Ин пешниҳод, бино бар гуфтаи Сиддиқ Муборак -- сухангӯи вазорати маориф, аз забони вазири нав Нуриддин Саидов садо додааст. Вале ӯ гуфт, ин танҳо машварати вазир дар остонаи таҷлил аз иди Наврӯзи байнулмилалӣ буда, амри ҳатмӣ нест.
Ҷаноби Муборак афзуд, "ин хел супориш набуд, ки ҳатман ҳамаи муаллимаҳо ва шогирдонашон куртаи атлас бипӯшанд. Танҳо вазир гуфта гузаштанд, ки дар рӯзҳои Наврӯз, ки ҷашни миллист, куртаи атлас, яъне либоси миллии тоҷиконро пӯшидан хуб аст."
Саида, омӯзгори яке аз мактабҳои миёнаи шаҳри Душанбе гуфт, ин амрро ба таври шифоҳӣ роҳбарони мактабҳо ба омӯзгорон расонидаанд. Аммо худи ӯ ҳоло дар ин бора дастури хаттӣ нагирифтааст. Саида мегӯяд, дар қатори омӯзгорон шогирдон ҳам бояд, то замони баргузории иди Наврӯз куртаи атлас бипӯшанд.
"Як наздики мо, ки чаҳор духтари мактабхон дорад, маҷбур шуд, барои ҳамаашон атлас бихарад. Худи ман нахаридаам ва маоше, ки мегирам барои харидории атлас ҳам намерасад. Медонед, як метри атлас аз 18 то 25 сомонӣ аст, 8 метри он курта мешавад",-афзуд ӯ.
Махфират Ҷалолова, устоди яке аз донишгоҳҳои пойтахт мегӯяд, ин амр ба онҳо низ дахл дорад. Вале ӯ гуфт, ба онҳо фаҳмонидаанд, ки аз рӯзи 17-уми март ҳамаашон бо куртаи атлас дар донишгоҳ ҳозир шаванд.
Ин барои аввалин бор нест, ки вазорати маориф бо амрҳои аҷоибу ғароибаш мавриди "таваҷҷҷӯҳ" қарор мегирад. Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири пешини маориф низ бо пешниҳодҳояш дар бораи либос рӯи сафҳаи нашрияҳо омад. Бахусус, бо амрҳояш дар бораи пӯшиши исломӣ ва гузоштани ришу бастани галстук.
Дар ҳоле ба духтарону муаллимаҳо амр шудааст, то либоси атлас бипӯшанд, ки соли гузашта дар шимоли кишвар як хонандаи мактаби миёна барои куртаи атлас худро ҳалок карда буд. Мавзуна Абдуллоева, як сокини пойтахт мегӯяд, дар хонаводаашон ҳамагӣ як духтари мактабхон доранд, вале харидории пироҳани наврӯзӣ барояшон гаронӣ мекунад. Мавзуна мегӯяд, сарнавишти ҳамон духтаре, ки худро нобуд карда, буд бояд ба ҳама намунаи ибрат мешуд.
Дар низомномаи вазорати маориф чандин либосҳои тавсиявӣ пешниҳод шудаанд, ки дар қатори онҳо куртаи атлас ҳам аст. Аммо пӯшидани ин навъи либос маҷбурӣ нест ва шогирдон дар пӯшидани он озоданд.