Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Осетияи Ҷанубӣ: Натиҷаҳои интихобот беэътибор эълом шуд


Додгоҳи Олии Осетияи Ҷанубӣ натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии рӯзи якшанбеи гузаштаро беэътибор эълом кард.

Дар ҷумҳурии ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ 27-уми ноябр даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор шуд.

Ҳоло дар асл мардуми ин ҷумҳурӣ раисиҷумҳури худро интихоб кардаанд, вале Кумиссиюни интихоботӣ аз эълони натиҷаҳои он худдорӣ мекунад. Додгоҳи Олии ин ҷумҳурӣ дастур додааст, ки то хатми расидагӣ ба шикоят дар бораи тақаллуб дар натиҷаҳои интихобот, натиҷаҳои он бояд эълон нашавад. Ин шикоятро Анатолий Бибилов-номзади мавриди алоқаи Маскав ба додгоҳ фиристодааст.

Бо вуҷуди ин, натиҷаҳои интихобот ифшо шудааст ва тибқи он номзади мухолифон Алла Ҷиоева гӯё ба пирӯзии чашмгир ноил омадааст. Бибилов ба додгоҳ шикоят бурдааст, ки гӯё хонум Ҷиоева-вазири пешини маорифи Осетияи Ҷанубӣ райи интихобкунандагонро харидааст ва ба ҷараёни райдиҳӣ мудохила кардааст.

Белла Плиева, раиси Комиссияи марказии интихоботи Осетияи Ҷанубӣ
Белла Плиева, раиси Комиссияи марказии интихоботи Осетияи Ҷанубӣ
Бо вуҷуди дастури Додгоҳи Олӣ, хонум Белла Плиева-раиси Кумиссиюни интихоботӣ натиҷаҳои муқаддамотии интихоботро эълон кардааст ва тибқи он Алла Ҷиоева аз рақиби худ хеле бештар раъй ба даст овардааст. Дар ҳоле, ки аз 85 ҳавзаи интихоботӣ шумораи оро дар бештар аз 74-тои он шумурда шудааст, тибқи гузоришҳо ба ҷонибдорӣ аз хонум Ҷиоева 56,7 дарсади интихобкунандагон рай додаанд. Рақиби вай Анатолий Бибилов 40 дарсад рай ба даст овардааст. Кумиссиюни интихоботӣ гуфтааст, натиҷаҳои ниҳоӣ дар давоми панҷ рӯзи оянда эълон хоҳад шуд.

Хонум Ҷиоева вақте, ки бо рӯзноманигорон сӯҳбат мекард, гуфт Бибилов бояд бохти худро эътироф кунад: “Шумо бояд эътироф кунед, ки доштани 57 дарсади оро бартарист. Ин пешравии ҷиддист. Ман бо истифода аз фурсат аз рақиби худ Анатолий Библов бори дигар даъват мекунам, ки мавзеъгирии шаҳрвандии худро рӯшан кунад ва биёяду бохти худро эътироф кунад”.

Алла Ҷиоева
Алла Ҷиоева
Бибилов ба таври ошкоро аз сӯи Маскав ҳимоят мешавад ва вай 27 ноябр қабл аз оғози райдиҳӣ бо президент Дмитрий Медведев мулоқот дошт. Вайро парвардаи низоми даврони Эдуард Кокойтӣ медонанд, раиси ҷумҳуре, ки тибқи Қонуни Асосӣ баъд аз ду давраи ширкат дар интихобот дигар наметавонист худро номзад кунад.

Вале Алла Ҷиоева ба мухолифон пайваст ва қавл дод, ки бар зидди ришвахорӣ мубориза мебарад ва ба “зиндониёни сиёсӣ” дар ҷумҳурӣ ёрӣ хоҳад расонд.

Бо вуҷуди ин, ҳеҷ як аз ин ду номзад ҷонибдори халалдор шудани муносибот бо Русия нестанд, зеро баъд аз ҷанги соли 2008 бар зидди Гурҷистон, Русия Осетияи Ҷанубиро ба унвони кишвари мустақил эътироф кард. Гузашта аз ин, Русия ба ин ҷумҳурӣ кӯмакҳои ҳангуфти иқтисодиву амниятӣ ва сиёсӣ мерасонад.

Осетияи Ҷанубӣ дар оғози солҳои 1990 ба дунболи даргириҳо бо кӯмаки Русия аз Гурҷистон ҷудо шуд. Бо вуҷуди ин, ки Маскав дар соли 2008 истиқлоли ин ҷумҳуриро ба расмият шинохтааст, вале танҳо чанд кишвар аз ин тасмими Русия ҷонибдорӣ кардаанд. Маҳофили байналмиллалӣ аксаран Осетияи Ҷанубиро бахши қонунии Гурҷистон мешиносанд.
XS
SM
MD
LG