ниҳод дар саросари Тоҷикистон дода мешавад, низ вуҷуд доранд.
"Ин тасдиқномаҳо чун ба инобат гирифта намешуданд, аксари муҳоҷирони меҳнатӣ аз гирифтани онҳо даст кашиданд. Яъне ин ҷо аз ташхис мегузаранду аз мо справка мегиранд, вале дар кишвари дигар онро вақте нишон медиҳанд, ба онҳо мегӯянд, ки не, шумо бояд ин ҷо аз ташхис гузаред",-мегӯяд ӯ.
Муовини вазири тандурустии Тоҷикистон дар ҳоле сӯҳбат кард, ки Геннадий Онишенко, раиси "Роспотребнадзор"-и Русия изҳороти ахири мақомоти Тоҷикистонро аломати "адами ҳусни ҳамкорӣ" номид. Дар гузашта ин мақоми рус муҳоҷирини кори тоҷик дар Русияро ҳомилони маризиҳои сироятӣ, аз қабили ВИЧ-у СПИД ва сил унвон кард, ки танҳо дар соли ҷорӣ 188 нафар ба ин иллат аз Русия ихроҷ карда шудаанд.
Аммо мақомоти Тоҷикистон дар посух изҳор доштанд, ки дар Русия ҳамагӣ 11 мавриди сил миёни муҳоҷирин ошкор шудаву мизони гирифторӣ ба ВИЧ-у СПИД дар Тоҷикистон ҳамагӣ 47 нафар ба 100 ҳазор буда, мизони камтарин дар ИДМ аст. Аъзам Мирзоев мегӯяд, ҷониби Тоҷикистон мавҷудияти мушкилот миёни муҳоҷиринро инкор намекунад, аз ин хотир, зимни номае аз мақомоти Русия хостори мусоидат ба ислоҳи вазъ шудааст. Вай афзуд, Хадамоти беҳдоштиву сироятии Тоҷикистон ба "Роспотребнадзор" намунаи тасдиқнома дар бораи сиҳатии муҳоҷирро фиристода, хостааст, ки барои ислоҳи он фикру мулоҳизаҳояшро пешниҳод кунад.
Мушкили дигар аз нигоҳи муовини аввали вазири тандурустии Тоҷикистон ниҳоӣ нашудани созишномаи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ё ЕврАзЕС дар бораи расман шинохтани ҳуҷҷатҳои тиббӣ дар кишварҳои узв аст. Ба қавли ӯ, ин созишнома аз соли 2009 ба ин сӯ такмил мешавад, аммо то ба ҳол қабул нашудааст.
Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, ҳар гуна кӯшиши «нарм» кардани Маскав аз сӯи Душанбе «кӯфтани об дар ҳован» ё кори беҳуда аст. Ба қавли онҳо, маъракае, ки дар Русия алайҳи муҳоҷирони корӣ оғоз шудааст, хориҷ аз ҳар гуна чаҳорчӯби ҳуқуқӣ аст. Иззат Амон, коршиноси тоҷики муқими Маскав мегӯяд, Русия бо Тоҷикистон бар асоси созишномаҳо равобиташро пиёда намекунад, аз ин хотир, ҳар гуна созишнома дар бораи эътирофи ҳуҷҷатҳои Тоҷикистон ҳалли мушкил нест. Вай афзуд, дар гузашта дар дойираи ИДМ ва Иттиҳоди Авруосиё санадҳо дар бораи эътирофи ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла дипломҳои макотиби олӣ имзо шуда буданд, аммо то ба ҳол дар Русия ба ин қарордод эътибор намедиҳанд.
Ба қавли коршиносон, баҳс миёни ниҳодҳои тиббии Маскаву Душанбе ҳамоно бархоста аз қазияи ду ҳавонаварди русу эстонӣ аст, ки дар Тоҷикистон маҳкум шуданд. Аммо ҳаводиси баъд аз ин мурофиаи додгоҳӣ гувоҳи онанд, ки ин қазияи ҳуқуқӣ ба бахшҳои дигар, аз ҷумла тиб сироят кард ва эҳтимолан то соҳаҳои дигари ҳамкориҳои ду кишвар низ хоҳад расид.