Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон ба Асад: "Ба сарнавишти Қаззофӣ нигоҳ кун!"


Оқои Эрдуғон рӯзи сешанбе дар Анқара зимни мулоқот бо гурӯҳи вакилони парлумон аз ҳизби худ, хитоб ба раиси ҷумҳури Сурия гуфт: «Барои осоиши мардуми Сурия ва минтақа, курсиатро раҳо кун.»

Вай афзуд «Агар мехоҳӣ сарнавишти касонеро, ки то дами марг бо мардуми худашон ҷангиданд бубинӣ, нигоҳе ба Олмони нозӣ бияндоз ба Гитлер ва Чаушевский дар Руминия. Агар аз инҳо ҳам дарси ибрат намегирӣ, ба раҳбари собиқи Либия нигоҳ кун, ки 32 рӯз пеш кушта шуд.»

Бо идомаи саркӯби хушунатомези эътирозкунандагон дар Сурия, мавзеъгириҳои раҳбарони Туркия алайҳи ҳукумати Башор Асад дар чанд ҳафтаи ахир рӯз ба рӯз шадидтар шудааст.

Акнун Туркия кори ҳукумати Сурияро тамомшуда медонад ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ мехоҳад ба кӯмаки мардум Сурия бишитобад.

Оқои Эрдуғон чанд рӯз пеш хитоб ба ҷомеаи ҷаҳонӣ гуфт, ки онҳо бояд садои фарёдҳои мардуми Сурияро бишнаванд ва пеши хунрезиро бигиранд.

Таниш миёни Туркия ва Сурия, ки замоне аз муттаҳидони наздики якдигар буданд, бо ҳамлаи тарафдорони Башшор Асад ба сафорати Туркия дар Димишқ ба авҷи худ расид ва Туркия тамоми дипломатҳои худро аз Сурия бозпас хонд

Қаблан низ бархе аз сарбозони суриягӣ ба автобусҳои ҳомили мусофирони турк дар Сурия оташ кушоданд.

Туркия яке аз ҳомиёни муҳимтарини мухолифони Сурия аст ва Шӯрои миллии ин кишвар нишастҳои худро дар Истанбул баргузор мекунад.
Ҳамзамон Туркия то кунан ба ҳазорон нафар аз аҳолии минтақаҳои марзии Сурия, ки ба дунболи ҳамлаи нерӯҳои артиш ба Туркия гурехтаанд, паноҳгоҳ додааст.

Дар бархе аз маҳофили сиёсии Туркия гуфта мешавад, ки давлати Эрдуғон машғули баррасии тарҳе барои эҷоди минтақаи амн барои мардуми Сурия дар манотиқи марзӣ байни ду кишвар аст.
XS
SM
MD
LG