Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозори "гарм"-и духтарони таҳсилдида


Мушоҳидаҳои ахир бозгӯи он аст, ки ҷавонон ва волидайн мекӯшанд аз ҳисоби духтарони таҳсилдида завҷа ва арӯс интихоб кунанд.

Муҳиддин Раҳимов, як ҷавони тоҷик, ки мехоҳад ба наздикӣ издивоҷ кунад, гуфт, танҳо бо арӯси таҳсилдида оила барпо хоҳад кард.

Ба қавли ӯ, зиндагӣ бо духтари таҳсилдида, ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳам аз ҷиҳати маънавӣ осону хушоянд аст. "Дар давоми умраш одам бемор мешавад ва агар кас завҷаи духтур (табиб) дошта бошад ранҷ намекашад, оилааш метавонад ӯро табобат кунад. Масалан, агар муаллима ҳам бошад, бо кори нисбатан сабук як миқдор пул ба даст меорад ва ба буҷаи хонавода кӯмак мекунад",-мегӯяд ӯ. Аз ин интихоби Муҳиддин падару модараш низ ҷонибдорӣ мекунанд.

Гулчеҳра Мирзоева, як модари тоҷик, ки чандест барои писараш арӯс ҷустуҷӯ мекунад, низ мегӯяд, ки орзу дорад арӯси ояндааш табиби дипломдор бошад. Хонум Мирзоева барои амалӣ шудани орзуи худ қадами аввалро ниҳодааст ва аз хоҳарзодааш, ки дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон таҳсил мекунад, хостааст, то дар дарёфти як арӯси зебо ва тарбиятдида ба ӯ кӯмак намояд.

Ин модар ҳамчунин ният дорад, ба Омӯзишгоҳи тиббӣ ва Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино саре зада ва арӯсҳои ояндаро аз наздик бубинад: "Дар оилаи мо ягон нафар маълумоти тиббӣ надорад. Мехостам, ки дар оиламон як духтур бошад. Ҳозир худатон духтурҳоро медонед, вақте бемор мешавӣ, намедонӣ ба кӣ муроҷиат кунӣ. Бинобар ин хуб мешуд, ки духтур ҳам аз худамон бошад."

Ҳусния Ҳафизова, мудири бахши маҳфили шиносоии "Шанс"-и ҳафтаномаи "Оила" мегӯяд, воқеан солҳоии охир духтарони таҳсилдида ба қавле "бозоргир" шудаанд. Ӯ гуфт, "ҳоло натанҳо волидайн, балки худи духтарҳо ба мо муроҷиат мекунанд ва мегӯянд, ки мехоҳанд бо ҷавони маълумоташ олӣ ва соҳиби касб бо нияти оила барпо кардан шинос шаванд. Ҷавонон низ агар чанд сол пеш ба маълумотнокии духтарон аҳамият намедоданд ва ё мегуфтанд бигузор дӯзанда бошад, имрӯз аз ҳисоби духтарони соҳиби маълумоти олӣ арӯсонашонро интихоб мекунад."

Хонум Ҳафизова мегӯяд, клуби шиносоии "Шанс" беш аз 4,5 ҳазор нафар аъзо дорад. Ӯ бо ифтихор аз шуғли худ афзуд, дар давоми танҳо ду соли охири фаъолияташ, ин клуби шиносоӣ тавонистааст, ки дар бунёди бештар аз 700 хонавода кӯмак бикунад.

Ин масъули клуби "Шанс"мегӯяд, ба хотири бунёди оила аз ҷавони ҳаждаҳсола шурӯъ карда, то мӯйсафеди 71-сола ба онҳо муроҷиат кардаанд. Вале ба қавли хонум Ҳафизова, ба фарқ аз солҳои пеш, ба клуби "Шанс" ҳоло бештар ҷавонписарон ва мардоне, ки як бор оила барпо карда, вале ноком шудаанд, бештар муроҷиат менамоянд.
XS
SM
MD
LG