Вазири умури хориҷии Фаронса Жирар Лонге рӯзи чаҳоршанбеи 8-уми феврал изҳор дошт, ки мавқеъгирии Узбакистон гуфтушуниди марбут ба хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистонро вориди бунбаст кардааст. Тошканд барои гузаштани ин нерӯҳо аз қаламраваш музди, ба гуфтаи вазир, «аз ҳад зиёд» талаб кардааст.
Ҷаноби Лонге гуфтааст, дар ҳоли ҳозир се роҳи бурунрафти нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон баррасӣ мешавад. Роҳи якум, яъне парвози мустақими ҳавопаймоҳо бо сабаби гаронияш ғайри қобили қабул хоҳад буд. Дувум, хуруҷ ба воситаи қаламрави Покистон мавриди сӯҳбат аст, аммо баъд аз бад шудани муносибати кишварҳои ғарбӣ бо Исломобод ин роҳ дар ҳоли ҳозир зери суол қарор гирифтааст. Ниҳоят, роҳи савум – истифодаи роҳҳои оҳани Узбакистон ба таври мустақиман ё ба воситаи Тоҷикистон мебошад, ки сари ин мавзӯъ намояндагони Нерӯҳои кӯмаки байнулмилалии амниятӣ ба Афғонистон (ISAF) гуфтушунидҳоеро бо мақомоти Тошканд ва Душанбе ба роҳ мондаанд. «Аммо Узбакистон барои ин пардохтҳои бениҳоят зиёдро талаб мекунад,» -- гуфтааст вазири дифои Фаронса.
Дар паёмаш ба кумитаҳои порлумони кишвараш Лонге гуфт: «Ин кишварҳо бесуботии Афғонистонро намехоҳанд ва аз бозгашти исломгароён ба сари қудрат дар Кобул ҳарос доранд, вале намефаҳманд, ки барои ин бояд бо ташкили ҷараёни хуруҷи техникаи зиёди ҷангӣ, ки дар давраи ҳузури эътилоф дар Афғонистон ҷамъ омадааст, ҳамраъй бошанд.»
Бино бар пешбиниҳои коршиносон, хуруҷи танҳо нерӯҳои Фаронса аз Афғонистон, ки дар он ҷо 3600 сарбоз дорад, метавонад аз як то якуним сол тӯл кашад. Ба ғайр аз сарбозон ҳарбиёни Фаронса бояд 1200 мошини ҷангӣ, аз ҷумла 500 зиреҳпуши вазнинро аз Афғонистон ба Фаронса интиқол диҳанд. Бино ба бархе аз шуморишҳо ин амалиёт метавонад харҷе баробар бо 200 миллион евроро ба дунбол дошта бошад. Раисиҷумҳури Фаронса, Николас Саркозӣ гуфтааст, кишвараш мехоҳад, нерӯҳои худро то поёни соли 2013 аз Афғонистон барорад.
Барои истифода аз роҳи шимолии икмоли нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон Иёлоти Муттаҳида ва НАТО ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар як соли гузашта зиёда аз 500 миллион доллар додаанд, ки бахши аъзами онро Қирғизистон ва Узбакистон гирифтаанд. Бо вуҷуди даромади бузург, дар Тошканд ин ақида ҳам баён мешавад, ки бурунрафти нерӯҳои ISAF аз Афғонистон ба воситаи Узбакистон метавонад, сабаби дар кишвари транзитӣ боқӣ мондани силоҳу муҳимоти ғайрирасмӣ гардад ва дар оянда барои ноором кардани вазъ истифода шавад. Аммо ин ақида дар ҳоле садо медиҳад, ки НАТО гуфтааст, мехоҳад, силоҳи изофии нерӯҳои дар ҳоли хуруҷро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ тақдим намояд.