Гуфтугӯи ихтисосии хабарнигори Радиои Озодӣ бо Ҳамдам Тағоймуродов, сарвари Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон.
Радиои Озодӣ: Ба назари Шумо, кадом хатарҳое дар Тоҷикистон ҳастанд, ки барои монополия шудани ин ё он соҳа вуҷуд доранд? Оё таҳлилҳое аз ин вазъ Шумо доред?
Ҳамдам Тағоймуродов: "Бале, мо бояд аз пеш омадани ҳамчунин вазъ, яъне пайдо шудани монополияҳо пешгирӣ кунем, ба ҷуз аз монополиязои табиӣ, ки аз сӯи қонунгузорӣ иҷоза дода шудаанд. Ба назари ман, дар фаъолияти яке аз ширкатҳо "Газпромнефт-Тоҷикистон" тамоюле вуҷуд дорад, ки шояд ба монополист табдил ёбад, агар аз ҷониби мо баъзе чораҳо дида нашаванд. Агар ин сабаби объективӣ дошта бошад, дарёфти роҳи ҳалли масъала душвор мегардад."
Радиои Озодӣ: Оё то ҳол ягон ширкати воридкунандаи маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон барои вайрон кардани қонунгузории мавҷуда ҷарима шудааст? Масалан, тибқи маълумоти расонаҳо, "Газпромнефт" дар худи Русия танҳо дар соли ҷорӣ садҳо миллион рубл ҷарима шудааст...
Ҳамдам Тағоймуродов: "Мо то ба ҳол далеле дар даст надорем, ки боиси ҷарима шудани "Газпромнефт-Тоҷикистон" шавад. Дуввум, ин ширкат монополист нест. Фақат дар бозори маводи нафтӣ мавқеи ҳукмфармоӣ дорад ва ҳиссааш дар бозори маводи нафтӣ 52 дарсадро ташкил мекунад. Инро қонунгузории ҷории Тоҷикистон манъ накардааст. Аз ин хотир, он ба рӯйхати ширкатҳои ҳукмфармо ворид карда шудааст ва мо фаъолияташро танзим мекунем."
Радиои Озодӣ: Буданд мавориде, ки ягон ширкатро барои монополист шудан огоҳ карда бошед?
Ҳамдам Тағоймуродов: "Ин гуна ҳолатҳо набуданд. Барои чӣ дар бозори маводи сӯхт монополия нест? Барои он, ки ширкатҳои воридкунандаи он хеле зиёданд. Албатта, ҳиссаҳои онҳо камтар аст. Ба ҷуз "Газпромнефт-Тоҷикистон" дар феҳристи мо "Озод-интернешнл", "Аноҳито", "Ҳақёр" ва ғайраҳо ҳастанд."
Радиои Озодӣ: Ҳамаи ширкатҳои мо аз як кишвар маводи нафтӣ ворид мекунанд. Бубинед, чун боҷи гумрукӣ аз сӯи Русия баланд шуд, ҳама ширкатҳо таҳти ин таъсир монданд. Мешавад гуфт, ки дар кул Тоҷикистон таҳти монополияи Русия аст?
Ҳамдам Тағоймуродов: "Бале, аслан аз Русия, аммо аз Қазоқистону Туркманистон ҳам ворид мекунем. Агар соли гузашта беш аз 90 дарсад аз Русия ворид мешуд, имсол ин рақам ба 80 дарсад расидааст. Воридот аз Туркманистон зиёд шудааст. Аммо ширкатҳои воридкунандаи хусусӣ ва озоданд. Мо онҳоро наметавонем маҷбур кунем, ки маҳз аз кадом кишвар маводи сӯхт оранд. Онҳо суду зиёни хешро ҳисоб мекунанд ва тасмим мегиранд, ки бояд аз куҷо ворид кунанд."
Радиои Озодӣ: Як соҳаи дигари баҳснок - соҳаи ширкатҳои ҳавонавардӣ аст.Бубинед, агар як тоҷик ба Русия -Маскав рафта ояд, 17 ҳазор рубли русӣ харҷ мекунад, аммо як қирғиз - 8 ҳазор. Чаро чунин аст?
Ҳамдам Тағоймуродов: "Мутаассифона, хароҷоти ширкатҳои мо нисбат ба дигар кишварҳо хеле зиёданд. Пеш аз ҳама маводи сӯхт, ки нархи баланд дорад. Дуввум, хатсайрҳои дохилии кишвар ҳама зиёноваранд. Ширкатҳо маҷбуранд, ки аз ҳисоби хатсайрҳои хориҷӣ инро ҷуброн кунанд."
Радиои Озодӣ: Чанд сол пеш қимати маводи нафтӣ арзон буд, аммо билетҳои мо боз ҳам гаронарзиш буданд?
Ҳамдам Тағоймуродов: "Дар шароити мо, нархро худи бозор муайян мекунад. Бубинед, хатсайрҳо ба сӯи Маскав ҳамеша серодаманд. Вобаста аз мавсим аз ин ё он тараф мусофирон зиёд мешаванд. Чун талабот бештар шуд, нарх ҳам боло меравад. Аммо ширкатҳо бояд нархҳояшонро бо мо мувофиқа кунанд."
Радиои Озодӣ: Оё мувофиқа мекунанд?
Ҳамдам Тағоймуродов: "Баъзан мекунанд, баъзан не. Мутаассифона, нархҳояшон зуд - зуд тағйир меёбад. То ин, ки мувофиқа мекунанд, хеле вақт мегузарад. Мо нархгузориии онҳоро меомӯзем. Аммо баъзан онҳо аз ҳамчунин вазъ сӯистифода мекунанд."
Радиои Озодӣ: Як суоле ҳам буд, ки хориҷ аз мавзӯи сӯҳбати мост. Анвар Тағоймуродов, муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бародари Шумо ҳастанд. Оё боре ин ишораро ҳам шунидаед, ки ду бародар дар як ҳукумат фаъолият мекунед?
Ҳамдам Тағоймуродов: "Бародари ман дар дигар соҳа кор мекунад ва мутахассис аст. Ҳарду дар замони Шӯравӣ макотиби олиро тамом кардаем. Бовар кунед, ҳоло дар се-чор моҳ агар якдигарро бинем. Ҳар гоҳ, ки ёд кардам, ман ба ӯ занг мезанам ва сӯҳбатҳоямон телефонӣ сурат мегиранд."
Панҷ сол дар Сурия ва 8 сол дар Хазинаи байнулмилалии асъор фаъолият кардааст. Муддате дар "Ориёнбонк" кор кардааст.
Се сол директори Оҷонси хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди ҳукумати Тоҷикистон ва се соли дигар сарвари шӯъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва сармоягузории Дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Як сол ба ин сӯ сарвари Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон аст.
Донандаи забонҳои русӣ, арабӣ, англисӣ ва фаронсавӣ. Соҳиби ду фарзанд.

Ҳолномаи Ҳамдам Тағоймуродов
Ҳамдам Тағоймуродов соли 1964 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Хатмкардаи бахши арабии факултаи шарқшиносӣ дар соли 1981 ва факултаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дар соли 2000 аст.Панҷ сол дар Сурия ва 8 сол дар Хазинаи байнулмилалии асъор фаъолият кардааст. Муддате дар "Ориёнбонк" кор кардааст.