Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як узбакистонӣ дар ИМА ба иттиҳоми террор


Ҷамшед Мухторов
Ҷамшед Мухторов

Дар Иёлоти Муттаҳида як шаҳрванди Узбакистон бо иттиҳоми фаъолияти террористӣ боздошт гардид.

Дар изҳороти вазорати адлияи ИМА гуфта шудааст, Ҷамшед Мухторов, ки худро Абумуъмин Туркистонӣ ва Абу Муъмин низ муаррифӣ мекунад, бо Иттиҳоди шӯрои исломии мустақар дар Покистон тамос дошт ва мехост ба он шомил шавад.

Ин созмон, ки ба иттилои полиси Амрико, алайҳи ҳукумати феълии Узбакистон мубориза мебарад ва талоши дар ин кишвари Осиёи Марказӣ ташкил кардани давлати исломиро дорад, қаблан зидди нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон чанд ҳамла анҷом дода буд. Ва аммо дар ин изҳорот гуфта нашудааст, ки Мухторов қасди ташкили ҳамлаи террористӣ дар Амрикоро дошт ё на.

Кормандони Хадамоти федеролии тафтишот Ҷамшед Мухторовро рӯзи шанбеи гузашта дар фурудгоҳи байнулмилалии шаҳри Чикаго боздошт карданд. Ду рӯз баъд дар додгоҳи федеролии шаҳри Денвер ба ӯ иттиҳоми даст доштан дар фаъолияти террористӣ эълон шуд.

Фотима Искандарова, ҳамсояи собиқи Ҷамшед Мухторов дар шаҳраки Аврора мегӯяд, ки баъд аз панҷ соли дӯстӣ, ӯ ҳама робитаҳоро бо Ҷамшед барканд, зеро фаҳмид ҳамсояаш бо гурӯҳҳои ифротгаро пайвастааст. “Ҳарчанд ӯ дар донишгоҳи Узбакистон ихтисоси ҳуқуқшиносиро соҳиб шудааст, баъди омадан ба Амрико Ҷамшед риш монд, тарзи либоспӯшияшро тағйир дод ва суханронияш ҳам дигар шуд. Ӯ комилан тағйир ёфт”, мегӯяд Фотима.

Шабакаи телевизионии 9News хабар дод, ки кормандони ФБР аз моҳи феврали соли 2011 ба таъқиби Ҷамшед ​Мухторов шурӯъ намуданд ва ҳама тамосҳои телефониву номаҳои электронии ӯро назорат мекарданд. Аз моҳи май манзили ӯ таҳти назорати доимӣ қарор гирифт.

Бар пояи изҳороти ФБР, Ҷамшед Мухторов, ки дар Амрико ронандаи мошини боркаш буд, дар тамосҳои телефонии худ вожаи “wedding”-ро зиёд такрор мекард, ки ​аз он террористҳо на ба маънои “тӯй” ё “ақди никоҳ”, балки
Ҷамшед Мухторов замоне ҳуқуқшинос буд
Ҷамшед Мухторов замоне ҳуқуқшинос буд
ба маънои “ҳамлаи террористӣ” истифода мебаранд. Дар яке аз сӯҳбатҳои телефонӣ бо духтарчааш, Ҷамшед Мухторов гуфтааст, ки “шояд онҳо дигар ҳеҷ гоҳ вонахӯранд” ва агар ӯ “мусалмонзани хуб шавад, ҳатман дар биҳишт бо ҳам дидор хоҳанд дид.”

Ба иттилои мақомоти кашф, Ҷамшед Мухторов чанд бор бо билетҳои арзон аз Денвер ба Истамбул парвоз карда буд. Рӯзи боздошт ҳам ӯ қасди парвоз ба Туркияро дошт.

Дар сурати таъйид шудани иттиҳом, ба Ҷамшед Мухторов 15 соли маҳбас ва пардохти ҷарима ба маблағи то 250 ҳазор доллар таҳдид мекунад. Аз ин пеш моҳи июли соли гузашта хадамоти кашфи Амрико дар аёлати Алабама Улуғбек Қодиров, дигар шаҳрванди Узбакистонро бо иттиҳоми таҳдиди куштори раиси ҷумҳури Амрико Барак Обама боздошт карда буданд. Ӯ ҳамчунин дар ғайриқонунӣ нигаҳ доштани силоҳ, аз ҷумла силоҳи автоматии М15 ва норинҷак муттаҳам мешавад.

Ахиран рӯзномаи “Бирмингем Нюс” навишт, ки мурофиаи додгоҳии Улуғбек Қодиров рӯзи 10 феврал аз сар гирифта мешавад ва вакили дифои ӯ гуфтааст, Улуғбек қасд дорад, гуноҳҳои худро эътироф кунад. Улуғбек Қодиров бо раводиди донишҷӯӣ ба Амрико ворид шуда, тайи ду соли ахир дар ин кишвар ғайриқонунӣ иқомат мекардааст.
XS
SM
MD
LG