Раиси кунунии ширкати "Мовароуннаҳр" Тӯрабек Охунов дар нишасти матбуотии ҷавобӣ ба пресс-конфренсияи Додситонии кулл иддао ва далелу рақамҳои овардаи муовини аввали Додситонии кулро беасос хонд. Ӯ гуфт, Ҷӯрабек Охунов, раиси пешини ин ширкат ба ҳеҷ гуна қаллобӣ даст назадааст. Ин дар ҳолест, ки Охунов зиёда аз як сол боз бо гумони қаллобӣ дар боздоштгоҳ ба сар мебарад.
Муовини аввали Додситонии кулли Тоҷикистон Абдуқодир Муҳаммадиев, рӯзи 10-уми январ зимни як нишасти матбуотӣ бо ишора ба ҷараёни тафтиши фаъолияти ширкати «Мовароуннаҳр» таъкид кард, ки Ҷӯрабек Охунов ба 517 ҷабрдида ба маблағи 15 миллион доллар зиён ворид кардааст. Ҷаноби Муҳаммадиев ҳамчунин афзуд, ки ду парвандаи дигар алайҳи Охунов ба анҷом расида, ба додгоҳ фиристода шудааст.
Аммо Тӯрабек Охунов, бародари Ҷӯрабек Охунов, ки феълан роҳбарии ин ширкатро бар дӯш дорад гуфт, ширкати «Моваруннаҳр» аз муштариён на 15 миллион долларе, ки Додситонии кулл иддао мекунад, балки 16 миллион доллар гирифта буд: «Тафтишот нишон дод ва санадҳое, ки тафтишот нишон додааст, ин 16 миллион доллари муштариён на ба кисаи Ҷӯрабек Охунов, балки барои сохтмони манзилҳо масраф шудааст. Ҳамаи санадҳои дар дасти мо ҳаст.»
Пас аз боздошти Ҷӯрабек Охунов дар моҳи октябри соли 2010, муштариёни ин ширкат барои ҳалли мушкилоте, ки бо ин боздошт ба миён омад созмонеро бо номи Кумитаи мизоҷони "Мовароуннаҳр" таъсис доданд.
Раиси ин кумита Маҳмадназар Раҳматшоев, ки дар нишасти матбуотии ширкат ҳузур дошт, мегӯяд, муовини аввали Додситони кул гуфтааст, ки гӯё бархе аз муштариён таҳти кадом шароите мавқеи худро дигар кардаанд, ки ин нодуруст аст: «Вақте, ки Муҳаммадиев дар як мақоми муҳими додситонӣ фаъолият мекунад ва мегӯяд, ки ҳайати намояндагии муштариён бо бародари Охунов забон як карда бошанд, хушоянд нест. Мо аввал ин, ки номаи шикоятӣ нанавишта будем, мо мехостем, ки пеши роҳи бебандубориҳо гирифта шавад. Мувофиқи тафтиши мо, беш аз 45 хона аз тарафи мансабдорон ё бепул ва ё бо нархи ночиз аз худ карда шудаанд. Бисёр мансабдорон хонаҳоро ё бепул мегиранд ва ё бо нархи камтарин соҳиб мешаванд.»
Дар нишасти хабарии Додситонии кул, аз анҷоми ду парвандаи дигар алайҳи Охунов иттилоъ дода шуд. Мувофиқи ин парвандаҳо, гуё Охунов 2 миллиону 877 ҳазор сомонии Оҷонси "Тоҷиксуғурта"-ро, ки барои сохтмони биноҳои ин муассиса ба суратҳисобаш ворид шуда буд, аз худ кардааст. Ҳамчунин, маблағи 7 миллиону 479 ҳазору 483 сомониро, ки аз ҷониби Бонки Исломии Рушд барои сохтмони беморхона дар ноҳияи Данғара ҷудо карда шуда буд, аз худ намудааст.
Аммо Турабек Охунов гуфт, ки воқеан ширкати «Мовароуннаҳр» аз тариқи тендер ва шартнома сохтмони тарҳҳои мазкурро ба дӯш дошт, аммо маблағе, ки Додситонии кул иддао мекунад, онро Охунов аз худ кардааст, нодуруст мебошад.
Ҳамин тавр масъулони ширкати "Мовароуннаҳр" таъкид доранд, ки ба айбномаи Додситонии кул дар мавриди раиси пешини он Ҷӯрабек Охунов розӣ нестанд.
Ҷӯрабек Охунов ҳанӯз моҳи октябри соли 2010 боздошт ва мурофиаи додгоҳии ӯ, ки дар моҳи августи соли 2011 дар Додгоҳи олии Тоҷикистон оғоз ёфта ва ҳамчунон идома дорад.
НАВОР АЗ БОЙГОНӢ