Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон: "Гуфтугӯҳо мусбат ва созанда буд"


Таъсистои ҳастаии Натанз дар Эрон
Таъсистои ҳастаии Натанз дар Эрон

Расонаҳои Эрон аз поёни музокирот байни ҳайати Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ ва мақомоти ин кишвар хабар додаанд.

Як мақоми огаҳи эронӣ низ гуфтааст, ҳайати шашнафараи Оҷонс аз ҳеҷ яке аз пойгоҳҳои ҳастаӣ дидор накарданд. Ин мақом дар гуфтугӯ бо хабаргузории ИРНА аз поёни гуфтугӯҳои серӯза миёни мақомоти эронӣ ва ҳайати шашнафараи Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ хабар дода ва гуфтааст: «Ин гуфтугӯҳо мусбат ва созанда буд.»

Ин мақом ҳамчунон гуфтааст, ҳайати шашнафара аз ҳеҷ яке аз пойгоҳҳои ҳастаии Эрон боздид ва бозрасӣ накарданд ва «ҳайати мазкур танҳо як ҳайати коршиносӣ буд, ки барои анҷоми гуфтугӯҳо бо ҷониби эронӣ ба Теҳрон сафар карда буд.»

Раҳбари ҳайати Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ
Раҳбари ҳайати Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ
Ин дар ҳолест, ки хабаргузории Форс гузориш додааст, ки дар музокироти байни ҳайати Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ ва мақомоти Созмони энержии Эрон, ду тараф дар бораи идомаи музокирот ба тавофуқ расиданд ва «замони гуфтугӯҳои баъдӣ мушаххас шудааст.»

Ҳайати шашнафараи Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ рӯзи якшанбе вориди Теҳрон шуда буд.

То кунун Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ дар хусуси натиҷаҳои гуфтугӯҳои ҳайати бозрасон дар Эрон маълумоте ироа накардааст. Аммо раҳбари ҳайати шашнафара қабл аз сафар ба Эрон ибрози умедворӣ карда буд, ки ҳама мавзӯъҳои муҳим ва ҳалношуда дар мавриди барномаи ҳастаии Эрон ҳалли худро пайдо кунанд.

Али Асғари Султония, намояндаи доимии Эрон дар Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ дар остонаи сафари ҳайати шашнафараи Оҷонс ба Теҳрон гуфта буд, "мувофиқати Эрон бо анҷоми ин сафар нишонгари ҳамкории Эрон бо Оҷонс барои бартараф кардани норӯшаниҳо аст."

Вай изофа карда буд: «Ин иқдоми Эрон нишондиҳандаи шаффофият ва ҳамкории Эрон бо Оҷонс ва хунсо кардани тавтеаҳои душманон дар эҷоди фазои сиёсӣ алайҳи Эрон аст.»

Алӣ Акбар Солеҳӣ, вазири умури хориҷии Эрон
Алӣ Акбар Солеҳӣ, вазири умури хориҷии Эрон
Дар ҳамин замина Алӣ Акбар Солеҳӣ, вазири умури хориҷии Эрон рӯзи душанбе гуфта буд: «Мо ҳозир ба ҳамкорӣ ва кӯмак бо Оҷонс ҳастем ва омодаем, ки агар Оҷонс бихоҳад, муддати ҳузури бозрасон ва ҳайати ҳамроҳ дар Эронро тамдид кунем.»

Хабаргузориҳои Эрон рӯзи сешанбе гузориш доданд, ки шуморе аз «донишҷӯёни донишгоҳи Теҳрон» дар эътироз ба сафари бозрасони Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ дар рӯбарӯи Созмони энержии атомии Эрон ҷамъ омаданд.
XS
SM
MD
LG