Ин дар ҳолест, ки даргириҳо миёни нерӯҳои давлатӣ ва ҷудошудагон аз артиши Сурия дар атрофи Димишқ идома дорад ва мухолифони мусаллаҳи режими Башор Асад муваффақ шудаанд се минтақаро дар наздикиҳои пойтахти Сурия ба назорати худ дароваранд.
Иттиҳодияи Араб ҳафта гузашта бо ироаи тарҳи сулҳе барои поён додан ба бӯҳрони беш аз 10 моҳа дар Сурия, аз Башор Асад, раиси ҷумуҳри ин кишвар хост ихтиёроти раёсати ҷумуҳуриро ба муовини худ вогузор кунад
Дар баёнияи Иттиҳодияи Араб, ки рӯзи шанбе нашр шуд, омадааст: “Бинобар идомаи хушунатҳо дар Сурия, дабири кулли Иттиҳодияи Араб бо бархе аз вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ин иттиҳодия машварат кард ва тасмим гирифта шуд, то замони матраҳ шудани мавзӯъ дар нишасти вазирони умури хориҷӣ, фаъолиятҳои нозирон “фавран” дар Сурия қатъ карда шавад.”
Як масъул дар Иттиҳодияи Араб, ки нахостааст номаш фош шавад, ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, бо эҳтимоли зиёд вазирони корҳои хориҷии араб дар оғози моҳи феврал гирдиҳам хоҳанд омад, то имкони берун кардани нозирон аз Сурияро баррасӣ намоянд.
Маъмурияти нозирони Иттиҳодияи Араб назорат бар тарҳе аст, ки пештар ин ниҳод барои поён додан ба бӯҳрон дар Сурия пешниҳод карда буд. Бар асоси ин тарҳ, давлати Сурия ӯҳдадор шуда буд ба саркӯбии тазоҳургарон поён диҳад ва ҳама дастгиршудагони нооромиҳои ахирро озод кунад. Дар муқобил Иттиҳодияи Араб миёнҷии гуфтугӯҳо миёни давлати Сурия ва мухолифон мешавад.
Маъмурияти якмоҳаи нозирон ҳафтаи гузашта поён ёфт ва ба муддати як моҳи дигар дароз карда шуд. Аммо кишварҳои арабии ҳавзаи Халиҷи Форс ва ҳамчунин Марокаш дар эътироз ба идомаи хушунатҳо дар Сурия, нозирони худро аз ин кишвар фаро хондаанд.
Созмони Милал мегӯяд, аз моҳи март то кунун дар ҷараёни саркӯбии тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар Сурия, бештар аз 5500 нафар кушта шудаанд.