Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зимистони сахти Кӯлоб. Гӯшт арзону шир қимат шуд


Сардиҳои бардавоми зимистони имсола дар Кӯлоб нархи коҳ - хӯроки аслии ҳайвонотро баланд бурдааст.

Ба дунболи боло рафтани нархи коҳ, нархи ширу гӯшт низ дар бозорҳои ин шаҳр тағйир ёфтааст. Нархи як литр шир аз 2,5 сомонӣ ба 4 сомонӣ боло рафтааст, вале баръакси ин нархи як кило гӯшти гов, аз 27 ба 23-25 сомонӣ поин шудааст.

Қурбоналӣ, як коҳфурӯш дар Кӯлоб мегӯяд, зимистони имсол сарду дароз омад ва сокинон захираҳои худро аз даст доданд. Ба гуфтаи ӯ, аксари сокинон ҳайвоноти лоғари худро аз бекоҳӣ мефурӯшанд ва ин ҳолат боиси тағйири нархи ширу гӯшт шудааст.

Қурбоналӣ, як cокини Кӯлоб
Қурбоналӣ, як cокини Кӯлоб
Ӯ мегӯяд, ба он хотир нархи коҳро боло бурдаанд, ки дар сардии зимистон онро аз роҳи дур ба Кӯлоб меоранд ва сарфи зиёд менамоянд: «Бисёрашон молҳояшонро мефурӯшанд ва коҳ мехаранд. Молҳое, ки зинда ва ё кушта мефурӯшанд, хароб ҳастанд. Гӯшти хароб хеле арзон аст. Коҳи барои фурӯш захира кардаи мо коҳфурӯшон низ ҳоло тамом шудааст. Ин хел зимистони сардро касе интизор надошт. Мо ҳам дар ин хунукӣ бо ароба аз Навободи Восеъ коҳ меорем.»

Робиямоҳ, зане, ки маҳсулоти ширӣ мефурӯшад, мегӯяд, ҳоло пайдо кардани шир барои харидан низ мушкил шудааст: «Шир нест, ҳоло. Говҳо аз гуруснагӣ шир надоранд. Як кило кунҷора 1,5-2 сомонӣ буд, ҳозир 2,5 сомонӣ шудааст. Мо аз чанд кас дар тирамоҳу тобистон шир мегирифтем, ҳоло онҳо мегӯянд, ки говҳояшон шир
Робиямоҳ, фурӯшандаи маҳсулоти ширӣ дар Кӯлоб
Робиямоҳ, фурӯшандаи маҳсулоти ширӣ дар Кӯлоб
намедиҳад.»

Дар ҳамин ҳол, Рустамхони Аламхонзода, тоҷири бозори марказии шаҳри Кӯлоб мегӯяд, дар сардиҳои зимистон фурӯши на танҳо ширу гӯшт, балки ҳама гуна маҳсулот суст сурат мегирад: «Бисёре аз мардум дар хунукӣ даромад надоранд. Ҷойҳои кори мавсимӣ доранд. Дар зимистон савдо суст аст, зеро пул кам аст. Агар нигоҳ кунем, 80 фоизи мардум ҷои кор надоранд, маош намегиранд, ҳар моҳ. Пуле, ки аз корҳои мавсимӣ захира мекунанд, зуд тамом мешавад. Ба хусус дар моҳи февралу март мардум бепул аст.»

Болоравии нархи шир дар ҳолест, ки қимати орду равғану шакар, маҳсулоти серистеъмолтарини мардум низ дар Кӯлоб баланд шудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки роҳи Оҳани Кӯлоб беш аз се моҳ боз аз ҷониби Узбакистон баста аст ва ҳеҷ маҳсулоте тариқи ин роҳ ворид намешавад. Тоҷирони низ омили болоравии аксари нархи маҳсулотро дар баста будани Роҳи оҳан медонанд.
XS
SM
MD
LG