Алӣ Комилов, директори фурудгоҳи мазкур мегӯяд, хомӯш шудани нерӯи барқ тайи ду моҳ боз идома дорад ва борҳо бо ин сабаб парвози ҳавопаймоҳо ба таъхир афтодааст.
Ба гуфтаи Комилов, даҳҳо маротиба барои ҳалли ин мушкил ба шабакаҳои барқӣ муроҷиат кардаанд, вале бо сабабҳои барои онҳо номаълум ин мушкил ҳал намешавад. Ӯ мегӯяд, қатъ шудани барқ бе огоҳии пешакӣ ба фурудгоҳ метавонад, фоҷиа дар пай дошта бошад.
Зеро ҳангоми пойин шудани ҳавопаймо ба фурудгоҳ ва хомӯш шудани барқ, садама ба вуҷуд меояд. Аз ин рӯ, Комилов мегӯяд, ҳоло онҳо бо сарфи маблағи бештар муҳаррикҳои бузурги барқдиҳанда харидорӣ кардаанд ва ҳангоми ба замин фаромадани ҳавопаймоҳо пурра аз онҳо истифода мекунанд.
Вай дар бастагӣ ба мавзӯъ гуфт: "Мо аз надоштани барқ мушкилиҳои дигар ҳам дорем. Масалан, субҳ тайёраро барои парвоз омода кардан, бояд барфҳои рӯи онро аввал тоза кунем ва баъдан, бо оби гарму моддаи зидди яхкунӣ "Артика" шӯем. Барқ, ки набошад, обҳои зарфҳои ғунҷоишашон 4 тоннаро чӣ тавр гарм мекунем?"
Зуд-зуд қатъ шудани барқ ба фурудгоҳи Кӯлоб дар ҳолест, ки ба қавли масъулин он гӯиё бо хатти "барқи сурх" пайваст аст. Дар ҳамин ҳол, масъулини шабакаҳои барқӣ аз шарҳи ин мавзӯъ худдорӣ карданд.
Алӣ Комилов, директори фурудгоҳи Кӯлоб мегӯяд, ба ширкати "Барқи тоҷик" дар ин маврид муроҷиат кардаанд. Дар посух масъулин гуфтаанд, танҳо дар сурати дар назди фурудгоҳ бунёд ёфтани зеристгоҳи барқӣ мушкили онҳо ҳал хоҳад шуд.
Аммо Алӣ Комилов мегӯяд, онҳо тавони молии бунёди чунин зеристгоҳро дар ҳоли ҳозир надоранд: "Ҳоло дар фурудгоҳ мушкилоти зиёде ҷой дорад. Мо наметавонем, зеристгоҳро аз пули худамон бисозем. Дар амал, мувофиқи тамоми қонунҳои мавҷуда бояд ин корро онҳо кунанд ва ба мо барқ фурӯшанд."
Ин мушкилоти мавҷуда дар фурудгоҳи Кӯлоб мусофиронро барои парвоз аз ин ҷо дар зимистон дилсард кардааст. Эраҷ Давлатов, як сокини Кӯлоб мегӯяд, шояд бебарқист, ки дар зимистон барои парвоз фурудгоҳи Кӯлоб ҳамеша мушкил дорад. Аз ин рӯ, ба қавли ӯ бештари сокинон барои парвоз бо вуҷуди дур будани масофа фурудгоҳи Душанберо интихоб мекунанд.
"Доим пеш аз парвозу ҳангоми фаромадан дар зимистон мушкилӣ ҳаст. Барои ҳамин бисёриҳо Душанбе мераванд. Ҳарчанд ки Душанбе дур аст ва харҷи роҳ ҳам дорад",- гуфт ӯ.
Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб бузургтарин фурудгоҳ дар вилояти Хатлон дониста мешавад, ки ба чанд шаҳри Русия ҳар ҳафта хатти парвози боз дорад.