Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро ташаббусҳо саркӯб мешаванд?


Мизи гирди аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар Дафтари РО (акс аз бойгонӣ)
Мизи гирди аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар Дафтари РО (акс аз бойгонӣ)

Ахиран як гурӯҳи ташаббускор аз иқдоми таъсиси ҳизбе ба номи Ҳизби ҷавонони Тоҷикистон хабар дод

Аммо расонаҳои расмӣ ба шиддат аз он интиқод намуда ва раҳбаронро онро дар ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои исломӣ муттаҳам карданд. Дар ҳоле, ки Ҳизби ҷавонони Тоҷикистон, худро пайравони мактаби сотсиал демократӣ унвон мекунад. Ҳоло ду ҳизби дигар дар Тоҷикистон, яке Ҳизби тараққиёт ва дигаре ҳизби Ваҳдати Тоҷикистон солҳост, ки дар интизори сабти ном ва иҷозаи фаъолият ҳастанд.

Сару садо ва овозаи таъсиси Ҳизби ҷавонони Тоҷикистон аз чанд моҳ ба ин сӯ дар Тоҷикистон ба гӯш мерасид, аммо ҳамзамон бо он, дастандаркорони ин гурӯҳи сиёсӣ эълон намуданд, ки асноди худро барои муаррифии расмӣ омода кардаанд, дар баробари чолиш қарор гирифтанд.

Ахиран дар расонаҳои давлатӣ ва хоса нашрияи расмии Тоҷикистон - «Ҷумҳурият» матлабе бо номи «Ҳизби ҷавонон ё сояи Кабирӣ» ба нашр расид. Муаллифи ин
Иззат Амон
Иззат Амон
матлаб талош кардааст собит кунад, ки Иззат Амон, раҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби ҷавонон дастнишондаи Кабирӣ, раиси ҲНИТ мебошад. Ва гузашта аз он, оқои Амон дар ҳамкорӣ бо бархе гурӯҳҳои исломии хориҷӣ муттаҳам шудааст.

Ин дар ҳолест, ки қабл аз ин Иззат Амон ва гурӯҳи ӯ аз музокироти созандаи худ бо мақомот роҷеъ ба сабти номи ҳизби худ сӯҳбат мекарданд ва хушбин буданд, ки мушкили ҷиддие дар сабти номи он пеш нахоҳад омад. Аммо ҳоло, нашри матлабе алайҳи таъсиси Ҳизби ҷавонон дар нашрияи расмӣ, ки муассиси он раиси ҷумҳур мебошад, ин хушбиниро то ҷое аз онҳо гирифтааст. Оқои Амон мегуфт, ба ҳар ҳол, ҳаракати ҳизбии ҷавонон оғоз шуда ва ҳеч монеатарошие наметавонад сади роҳи пешбурди кори онҳо шавад.

Ӯ мегӯяд, камокон ба талошҳои худ барои сохтани ҲҶ идома медиҳад: «Мо вокуниш интизор доштем, аммо ба ин ҳад поин омадани тарафро мо интизор надоштем. Вале ин вокунишҳо боис намешаванд, ки мо аз ҳадафҳои худ даст кашем. Баъд аз ин вокунишҳо хоҳанд дид, ки як муборизаи шадиди сиёсӣ шурӯъ шудааст.»

Қабл аз ин, дар ду моҳи пеш, вақте Кумитаи мусоидат ба ҳалли бӯҳрони муҳоҷирон ва беҳбуди равобит бо Русия низ таъсис шуд, ба шиддат аз сӯи гурӯҳҳое саркӯб шуд. Ва айнан бо ҳамин шева, бо нашри мақола дар нашрияҳои расмӣ ва ғайри расмӣ. Нашри мақола дар матбуоти расмиро ташаббускорони ин иқдом ба унвони ҳушдори расмии мақомот пиндоштанд ва аз идомаи ин фаъолияти ин Кумита даст бар доштанд.

Таҳлилгарон мегӯянд, ҳадаф аз саркӯбии муназзами гурӯҳҳо ва рӯҳониёни сиёсӣ низ пеш аз ҳама ҷилавгирӣ аз
Амнияти Абдуназар
Амнияти Абдуназар
ҳар гуна ташаббус аст. Ба гуфтаи соҳибназарон, ҳамеша мавриди ҳамла қарор додани Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода ба фарзи мисол, метавонад барои он бошад, ки маҷоли бозгашти дубора ба сиёсати фаъолро надошта бошад ва ин ташаббус пешопеш аз ӯ гирифта шавад. Ба ҳар ҳол, ташаббусҳо дар Тоҷикистон саркӯб мешавад, ин хоси ҷомеаҳоест, ки демократӣ нестанд ва низомҳои ҳокимашон эътимод ба нафс надоранд.

Амнияти Абдулназар, аз фаъолони сиёсӣ дарТоҷикистон мегӯяд, як далели нигаронии низоми ҳоким аз интихоботест, ки қарор аст, соли оянда баргузор шавад. Ӯ мегӯяд: «Яке аз сабабҳои ҷилавгирӣ аз ташаббусҳо ин аст, ки созмонҳое, ки ба вуҷуд меоянд, метавонанд дар интихоботи ояндаи президентӣ як эътилоф пайдо кунанд ва дар интихобот як қувваи муштарак шаванд. Ба ин хотир ҳукумати кунунӣ ҳеҷ ризо нест, ки ташкилотҳои сиёсӣ ба қайд гирифита шаванд.»

Раҳматуллоҳ Валиев
Раҳматуллоҳ Валиев
Аммо Раҳматулло Валиев, аз фаъолони дигари сиёсӣ ба ин бовар аст, ки саркӯбии ташаббусҳо дар Тоҷикстон ба далели он аст, ки ҳукумат аз ба миён омадан ва шакл гирифтани як ҷунбиши мухолиф ҳарос дорад. Чун худи давлат заъиф аст, шакл гирифтани мухолифони қавиро намехоҳад ва дар шакл гирифтани он шикасти худро мебинад, ба ин далел аз ҳар гуна ташаббус ҷилавгирӣ мекунад. Оқои Валиев мегӯяд: «Саркӯбии ташаббусҳои сиёсӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон ҳукумати бақувват ва мардумие, ки битавонад як оппозитсияи бақувватро дида тавонад, мавҷуд нест.»

Аммо Мусо Асозода, аз фаъолони ҲХД-и ҳоким дар Тоҷикистон ҳар гуна чунин иддаоро рад мекунад ва мегӯяд, ки давлат ва ҳизби ҳоким дар созмондиҳии чунин ҳамалоти расонаӣ ба ташаббусҳои шаҳрвандӣ саҳм надоранд. Ӯ чунин вазъиятеро бозтоби вазъи воқеиятҳои ҷомеаи кунунӣ медонад ва мегӯяд: «Ман фикр намекунам, ки давлат ба ин корҳо дахолат кунад. Шояд худи ҷомеъа омода набошад ба ин корҳо.»

Саркӯбии ташаббусҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон то ҷоест, ки
Мусо Асозода
Мусо Асозода
бо вуҷуди наздик шудани даври нави интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, ҳанӯз ҳам ҳеҷ гурӯҳи сиёсие ва ё шахсияти мустақиле аз қасди номзадшудани худ хабар надодааст. Ҳизбҳои сиёсӣ ҳатто нагуфтаанд, мехоҳанд ба ин маърака омода шаванд. Зеро аз саркӯби ташаббус метарсанд. Аммо чунин сиёсате чиро метавонад дар пай дошта бошад?

Темур Варқӣ, таҳлилгари тоҷик мегӯяд: «Ин далели демократияи сохта аст, худи он амалан нест. Тасаввур кунед, ки аъзои як хонавода дар сари як дастархон нишастаанд ва касе, ки худро раҳбари хонавода медонад, дигаронро ҳақи сухан гуфтан, посух гуфтан ба суол ва суол карданро намедиҳад. Оқибаташ ин аст, ки аъзои хонавода фирор мекунанд ва берун аз хона мемонанд. Танҳо роҳе барои онҳо боқӣ мемонад ин аст, ки бояд хонаи дигаре пайдо кунанд ва ё ҳама бо ҳам ин хонаро вожгун кунанд. Барои он, ки аз вайронии хона ҷилавгирӣ кунем, бояд ба ҳама имкони сухан гуфтан ва суол кардан ва ибрози ақидаро бидиҳем.»

Як далели дигари ин вазъ ба гуфтаи таҳлилгарон он ҳам ҳаст, ки ҳанӯз тафаккури вомонда аз аҳди шӯравӣ дар Тоҷикистон ва хоса дастгоҳҳои тасмимгирандаи он ҳоким аст. Яъне ҳамон тафаккуре, ки ҳанӯз як ҳизб ҳоким буд ва ҳамаи талош барои ҳимоят ва наҷоти як ҳизб сарф мешуд. Ва муҳимтарин мушкил ин аст, ки ҷомеа дигар ва чандҳизбӣ шуда, аммо механизми идораи он ҳамчунон куҳна боқӣ мондааст.
XS
SM
MD
LG