Шитоб дар оғози кори нахустин чархаи нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" ба ин хотир буд, ки таъмини аҳолии Тоҷикистон бо нерӯи барқ зимистони имсол беҳтар шавад. Аммо, зоҳиран, ин талош натиҷа надодааст.
Аз рӯзе, ки агрегати аввали нерӯгоҳ дар ҳузури раисиҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамтои эронияш дар моҳи сентябри соли ҷорӣ ба чархиш даромад, то ба ҳол як киловатт-соат нерӯи барқ ҳам тавлид накардааст.
Назар Ғоибов, як масъули Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон гуфт, барқ тавлид накардани нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" далели фаннӣ дорад. Ба гуфтаи ӯ, "ба таври расмӣ ба истифода додан маънои онро надорад, ки тугмачаро пахш куниву барқ интиқол шавад. Ин нерӯгоҳи хурд нест ва то се моҳ санҷишу кор мехоҳад, то замоне ки ба иқтидори лоиҳавӣ бирасад, баъд ба шабакаҳои барқ пайваст шавад. Ҳоло корҳо идома дорад."
Аммо дар ин байн аз як ихтилофи назар миёни мақомоти ширкати "Барқи Тоҷик" ва тарафи Эрон дар масъалаи нархи нерӯи барқ низ сӯҳбат мешавад. Мавҷудияти чунин тафовутро Аббос Баёнӣ, аз бахши иқтисоди сафорати Эрон дар Тоҷикистон, тасдиқ кард.
Нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" бо сармояи Эрон сохта мешавад ва тибқи қарордод то 12,5 сол ин нерӯгоҳ ба фоидаи Эрон кор хоҳад кард ва пас аз поёни мӯҳлат дар ихтиёри Тоҷикистон қарор хоҳад гирифт. Эрон мехоҳад 1 киловат-соат нерӯи барқи тавлидшуда дар ин нерӯгоҳро ба қимати 3,5 сенти амрикоӣ ба Тоҷикистон бифурӯшад. Дар ҳоле ки худи Тоҷикистон нерӯи барқ ба мардумро дар ҳудуди 2 сенти амрикоӣ мефурӯшад. Ширкати "Барқи Тоҷик" алоқаманди хариди нерӯи барқ ба ин қимат нест. Зеро то ба ҳол аз нерӯи барқи гирифтааш аз нерӯгоҳи "Сангтӯда-1"-и сохтаи Русия қарздор аст ва ин қарз ҳудуди беш аз 30 миллион долларро ташкил медиҳад.
Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик" гуфт, қарзи ширкат аз чанд соли пеш аст, ки сол ба сол замм шуда афзудааст. Ва агар қарздорҳо ин қарзро пардохт кунанд, ширкат аз қарздорӣ раҳо меёбад. Ӯ гуфт, "ин қарз дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 796,5 миллион сомонӣ аст. Қарздори асосии мо Вазорати обу мелиоратсия аст. Қарзи аҳолӣ бошад, 256 миллион сомонӣ аст."
Нозирҷон Ёдгорӣ далели қарздор шудани ширкатро чунин шарҳ дод: "Барқ ҳам мисли обу равған маҳсулот аст, ки ширкати мо истеҳсол мекунад, вале фарқ дар он аст, ки барқро дар анбор захира карда намешавад. Истеҳсол, ки шуд мо онро ба муштарӣ интиқол медиҳем. Кумитаи андоз бошад, онро дар ҳол андозбандӣ мекунад. Аммо муштарӣ саривақт пули барқро намедиҳад ва мо аз андозу дигар корхонаҳо қарздор мешавем."
Аммо ба гуфтаи коршиносони хориҷӣ, ки ахиран аудити ин корхонаро анҷом додаанд, далели аслии қарздорӣ муҳосиботи беназм ва ғайристандартист, ки барқи интиқолдодашуда ба пули ҷамъоварда баробар намешавад. Зеро нозирони барқ бо санади сохта на ҳамаи пулҳоро ба корхона медиҳанд. Ба ин далел, талафоти барқ дар бархе аз маворид то 40 дарсад ҳисоб карда мешавад.
Дар ин миён вазъи имрӯза гувоҳи он аст, ки барқрасонӣ ба мардуми деҳот ба ҷои 12 соат дар шабонарӯз дар бархе аз манотиқ аз 6 соат беш нест ва эҳтимол меравад, чунин вазъ то поёни зимистон боқӣ хоҳад монд.