Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳтии марговари оғози таърихи Шӯравӣ


Дар солҳои 1932-33 Русия ҳамаи ғаллаи рустоиёни Украинаро гирифт ва онҳоро бечора кард. Зиёда аз 3 миллион нафар фавтид.

Дар деҳаи Таргани ҷануби Киев аз 900 нафар 360 нафар аз гуруснагӣ мурд. Дар як ҳодиса волидайн писари худро хӯрдаанд. Александра Авдюк ва дугонааш Лесия Маслова дар давраи қаҳтӣ кӯдак буданд ва хотираҳои талхеро ба ёд меоранд.

Тарган як деҳаи деҳқонон дар ҷануби Киев аст. Чизи бахусусе надорад, аммо дар соли 1933 аз 900 сокини он 360 нафарашон аз гуруснагии шадид бо машаққати тадриҷӣ ва ваҳшатангез ҷон доданд. Александра Авдюк дар соли 1933 духтарчаи хурдсол буд. Вай ва дугонааш Лесия Маслова аз он ваҳшат ҷон ба саломат бурданд, вале ончиро, ки таҷриба карданд ва диданд ҳеҷ кадомашон ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд кард.

Украина, соли 1933
Украина, соли 1933
Александра Авдюк мегӯяд: "Ҳосили соли 1932 бад набуд. Вале онҳо ғалларо аз деҳа бурданд. Он вақт Иттиҳоди Шӯравӣ гандум содир мекард. Онҳо танҳо каме тухмӣ боқӣ гузоштанд ва он ҳам зери қуфлу калид. Одамон чизе надоштан бихӯранд. Кумиссюн ҳар хонаро тафтиш мекард ва нонро мебурд. Онҳо мепурсиданд, нон, тухмӣ ё орд
доред. Агар чизе аз инҳо мебуд, онҳо мегирифтанд. Дар ин ҷо як мактаби чаҳорсола буд. Ман дар синфи чаҳор мехондам ва 12-сола будам. Ҳамаи мо гурусна будем, бисёр гурусна. Баъд аз оғози соли таҳсил аввал писарҳо якояк фавтиданд. Онҳо аз ҳама сиҳатмандтар буданд ва ба нони бештар ниёз доштанд. Нон ғизои аз ҳама асосӣ буд. Аммо ноне набуд. Бабенко Тимиш Мусийович ба мактаб наомад. Омӯзгор моро ба хонаи ӯ фиристод: “Равед, бифаҳмед, ки чаро Тимиш ба мактаб наомад, аммо ҳама якҷо бошед.” Дар гузари ҳамсоя одамонеро дидем. Онҳо аз мо пурсиданд: “Куҷо меравед? Аз ин кӯча нагузаред.” Онҳо гурусна, вале ҳанӯз хуб буданд. Гуфтем, ки ба ҷустуҷӯи Тимиш меравем. Гуфтанд: “Он ҷо наравед, падару модари вай девона шудаанд. Онҳо вайро бо табар пора карда, хӯрдаанд, боқимондаҳояшро рӯи бучкае гузошта, ба тарафи кӯл ғелонданд.” Мо аз канори кӯл гузаштем. Устухонҳои Тимиш дар шохҳои бед овезон буданд."

Тафсилоти бештарро дар ин филми кӯтоҳ бубинед. Агар мехоҳед, ҳамаи бо бахшҳои тарҳи чандрасонаии "Бист сол бе СССР" шинос шавед, рӯйи номи он "ангушт" занед. Дар он хотираҳо аз Тоҷикистон низ ҷой дорад.

Қаҳтии марговари оғози таърихи Шӯравӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:22 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG