Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯлоб. Донишҷӯёни "саргардон"-и омӯзишгоҳи мусиқӣ


Донишҷӯёни омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Кӯлоб бино бар надоштани толор бештар дар кӯча тамрин мекунанд.

Агар дар кӯчаи маркази шаҳри Кӯлоб гурӯҳи ҷавонони таблакнавоз ё найнавозу дигар асбобҳои мусиқиро дидед, ҳайрон нашавед.

Онҳо донишҷӯёни колеҷи мусиқии шаҳри Кӯлоб ҳастанд, ки бинобар надоштани толору синфхонаҳо вижа дар бархе маврид дар саҳни бино ё дар кӯча ба дарс омодагӣ мебинанд. Зеро нисфи бинои ин колеҷро наздики даҳ сол боз Раёсати мубориза бар зидди маводи мухаддир дар минтақа бидуни ҳеҷ санади расмие дар ихтиёр гирифтааст.

Бо вуҷуди надоштани бино, донишҷӯёни колеҷ на ҳамеша имкони дар берун гузаштани дарсҳои амалиро доранд, чун ки ба гуфтаи онҳо, гузаштани дарс дар беруни бино масъулини Раёсатро нороҳат мекунад. Саидмурод, як донишҷӯи ин колеҷ мегӯяд, гоҳҳо садои най ё таблаку доира дар берун баланд мешавад, онҳо аз ҷониби бархе аз масъулини ин ниҳод таҳдид мешунаванд.

Ин донишҷӯ мегӯяд: «Дар берун вақте ба дарсҳо тайёрӣ мебинем, дар бисёр ҳолат ягон командир ба мо мегӯяд, ки ба ҷон задед, ба ин дафу таблакатон. Ба мо мегӯянд, ки онҳо кор доранд ва таблак назанед. Охир мо бояд дарс хонему дарсҳоро бо ҳамин наю дафу таблак тайёр кунем. Дигар ягона роҳ ин мондааст, ки мо дар кӯчаҳо дарс тайёр кунем.»

Чунин аҳвол ба гуфтаи масъулини колеҷи мусиқии ба номи Кароматуллоҳ Қурбонови шаҳри Кӯлоб соли аввал нест. Фаттоҳ Файзуллоев, директори колеҷи мазкур мегӯяд, Раёсати мубориза алайҳӣ маводи мухаддир ғайриқонунӣ нисфи бинои онҳоро ғасб кардааст. Бо ғасби бино аз ҷониби ин ниҳод, донишҷӯёни колеҷ тайи даҳ сол боз аз нарасидани ҷои нишаст ва ҷой барои тамрин ранҷ мекашанд. Аммо ҷаноби Файзуллоев мегӯяд, муроҷиати онҳо барои бозпас гирифтани ин бино ба тамоми мақомот бенатиҷа анҷом ёфтааст.

Ӯ мегӯяд: «Инҳо дар ин бино муваққатан бо супориши шифоҳии раиси он вақтаи Кӯлоб Бобоҷон Мармаров ҷойгир шуданд. Аз соли 2002 инҷониб ҳеҷ нест, ки он замони муваққатӣ тамом шавад. Мо борҳо ба тамоми ҷой муроҷиат кардем, вале онҳо бинои моро холӣ намекунанд. Охирон бор соли гузашта раиси ҳозираи шаҳр ваъда дод, ки инҳоро мекӯчонанд, вале то ҳанӯз накӯчидаанд. Хеле хуб мешуд, ки бираванд, зеро мо аз нарасидани ҷой барои таълим танқисӣ мекашем».

Дар ҳамин ҳол, хостем сари ин мавзӯъ назари масъулини Раёсати мубориза бар зидди маводи мухаддир дар минтақаи Кӯлобро бигирем, вале чун ҳамешагӣ масъулин «дар пайи иҷрои амалиёте ё сафари хидматӣ» буданд.

Колеҷи мусиқии ба номи Кароматулло Қурбонов солҳои 70-уми асри гузашта бунёд шудааст. Масъулини ин колеҷ дар ҳоле аз нарасидани синфхонаҳо танқисӣ мекашанд, ки чанд сол пеш соҳибкори маҳаллӣ Сафармад Рустамов, маъруф ба «Кабуд», бинои зебоеро дар канори шаҳр ба онҳо ҳадя карда буд.

Аммо бо сабабҳои номаълум на колеҷи санъат ба ин бинои тӯҳфашуда интиқол меёбад ва на Раёсати мубориза бар зидди маводи мухаддир синфхонаҳои ин колеҷро тарк мекунад.
XS
SM
MD
LG