Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Реклама. Шеваи дигари мубориза бо фасод.


Дар кӯчаҳои Душанбе таблоҳои таблиғотие насб шудаанд, ки шаҳрвандонро ба даст кашидан аз ришвадиҳӣ ва ришиваситонӣ даъват мекунанд.

Таблоҳои таблиғотӣ дар назди донишгоҳҳои кишвар насб шудаанд, ки бинобар баҳои Оҷонси зидди фасод мавридҳои фасодкорӣ дар онҳо бештар мушоҳида шудааст.

Дар яке аз тахтаҳои рекламаи хиёбонӣ акси нафаре тасвир ёфтааст, ки қабзаи пулро ҳамчун ришва ба нафари дигар дароз мекунад ва нафари дуввум аз гирифтани пул худдорӣ менамояд.

Ба иттилои Бахши танзими рекламаи пойтахт, ба ин мазмун таблоҳо дар се нуқтаи шаҳр, аслан дар наздикии донишгоҳҳои олии пойтахт, ки умдатан донишҷӯёну устодон аз паҳлуи он убур мекунанд, насб шудаанд.

Сафарбек Солиев, масъули бахши равобити хориҷии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон гуфт, тахтаҳои таблиғотӣ бо даъвати даст кашидан аз ришваситониро Барномаи рушди СММ якҷоя бо Оҷонси мубориза бо фасод дар Тоҷикистон ба роҳ мондаанд. Ӯ гуфт, "ин як бахши маъракаи мо алайҳи ришватситонӣ дар муассисаҳои томактабӣ, мактабу омӯзишгоҳҳо ва донишгоҳҳои олии Тоҷикистон мебошад. Агар ба Фейсбук ворид шавед ва ба сомонаи UNDP дохил шавед, чандин аз ин гуна рекламаҳову варақаҳои таблиғотиро мебинед. Албатта, таъсири ин рекламаҳоро мо мушоҳида кардаем."

Насб шудани рекламаи зидди ришватситонӣ дар рӯзҳое рост омадааст, ки дар ҳама донишгоҳҳои олии Тоҷикистон давраи санҷишу имтиҳоноти зимистонаи донишҷуён ҷараён дорад. Баъзе донишҷӯён ҳангоми сӯҳбат бо мо мавридҳои ришваситонии устодонро таъйид карданд ва гуфтанд, ки бо вуҷуди камбизоат будани аксари донишҷӯён, баъзе устодон барои гузоштани як баҳо аз 30 то 100 сомонӣ талаб мекунанд.

Як донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки худро Абубакр Муллоев муаррифӣ кард гуфт, мо ин рекламаро ҳар субҳ вақте ба донишгоҳ меравем, мебинем: "Бале, ин реклама дар хиёбони Исмоили Сомонӣ дар канори роҳ ба тарафи Донишгоҳ гузошта шудааст ва ман бо ҳамдарсонам онро мебинем. Бовар дорам, ки устодони мо ҳам онро мебинанд. Ҳоло мо дар давраи имтиҳоноту санҷиш қарор дорем, шояд муаллимон бардоште кунанд. Дар ҳақиқат баъзе муаллимон, албатта на ҳамаи онҳо, барои санҷиш "ставка"-и алоҳида ва барои имтиҳонот "ставка"-и алоҳида доранд."

Агар як даҳсола қабл масъулони Вазорати маориф ришватситонии устодон дар донишгоҳҳоро эътироф намекарданд, ҳоло вуҷуди ин масъаларо пинҳон намедоранд.

Вазири маорифи Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов зимни сӯҳбати худ дар донишгоҳҳо баъзе аз муаллимонро ба таври ошкоро сарзаниш кардааст. Аммо ба гуфтаи донишҷӯён, то ҳол дар ин самт беҳбудӣ ба назар намерасад ва ришвадиҳиву ришваситонӣ ҳамоно мушоҳида мешавад.

Вазири маориф ба ин бовар аст, ки танҳо вазорат наметавонад аз ришвахорӣ ҷилавгирӣ кунад ва падару модари донишҷӯён низ бояд дар ин маърака нақши боризтар дошта бошанд.

Дастандаркорони таблиғоти зидди фасод дар Тоҷикистон ба ин боваранд, ки дар ниҳояти амр ин таблоҳо ба зеҳни мардум ва кам шудани фасодкорӣ таъсир мегузоранд.

Сардори Бахши танзими рекламаҳои пойтахт Раҷабалӣ Миралиев мегӯяд, ниҳоде, ки таъсири рекламаҳо ба зеҳни мардум ва аҳамияти онҳоро монитор кунад, дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Аммо теъдоди зангҳои телефонӣ ва номаҳое, ки ин ширкат аз шаҳрвандон дарёфт кардааст, далели он аст, ки мардум аз афзоиши шумори рекламаҳои зидди фасоди молӣ ва ташвиқи фарҳанги орӣ аз фасод розӣ ҳастанд.
XS
SM
MD
LG