"Баҳори Араб", фаъолиятҳои атомӣ, қатлҳои асроромез дар дохил, талоши эҳтимолӣ барои сӯиқасд дар хориҷ, ҳабсҳои хонагӣ, тарс аз таҳдиди ҳамлаҳои ҳавоӣ, ҳамла ба сафорати хориҷӣ, ҳамаи ин ҳодисаҳо, соли 2011-ро соли таҳдид барои Эрон карданд.
Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Эрон низ возеҳ кард, ки кишвараш дар муқобили ин таҳдидҳо ором нахоҳад нишаст: “Мо дар муқобили таҳдид, таҳдид мекунем. Ҳар касе фикри таҷовуз ба Ҷумҳурии Исломии Эрон дар хаёл дошт бошад, худро омодаи дарёфти силиҳои (шаппотӣ) маҳкам ва муштҳои пӯлодин кунад, аз сӯи миллати муқтадири Эрон.”
Баъзе аз соҳибназарон, ба мисли Патрик Клаусон, аз Пажӯҳишгоҳи сиёсатҳои Шарқи Наздик дар Вашингтон ҳатто мегӯяд, ҳамин ҳоло ҷанги ниҳоне миёни Эрону Ғарб идома дорад: “Феълан ҳамлаҳо, сӯиқасдҳо ба ҷони донишмандони ҳастаии Эрон, ҷангҳои маҷозӣ идома дорад. Ба андешаи ман, ба манфиати Ғарб ва Исроил аст, ки барномаҳои атомии Эронро ба таъхир андозанд ва аз роҳи таҳриму харобкорӣ, ташвиқи олимони эронӣ ба фирор ва дар сурати зарурат бо ҷангҳои ниҳонӣ ба мисли сӯиқасдҳову ҳамлаҳои кибернетикӣ. Ҷанги васеъмиқёс ба нафъи ҳеҷ касе нест. Аммо самимона бигӯям, ҳоло рӯёрӯии низомӣ идома дорад.”
Аломати аввали таниш ҳам дар моҳи январ намоён шуд, ки дар он вақт музокироти Амрикову Фаронса, Бритониёву Чину Русия ва Олмон бо Эрон дар бораи барномаҳои атомии ин кишвар ба бунбаст рӯ ба рӯ шуд. Баъди ин моҳи феврал “Баҳори арабӣ” фаро расид ва дар он замон ҳазорон нафар ба нишони ҳимоят аз қиёмҳои мардумӣ дар Тунису Миср ба хиёбонҳои Теҳрон рехта ва алайҳи ҳукумати Эрон шиор доданд.
Ҳукумати Эрон ҳам мунтазир нашуд ва Мир Ҳусайни Мӯсавӣ ва Меҳдӣ Каррубӣ, пешвоёни мухолифину баргузоркунандагони тазоҳуротро ба ҳабси хонагӣ гирифт ва баъди ин Ҷунбиши Сабзи Эрон ҳам то охири сол хомӯш шуд.
Моҷарои Эрону Ғарб тирамоҳи имсол шиддати бештар гирифт. Моҳи октябр вазорати адлияи Амрико эълом кард, ки тарҳи сӯиқасд ба ҷони сафири Арабистони Саудӣ дар Вашингтонро ошкор кардааст, ки гӯё бо ҳидояти маъмурони амниятии Эрон таҳия шудааст ва 2 нафарро низ ба ин ҷиноят муттаҳам карданд. Вале Эрон ин иддаъоҳоро “хандадор” номид. Барак Обама гуфт, ин тарҳро идомаи рафтори хатарноки давлати Эрон хонд ва гуфт, Амрико барои танбеҳи Эрон ҳеҷ гуна гузинаҳоро сарфи назар намекунад.
Як моҳ баъд аз ин моҷарои барномаҳои атомии Эрон боз сари забонҳо шуд. Моҳи ноябр Юкиа Амано, мудири Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ гуфт, иттилоъоти бадастомада аз барномаҳои атомии Эрон нишон медиҳад, ки ин кишвар барои сохти абзорҳои таркандаи атомӣ озмоишҳоеро анҷом додааст ва шояд баъзе ин фаъолиятҳо идома дошта бошанд.
Аммо Эрон, ки мегӯяд, қасди сохтани бомби атомӣ надорад, гузориши оҷонсро якҷониба хонда гуфт, ки гузоришро таҳти фишори Амрико таҳия кардаанд. Баъди ин кишварҳои ғарбӣ бо таҳрим фишорҳо ба Эронро бештар карданд. Бритониё аввалинҳое буд, ки тамоми муомила бо ниҳодҳои молии Эронро қатъ кард ва шоҳиди хашми тазоҳургарони тарафдори ҳукумат шуд, ки рӯзи 29 ноябр ба сафорати Бритониё дар Теҳрон ҳамла карданд. Баъди ин Бритониё дипломатҳояшро аз Теҳрон берун кард ва дар посух дипломатҳои эрониро аз Лондон ронд ва сафорати Эронро баст.
Сипас дар моҳи декабр ҷанҷоли ҳавопаймои бидуни сарнишини Амрико бархост, ки дар қаламрави Эрон суқут кард. Артиши Эрон гуфт, ки ин ҳавопаймои ҷосусиро сарнагун кардааст ва Теҳрон вуруди ҳавопаймо ба қаламравашро “иқдоми душманона” хонда ва аз Созмони Милал хост, алайҳи “таҷовузи” Амрико “тадобири возеҳу муассир” биандешад.
Ва дар ниҳоят соли 2011 барои Эрон бо таҳдид дар муқобили таҳдид хотима ёфт. Дар моҳи декабр ҳамзамон бо баргузории як тамрини низомӣ дар гулӯгоҳи Ҳурмуз, ки 40 дар сади нафти бозори ҷаҳонӣ аз онҷо убур мекунад, Парвиз Сурурӣ, як вакили мардумии Эрон гуфт, “агар ҷаҳон мехоҳад, минтақаро ноором кунад, пас мо ҷаҳонро ноором хоҳем кард.”