Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иброҳим Усмон: “Ҳукумат интизори чунин аксуламал набуд”


Дар акс: Иброҳим Усмон, собиқ мушовири давлатии раисиҷумҳури Тоҷикистон
Дар акс: Иброҳим Усмон, собиқ мушовири давлатии раисиҷумҳури Тоҷикистон

Гуфтугӯ бо профессор Иброҳим Усмон, таърихнигор ва собиқ мушовири давлатии раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Маҳкум ба зиндон шудани ду халабони Русия ва Эстония дар Тоҷикистон дар муносибати Тоҷикистону Русия як марҳилаи мураккаб ва бӯҳрониеро пеш овард. Русия ба нишони эътироз аз ҳукми шаҳрванди худ ва
мусодираи ҳавопаймоҳояш аз сӯи Тоҷикистон ба ихроҷи оммавии муҳоҷирони кории тоҷик оғоз намуд.

Радиои Озодӣ: Оё мақомоти Тоҷикистон аз чунин вокуниши Русия ва паёмади ин қазия огоҳ буданд, интизор доштанд, ки ҳодиса ин тавр натиҷа медиҳад?

Иброҳим Усмон: “Дар шаш моҳ бештар аз фурсате, ки аз боздошти ин ҳавопаймоҳо дар хоки Тоҷикистон гузашт, зоҳиран ҳукумати иҷроия ба ин ҳодиса кордор набуд. Ҳукумати иҷроия ва давлати Русия низ кордор набуд. Ҳама чиз дар доираи фаъолияти мақомҳои додгоҳиву тафтишотӣ ҷараён мегирифт. Вақте муайян шуд, ки қазия на ба он тавре, ки мехоҳанд ҳал мешавад, як навъ ташвиш ба вуҷуд омад. Ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Маскав. Ҳукумати Тоҷикистон аз он ки аз моҳи март то октябр ҳеҷ гуна аксуламале ҳатто аз ҷониби мақомҳои қудратии Русияро дар ин маврид пайдо накард, гумон мекунам, шояд ҷониби мо фикр кард, ки Русия дахолат намекунад. Ин гумон аст, албатта. Агар медонистанд, ки чунин аксуламал ба вуҷуд меояд, шояд ҳукумат ба онҳое, ки бо ин кор сарукор доранд, маслиҳат медод, ки дақиқтар нигоҳ кунанд, то кори якбораро дубораву чандбора накунанд. Фикри ман ин ки ҳукумати Тоҷикистон интизори чунин аксуламал набуд.”

Дар акс: Абдуқаюми Қаюмзод (аз тарафи чап) бо Иброҳим Усмон гуфтугӯ мекунад. Студияи Радиои Озодӣ дар Душанбе
Дар акс: Абдуқаюми Қаюмзод (аз тарафи чап) бо Иброҳим Усмон гуфтугӯ мекунад. Студияи Радиои Озодӣ дар Душанбе
Радиои Озодӣ: Вақте ду ҳавопаймои низомии кишваре чун Русия аз ҷониби Тоҷикистон мусодира мешавад, фикр мекунед, дар ин кор танҳо дасти додгоҳ буду мақомоти болоӣ аз он огоҳӣ надоштанд?

Иброҳим Усмон: “На, ман аз ин фикр дур ҳастам. Мақомоти болоӣ хабар бояд дошта бошад. Мақомоти болоӣ ҳалли ин қазияро ба ниҳодҳое супорид, ки вазифаашон аст. Вақте онҳо вазифаро бо чунин натиҷа анҷом доданд, ба мақомоти иҷроияи сатҳи болоӣ таъсир кард. Шояд баъд аз он фикр карданд. Ҳарду тараф ҳам баъд аз чунин ранг гирифтани кор фикр карданд. Он ки ин тайёраҳо дар Тоҷикистон боздошт ва халабонҳои онҳо ба маҳкама кашида шуданд, қонунӣ ва табиӣ аст. Аз лиҳози ҳуқуқӣ табиӣ аст. Вале агар ба назар гирем, ки муносибати байни Тоҷикистону Русия чӣ гуна аст, ғайр аз амали қонун боз як бор фикр карданро тақозо мекунад.”

Радиои Озодӣ: Фикр мекунед, Тоҷикистон ба ин қазия комилан аз нигоҳи ҳуқуқӣ бархӯрд кард ва аслан ҳеҷ таъсири сиёсӣ ва ҳеҷ аҳдофи дигаре нуҳуфта набуд?

Иброҳим Усмон
Иброҳим Усмон
Иброҳим Усмон: “Он шӯру садоҳое, ки дар атрофи ин масъала аз тарафи масъулини Русия, аз аҳли ҷамъиятии ин кишвар ва Тоҷикистон баланд шуд, шунидем ва медонем. Мо ҳоло фақат аз рӯи тахмин мегӯем. Ягон санаде надорем собит кунад, ки ҳукумат ба додгоҳ дастур дода бошад, ки ҳамин тавр ҳукм содир намо. Мо ҳоло метавонем тахмин занем. Тахмини ман чӣ гуна аст? Роҳи хубтарини ҳалли ин қазия он аст, ки ниҳодҳои марбута бояд ҳалли онро мувофиқат кунанд. Зеро гарчӣ зоҳиран ин ду тайёра ба Русия тааллуқ надоранд, лек бо дар назардошти он, ки яке аз халабонҳо шаҳрванди Русия аст, қазияро метавонистанд ҳамин мақомҳо ҳал кунанд. Албатта, бо дар назардошти муносибатҳои байни Тоҷикистону Русия. Бо дарназардошти он ки Тоҷикистон манфиати худро дар ҳимояи Русия мебинад ва Русия ҳам кӯшиш мекард, ки ба минтақаи Осиёи Миёна, аз ҷумла ба Тоҷикистон таъсире дошта бошад. Ин чизи табиӣ дар таҷрибаи муносибатҳои байналхалқӣ аст. Инро ба як шакли болову паст, ба шакли патриотизм, зидди патриотизм маънидод карда намешавад. Мисли Фаронсаву Бритония мамлакатҳои бузург бе маслиҳат бо Амрико кор намекунанд. Дирӯз Итолиё, вақте номзадеро барои сарвазирӣ муайян кард, ба Барак Обама занг зада гуфтанд, ки мо ҳамин шахсро пешниҳод кардем ва ӯ хурсанд шуд. Яъне, ҳатто масъалаҳои дохилиашонро маслиҳат мекунанд. Аз ин нуқтаи назар мегӯям, ки хуб мебуд, агар Тоҷикистон ҳам вақте масъала ба миён омад, машварат мекард. Албатта, маслиҳат додан осон, татбиқ карданаш кори дигар. Агар маслиҳат мекард, шояд кор то ба ин ҳад сару садо пайдо намекард ва қазия ба таври оддӣ ба манфиати Тоҷикистон ҳал мешуд. Чунки маслиҳат ҳеҷ вақт ба ғалат намебарад.”

Шакли комили гуфтугӯ бо Иброҳим Усмонро дар барномаи "Меҳмони Озодӣ" бишнавед:

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:14:58 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG