Ҳафтаи қабл «Тоҷикстандарт» ширкатро барои истифода ҳисобкунакҳои ғайристандартӣ ва ҳам Агентии мубориза бар фасод дар изофанависӣ муттаҳам карда буданд.
Муҳаммадамин Аминов, директори иҷроияи гурӯҳи татбиқи лоиҳаи кам намудани талафоти нерӯи "Барқи тоҷик" ва масъули насби ҳисобкунакҳои электронӣ гуфт, даъвои «Тоҷикстандарт» барои ӯ норӯшан аст, зеро ин ниҳод худ барои ин намуди асбоби ҳисоби барқ шаҳодатнома додааст: «Ин ҳисобкунакҳо бар пояи созишномаи ҳукумати Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ харида шудаанд. Онҳо сертификати Кумитаи сертификатии Аврупоро доранд, ки ба ширкати «Чинтек»-и Чин додаанд. Ба ҷуз ин, боз 12 шаҳодатномаи дигарро дигар созмонҳои шаҳодатномадиҳии байнулмилалӣ додаанд. Мо метавонем ҳамаи онҳоро ба шумо пешниҳод кунем.»
Қаблан Оҷонсии “Тоҷикстандарт” эълом дошта буд, ки тамоми ҳисобкунакҳои насбкардаи “Барқи тоҷик” аз санҷиши ин оҷонсӣ нагузашта ва ба меъёр ҷавобгӯ нестанд. Тибқи иттилои ин ниҳод, то ба ҳол «Барқи тоҷик» 170 ҳазор ҳисобкунаки электоронӣ дар шаҳри Душанбе ва 117 ҳазори дигар дар вилояти Суғд насб кардааст.
Аммо иддае аз шаҳрвандон аз он шикоят мекунанд, ки ин ҳисобкунакҳои нерӯи барқро зиёд ҳисоб мекунанд. Некрӯз Шодиев, як сокини Душанбе дар тамос бо мо гуфт, ки ҳисобкунакҳои нав хеле зуд кор мекунанд:
«Инҳо бисёр тез кор мекунанд. Пеш ҳисобкунакҳои Шӯравӣ, ки буд, тез кор намекарданд. Маблағашон ҳам кам буд. Инро чӣ хел, фаҳмем? Ҳаминҳоро ягон кас мепурсад?»
Муҳаммадамин Аминов мегӯяд, «Барқи тоҷик» омода аст ҳар гуна шикоятро мавриди баррасӣ қарор диҳад.
Аммо ин танҳо «санги» мақомоти дигар ба «полизи» «Барқи тоҷик» набуд. Чанде қалб Оҷонси мубориза бар фасоди Тоҷикистон эълом дошт, ки дар пайи як тафтиши саросарии ниҳодҳои ширкат, 12 миллион сомонӣ изофанависӣ ошкор шудааст.
Фаттоҳ Саидов, раиси ин ниҳод, аз ҷумла гуфт, дар ноҳияҳо ходимони ширкат барқро фурӯхта, ба ҳисоби корхонаҳои давлатӣ мегузаронанд: «Ба дигар ҷойҳо мефурӯшанду пулро дар киса мезананд ва аз ҳисоби корхонаҳои давлатӣ «списат» мекунанд. Гӯ ё, ки корхонаи давлатӣ истифода бурда бошад. Ҳанӯз тафтиш тамом нашудааст. Мо то ҳадди имкон «мӯйро аз хамир ҷудо мекунем», то нафари манфиатдор, шахси масъул дар ин кор дар назди қонун ҷавоб гӯяд.»
Оқои Саидов, аз ҷумла як маврид аз ноҳияи Конибодомро мисол овард, ки ба ҳисоби хоҷагии об 15 миллион квт – соат барқ изофанависӣ шуда, 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ ба давлат хисорот ворид шудааст.
Аммо Абдулло Ёров мегӯяд, ҳанӯз комилан рӯшан нест, ки ин маблағ чӣ тавр ба вуҷуд омадааст ва ӯ ин гуна ҳисоботеро дар даст надорад: «Аз ин 4 миллион ба худи «Барқи тоҷик» дахл дорад, ки дар он ҳам амали коррупсионӣ нест. Ин маблағро Агентӣ ошкор кард. Аммо он ба пудратчӣ дода нашудааст. Моро Агентӣ «профилактика» кард. Дар ҳақиқат вазифаашро иҷро кард. Акнун ин маблағро мо ба буҷет месупорем ва ба пудратчӣ намедиҳем. Ин ҷо амали коррупсионӣ нест. .»
Иддае ҳам бар инанд, ки ҳам ҳисобкунакҳои электронии ғайристандартӣ ва ҳам изофанависиҳои «Барқи тоҷик» ба хотири пӯшонидани қарзҳояш пеши андозу дигар хадамот аст. Тибқи иттилоъи «Барқи тоҷик», дар ҳоли ҳозир ширкат ҳудуди 600 миллион сомонӣ, қабл аз ҳама аз Кумитаи андоз, вазорати молия ва нерӯгоҳи "Сангтӯда – 1" қарздор аст ва соли гузашта танҳо 4 миллиони он коҳиш ёфтааст. Аммо аз ширкат аҳолӣ 275 миллион ва вазорати обу обёрӣ – 180 миллион сомонӣ қарздор будаанд, ки ба қавли мақомоти «Барқи тоҷик», сабаби асосии қарздории худи ширкат шудааст.
Дар ҳамин ҳол, қарздори бузурги дигари «Барқи тоҷик» ширкати «Талко» ахиран эълон дошт, ки ҳудуди 144 миллион сомонӣ қарзашро пардохт кардааст. Абдулло Ёров гуфт, аз ин ба баъд ду ширкат ҳеҷ яке аз ҳамдигар қарздор нестанд.