Ба дунболи сафари ҳайати баландпояи Тоҷикистон таҳти сарварии ноиби сарвазир Муродалӣ Алимардон ба Тошканд, созишномаи нави интиқоли гази табиӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон рӯзи 5-уми январ ба имзо расид.
4-уми январи соли ҷорӣ Узбакистон бидуни огаҳӣ интиқоли газ ба Тоҷикистонро қатъ карда буд. Қатъи интиқоли гази Узбакистон ба Тоҷикистон метавонист низоми кории муассисаи тавлиди алюминиуми Тоҷикистон мавсум ба «ТАЛКО» ва корхонаи сементи Душанберо халалдор кунад. Гузашта аз ин, низоми нақлиёти мусофиркашониии шаҳри Душанберо ба ҳам мезад, зеро аксарияти воситаҳои нақлиёт бо газ кор мекунанд.
Соли гузашта Тоҷикистон аз Узбакистон 180 миллион метри мукааб гази табиӣ ворид кард, ки ин газро аксаран ширкати «ТАЛКО» ва корхонаи сементи Душанбе истифода кардааст. Ин дар ҳолест, ки ду сол боз ширкати «Тоҷиктрансгаз» -и Тоҷикистон тавони бо газ таъмин кардани аҳолиро надорад. Ва барои ҳалли мушкили мардум иқдоми амалие сурат нагирифтааст.
Дар сӯҳбат бо хабаргузории "Интерфакс", раиси муассисаи давлатии "Тоҷиктрансгаз" Саидаҳмад Шарофиддинов гуфтааст, ки нархи газ ҳармоҳа бар пояи нархҳои ҷаҳонӣ муқаррар мешавад ва то кунун нархи ниҳоии газ барои моҳи январ ташхис нашудааст. Моҳи ноябри гузашта нархи 1000 метри мукааб гази Узбакистон 285 доллар буд. Баъд дар моҳи декабр нархи ин миқдор газ то 311 доллар баланд бурда шуд.
Ин дар ҳолест, ки Шавкат Шоимов, муовини раиси ширкати «Тоҷиктрансгаз» дар гуфтугӯ бо РО дар посух ба ин суол гуфт: «Мардуми пойтахти Тоҷикистон тавони пардохти пули истифодаи газро надоранд, ҳоло ҳазор метри мукааб газро мо 300 доллар ворид мекунем. Ин қимат барои мардум қобили пазириш нест. Солҳои пеш ҳазор метри мукааб газ аз 42 то 50 доллар буд. Он замон мардум қобилияти хариди газро дошт.»
Ба гуфтаи ҷаноби Шоимов, қарордод барои интиқоли 200 миллион метри мукааб газ барои соли 2012 бо Узбакистон имзо шудааст. Вале ин қарордод ҳар се моҳ таҷдиди назар хоҳад шуд ва ҳоло метавон гуфт, ки барои интиқоли газ дар семоҳаи аввал бо Узбакистон тавофуқ шудааст.
Бархе аз коршиносон бо таваҷҷӯҳ ба равобити мушкили Тоҷикистону Узбакистон, ки кишвари ҳамсоя мухолифи корхонаи «ТАЛКО» ва сохтмони неругоҳи Роғун аст, созиши ахирро ба тавони шахсияти Муродалӣ Алимардон, муовини сарвазир рабт медиҳанд.
Зафари Суфӣ, таҳлилгари умури минтақаӣ дар ин бора гуфт: «Раҳбари ҳайат, ки Муродалӣ Алимардон буд, бори дигар нишон дод, ки вай метавонад музокира кунад. Натиҷаи ҳар як музокира ба ҳайати музокиракунандаҳо бастагӣ дорад. Ба назари ман Алимардон бори дигар собит кард, ки тавони музокираро дорад. Пештар низ ҳалли бисёр масъалаҳо ба ӯ рабт дошт.»
Аммо ҳанӯз маълум нашудааст, имзои қарордоди нави газ байни ду кишвар бе гузаште аз тарафи Тоҷикистон сурат гирифта бошад ё муомилае дар ин бобат дар миён будааст. Коршиносон ба он низ ишора мекунанд, ки барои ҳалли мушкили газ ҷаноби Алимардонро дар гуфтугӯҳои Тошканд вазири обу мелиоратсия ва раиси ширкати «Барқи Тоҷик» низ ҳамроҳӣ мекарданд.