Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯлоб. Синфхонаҳои сард ва толибилмони бемор


Синфхонаҳои сард дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дар минтақаи Кӯлоб, боиси гирифтории бемориҳои гуногун миёни толибилмон гаштааст.

Садафмоҳ, як зани миёнасоли сокини Кӯлоб аз рафтани фарзандаш ба мактаб дар рӯзҳои сард ҷилавгирӣ кардааст. Ин зан мегӯяд, ду фарзанди мактабхонашро дар синфхонаҳои сард хунукӣ задааст ва давоми чанд рӯзи таътил ба табобатӣ онҳо машғул буд.

Ӯ гуфт: «Ҳозир истироҳаташон поён ёфтааст ва ман гуфтам, ки ба мактаб наравед, ҳар чӣ ҳам шавад, майлаш. Охир дар ҳамин рӯзҳои дар хона будан фақат онҳоро табобат кардам. Табашон баланд буд. Дар мактабашон алов нест, ба чӣ гарм мешаванд? Касал шуд, киро зур меояд? Аз ин пас дар рӯзҳои гармӣ раванд, вале дар сардиҳо намегузорам, ки дарс раванд.»

Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи иттилои Идораи маорифи минтақаи Кӯлоб, тамоми мактабҳои ин минтақа бо бухориҳои гармдиҳӣ таъминанд ва ҳамаи онҳо дар тирамоҳ бо ҳезуму ангишт таъмин шудаанд. Директорони муассисаҳои таълимӣ мегӯянд, воқеан печҳои бобоӣ, ягона роҳи наҷот додани хонандагон аз сардист. Як директори мактаби таҳсилоти ҳамагонии шаҳри Кӯлоб, ки ба хотири «гап нашунидан» нахост номашро зикр кунем, гуфт, дар замони шӯравӣ мактаби онҳо бо роҳи бӯғ гарм карда мешуд, вале ҳамаи қубурҳои гармдиҳӣ ба яғмо бурда шуд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ахиран Хадамоти оташнишонии минтақаи Кӯлоб баркандани печҳои бухорӣ ё ба истилоҳи сокинон «печҳои бобоӣ» дар мактабҳои таҳсилоти умумиро ҳатмӣ донистааст.

Эмомалӣ Мазориев, муовини сардори Хадамоти оташнишонӣ дар ин минтақа мегӯяд, бо вуҷуди ҳушдор ва ҷаримабандии хадамоти оташнишонӣ, дар мактабҳои миёна аз ин гуна печҳо, ки дар аксар ҳолатҳо боиси сар задан сӯхтор мешаванд, истифода мебаранд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ, соли гузашта дар ҳамин давраи сол ду мактаб оташ гирифта буд ва онҳо ба ҳамаи масъулини соҳа фаҳмониданд, ки аз истифодаи печҳои бобоӣ худдорӣ кунанд.

“Мо соли гузашта ба ин муассисаҳо рафтем ва ҳамаи директорони мактабро фаҳмонидем, ки бо роҳҳои бехатар синфхонаҳоро гарм кунанд. Печҳои бобоӣ хатарноканд ва сӯхторро ба амал меоранд. Таъкид кардем, бисёриҳоро ҷарима кардем, вале ҳамоно ин аҳвол идома дорад.”

Дар ҳамин ҳол, аксари хонандагон аз сард будани синфхонаҳояшон дар фасли сармо шиква мекунанд. Рухшона, як хонандаи мактаби миёнаи шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ҳамон печҳои бобоӣ низ ба ном насб шудаанд ва дар онҳо барои гармшавӣ боре ҳам оташ дар намегиронанд: «Дар ҳамон Идораи муаллимон як печка ҳаст, дар синфхонаҳои мо нест. Худи ман аз хунукӣ зуком шудаам ва дигар ҳамсинфонам низ чунин ҳастанд. Бисёрашон аз хунукӣ то охири дарс тоқат намекунанд.»

Меҳроҷ, хонандаи дигар мегӯяд, дар аввал аз онҳо барои гармшавӣ пул ҷамъ карда буданд, вале то ба ҳол аз гармӣ хабаре нест: «Гуфтанд, ки пулу пояи пахта биоред. Бурдем. Ҳоло танҳо дар калидори мактаб ду печка шинонидааанд ва мегӯянд, ки дарҳои синфатонро кушоед, гармӣ мерасад. Дар онҳо ҳам як бор алов мекунанд, ки болои печкаҳо ҳатто гарм намешаванд.»

Дар ҳамин ҳол, Темуршоҳи Файзалӣ, хабарнигори маҳаллӣ мегӯяд, ҳарчанд, печҳои бобоӣ хатарнок бошанд, ҳам, аммо дигар ҳоло роҳе барои гармшавӣ ва ё гармкунии мактабҳо вуҷуд надорад.

Ҳоло пас аз таътилӣ зимистона хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дубора ба пушти мизҳои мактабӣ фаро хонда шуданд. Дар сурати амалӣ шудани ҳушдори Хадамоти оташнишонии минтақаи Кӯлоб, аксари хонандагон минбаъд пушти мизҳои сард таҳсил хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG