Ин иқдом метавонад, 5 миллиард доллари изофӣ ба бор орад, ки бунёдгузори Facebook мегӯяд, ба иҷрои “рисолати иҷтимоӣ”-и Facebook сарф хоҳад кард.
Агар дарвоқеъ ин гуна шавад, Facebook дар фурӯши аввалияи саҳмияҳои ширкати технологӣ дар таърихи Амрико таҷрибаи бесобиқа хоҳад буд. Ва хоҳад тавонист, мавқеи худро ҳамчун намунагузори интернет қавитар кунад.
Ҳар моҳ наздик ба 845 миллион нафар вориди Facebook мешаванд, ки ин қариб шашяки аҳолии ҷаҳон аст. Дар зиёда аз 100 кишвар он шабакаи аввали иҷтимоист ва дар Ҳинду Бразил бо суръати кайҳонӣ густариш меёбад.
Раҳбари шабака Марк Зуккерберг “рисолати иҷтимоӣ”-и Facebook-ро, ки акнун 8-сола мешавад, ба ҳам овардани мардум ва бозтару пайвандтар кардани ҷаҳон меномад. Ҳамзамон ин яке аз бойтарин ширкатҳои Иёлоти Муттаҳида аст, ки эҳтимоли аз ин ҳам сарватмандтар шуданро дорад.
Виктор Майер-Шобергер, профессори Пажӯҳишгоҳи интернет дар Донишгоҳи Оксфорд мегӯяд: “Қисман ба он сабаб, ки он махзани иттилоъ аст ва қисман барои он ки ҳамоиши ин теъдод аз мардум метавонад, ба пешниҳод ё талаби хадамоти муайян мусоадат кунад. Агар яке онро василаи расондани мӯҳтаво шуморад, дигаре метавонад, онро василаи бозорёбӣ ё ҳатто фурӯши иттилои хусусии корбарон донад. Он имкониятҳои зиёди ба даст овардани даромадро дорад, аммо манзур ин аст, ки Facebook дар асли худ ҷӯёи шакли иловагии бизнес шудааст.”
Соли гузашта корбарони Facebook ба ин ширкат 3 миллиарду 700 миллион доллар фоида оварданд, ки аксари онро таблиғ ва огаҳӣ ташкил дод. Аммо маълумоте, ки корбарон паҳн мекунанд, хадамоти бештареро ҳадаф мегирад. Аз ҷумла тиҷорати электронӣ, бозиҳои иҷтимоӣ, табодули мусиқӣ, филм ва ғайра.
Аммо ин хадамот дар ҳоле ки маълумоти хусусӣ ва ҳифзи ҳаққи муаллиф дар интернет ҳанӯз шакли комил ва ниҳоӣ нагирифтааст, метавонад, шабакаро ба сӯи номуайянӣ савқ диҳад. На Facebook ва на корбарони он маъракаи интернетии моҳи майи соли 2010-ро фаромӯш накардаанд. Он вақт корбарон зери шиори “Facebook-ро як рӯз хомӯш кунем!” таҳдид карданд, ки фурӯши иттилои шахсии онҳо метавонад, бар зарари ширкат тамом шавад. Аз ин лиҳоз ҳама гуна “қадами ғалат” метавонад, шабакаро ноком гардонад.
Аз оғози қарни интернет бисёриҳо хостанд, ҳокими ягонаи фазои электронӣ шаванд. Ширкатҳои Microsoft, Apple ва Google ҳамоно талошҳои худро бо ҳар роҳе давом медиҳанд. Коршиноси интернет Ҷон Баттелле мегӯяд, онҳо мехоҳанд, ба ҳокимони ягонаи ҳаёти мо табдил ёбанд, вале ин номумкин аст.
Ба ҳар ҳол, мумкин ё номумкин, акнун навбати Facebook расидааст, ки худро дар ин самт имтиҳон кунад.