Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дуои Попи Рум. Дар ҳаққи кишварҳои гирифтори ҷаҳон


Попи Рум Бенедикти 16
Попи Рум Бенедикти 16

Попи Рум ин бор дуо кард, ки муколамаи Исроилу Фаластиниён аз сар гирифта шуда, хушунат дар Сурия поён ёбад.

Попи Рум Бенедикти 16 дар ниёиши суннатии худ дар рӯзи Мавлуди Исои Масеҳ аз эътиқодмандон хост, ки ҷӯёи “ваҳдати рӯҳонӣ” дар ин дунёи бесарусомон бошанд.

Ниёиши Попи Рум аз калисои Питери муқаддас аз Ватикан, ки ба 65 забон, аз ҷумла арабиву яҳудиву ҳиндӣ садо дод, аз тариқи телевизион ва радиоҳои 60 кишвари ҷаҳон пахш шуд.

Пешвои рӯҳонии бештар аз 1 миллиарду 100 миллион нафар масеҳиёни ҷаҳон аз чанд гӯшаи гирифтори дунё ёд кард ва хостори садо баланд кардан ба хотири “онҳое шуд, ки ба додашон касе намерасад”.

Бенедикти 16 аз Худо хост, ба мардуми кишвари Шохи Африқо, ки аз гуруснагиву камбуди ғизо ранҷ мекашанд, кӯмак кунад. Попи Рум дар ниёиаш ҳамчунин дуо кард, ки муколама миёни Исроилу Фаластиниён аз сар гирифта шавад ва хушунат дар Сурия хотима ёбад. Бенедикти 16 барои “мусолиҳаи комилу субот” дар Афғонистону Ироқ ва муколамаву ҳамкорӣ бо Мянмар низ дуо кард.

Аз ин пеш, Попи Рум Бенедикти 16 барои тиҷорати васеъ истифода шудани мавсими таҷлили Мавлуди Исои Масеҳро интиқод кард, ки ҳоло насрониёни саросари ҷаҳон ҷашн мегиранд.

Попи Рум зимни вазъ аз насрониёни ҷаҳон хост, ки аз таҷлили сарсарии рӯзи ид даст кашанд ва сурури воқеии рӯзи Мавлуди Масеҳро ба ёд биёранд.


XS
SM
MD
LG